Пайвандҳои дастрасӣ

Соли пурчолиши адвокатҳои тоҷик


Падари вакили боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров

Падари вакили боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров

Соли 2015 шояд аз пурчолиштарин солҳо дар таърихи адвокатҳои Тоҷикистон буд, ки ҳам қонунашон ва ҳам шароити кори онҳо иваз шуд ва чанд тан аз вакилони мудофеъи шинохта худ пушти панҷара рафтанд.

Дар кӯлбаи миёнаҳолона ва хеле сарди худ падари вакили дифоъ Бузурмеҳр Ёров ҳар рӯз меҳмон дорад. Хабарнигорон аз расонаҳои хориҷӣ ба суроғи адиби тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад меоянд ва аз ӯ на дар бораи асарҳои худаш, балки аз сарнавишти писари зиндониаш мепурсанд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябр бо ҷурми қаллобӣ боздошт шуд. Ҳоло ин вакил бо иттиҳоми тундгароӣ ҳам айбдор мешавад. Хонаводаи Бузургмеҳр дар ин 4 моҳи бидуни ӯ мушкилтарин рӯзҳои худро пушти сар мекунанд. Онҳо мегӯянд, хонаву ашёҳои рӯзгорро фурӯхта, барои вакили дифоъ хӯрок мебаранд.

Равшани Ёрмуҳаммад мегӯяд: “Оила, 4 фарзанд дорад, ду фарзандаш хурдсол аст. Ҳоло вазъи хуб надоранд. Ҳамсараш кор мекунад, аммо намерасад, аз ноилоҷӣ маҷбур шуд, бархе аз ҷиҳози хонаро ба фурӯш монад.”

Боздошти писар чандин романи ин падари эҷодкорро нотамом монд. Ба ҷойи роману қиссаҳо ӯ маҷбур шуд, дар ин муддат ду маротиба ба президент нома нависад: “Шикоят кардам, ки ғайриқонунӣ ба хонаи ман даромада, тафтиш карданд, баъзе ҳуҷҷату китобҳоро бо худ бурданд. Аз вазъи Бузургмеҳр гуфтам. Бузургмеҳр адвокати хуб буд ва аз нигоҳи молӣ ҳам мо ҳеҷ камбудие надоштем. Аммо дар охирин мулоқоте, ки дар шӯъбаи тафтишот бо ӯ доштам, ба худаш гуфтам ки ту бе машварати ман кор кардӣ ва дипломатияро хуб намедонӣ.”

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Исми Бузургмеҳр Ёров бо чанд парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла баҳси хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо раиси ШӮрои уламо, қазияи бозори “Ином”-и Шаҳритӯс, ки ба Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент рабт мегирад, пайванд аст. Аммо охирин парвандае, ки ӯ ба ӯҳда гирифт, ҳимоя аз аъзои боздоштшудаҳои ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон - ҲНИТ - буд ва нотамом монд. Наздикони Бузургмеҳр Ёров низ ҳамин қазияро сабаби аслии боздошти ӯ ва Нуриддин Маҳкамов, боз як вакили аъзои боздоштшудаи ҲНИТ медонанд.

Боздошти Бузурмеҳр Ёров замоне сурат гирифт, ки ҳанӯз қазияи адвокати дигари маҳкумшуда, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров аз забони расонаҳо дур нашуда буд. Қудратов - вакили дифои соҳибкори маъруф Зайд Саидов дар аввали соли равон бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе бо ҷурми пешниҳоди пора ва қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Ин айбномаро Шӯҳрат Қудратов ва наздиконаш ӯ рад карда, мегуфтанд, боздошти ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ҳамсари ӯ мегӯяд: ”Як-ду бор баъди ҳамин парвандаи Зайд аз қафояш мошин мегашт. Духтарҳоямро ҳам сурат гирифта, таҳдид карда буданд.”

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Дақиқ маълум нест, ки чӣ теъдод аз адвокатҳо мисли Бузургмеҳр Ёрову Шӯҳрат Қудратов ё Фахриддин Зокиров имсол ба маҳбас рафтанд, аммо қаблан Оҷонсии зидди фасод дар бораи боздошти дастикам 17 адвокат танҳо дар нимаи аввали соли 2014 ва асосан бо иттиҳоми қаллобӣ гузориш дода буд.

Ба сурати умум, соли 2015 дар маҷмӯъ барои аксар адвокатҳои Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳояш то ба охир пур аз изтиробу ташвиш, боздоштҳо, нигаронӣ ва қонуну қарорҳои нав ба нав буд. Ин сол шароити фаъолияти адвокатҳои кишварро ба куллӣ тағйир дод. Дар пайи қабули қонун дар бораи адвокатура дар моҳи марти соли равон, кумиссиюни тахассусии санҷиши адвокатҳо таъсис ёфт ва ба навъе аз ғалбер гузарондани адвокатҳоро шурӯъ кард. То 60 дарсади адвокатҳо, бархе ҳам собиқадор ба далелҳои мухталиф аз санҷиши кумиссиюни тахассусӣ нагузаштанд ва мақоми адвокатиашон рад шуд.

Саидбек Нуриддинов

Саидбек Нуриддинов

Яке аз ин вакилон Саидбек Нуриддинов раиси иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон аст. Ӯ дар анҷумани вижаи адвокатҳо аз миёни 4 номзад раҳбари иттифоқ интихоб шуд, аммо моҳи ноябр, аз сӯи кумиссиюни тахассусии назди вазорати адлия мақоми адвокатиаш рад шуд.

Саидбек Нуриддинов ин амали кумиссиюнро ба интихобаш ба раҳбарии Иттифоқи адвокатҳо марбут медонад: “Ман 18 сол таҷрибаи адвокатӣ дорам. Тибқи қонун, ман, ки чанд моҳи пеш узви кумиссиюни тахассусӣ будам, дигар бидуни санҷиш бояд ба фаъолияти адвокатӣ идома диҳам. Аммо раиси кумиссиюн, Холиқзода маро дар шикастани савганди адвокатӣ айбдор донист. Аммо ман исбот мекунам, ки ман ҳеҷ гоҳ савгандро нашикастаам ва ба суд муроҷиат мекунам. Ин ҷо аслан гап дигар аст, ин нафар адвокати дигареро дар раҳбарии иттифоқ дидан мехост ва бино бар ин мехоҳад ман аз ин мақом дур равам.”

Дар ҳоли ҳозир, бино ба оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 1000 адвокат фаъолият доранд, аммо амалан ба иттилои Иттифоқи навтаъсиси адвокатҳо дар кишвар фақат ҳудуди 800 вакил аз шаҳрвандон ҳимоят мекунанд. Мақомот ҳам иқрор мекунанд, ки Тоҷикистон яке аз камвакилтарин кишвар дар ҷаҳон аст. Ба андешаи Саидбек Нуриддинов, тағйироти ахири қонун дар бораи адвокатҳо, ки бар асоси он бо ҳар ҷурму қонуншиканиҳои хурду реза адвокатҳоро аз фаъолияти вакилӣ маҳрум мекунанд боиси “фалаҷ” шудани сохтори адвокатура хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин тағйирот ҳам талоше барои зери назорат гирифтани фаъолияти адвокатҳо, як ҷузъи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, унвон мешавад. Вале худи мақомот ин иддаоро рад мекунад. Абдуманнон Холиқзода, муовини вазири адлия дар шарҳи зарурати ин қонун дар парлумон гуфта буд: “Қонуни нав барои инкишофи муносибатҳои ҷомеа, пешрафти ҷомеа зарур аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксар давлатҳое, ки сохтори ягонаи адвокатура доранд, ҳаматарафа метавонанд, кормандони худро намояндагӣ ва ҳимоя кунанд.”

Як ҳадафи асосӣ, балки меҳвари вуҷуди адвокат дар ҷомиа ҳимоят аз афроди мӯҳтоҷи кӯмакҳои ҳуқуқист. Дастрасӣ ба адвокат аслест, ки дар Қонунҳои асосии тақрибан ҳамаи кишварҳои дунё дарҷ шудааст.

Вале дар Тоҷикистон вакилони дифоъе, ки то як соли пеш аз маҳбусони сиёсӣ дар сахттарин ҳолатҳо дифоъ мекарданд, феълан пушти панҷара худ ниёз ба дифоъ доранд. Бо шароите, ки ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳукмфармост, ҳамкасбони ҳамакнун собиқи ин вакилон аз ҳимояи онҳо метарсанд. Наздикони вакилони зиндонӣ бо ин вуҷуд боз ҳам умедворанд, ки тағйири мусбате дар қазияҳои онҳо рух хоҳад дод ва онҳо ба озодӣ хоҳанд расид. Ҳарчанд бо гузашти ҳар рӯзи навбатӣ аз замони боздошташон умеди ҳам ин вакилон ва ҳам наздикони онҳо ба ин рӯзи озодии зуд камтару камтар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG