Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамоти Тоҷикистон рӯйхати кулли музоядаҳои соли 2014 баргузоршударо аз торнамояш пок кардааст.

Рӯйхати тендер ва ё музоядаҳои баргузоркардаи Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамоти Тоҷикистон дар соли 2014, аз торнамои ин ниҳод пок шудааст. Ин Оҷонсӣ масъули баргузор кардани музояда ва ё тендерҳо барои хариди молу хадамоти мавриди ниёзи идораҳои давлати Тоҷикистон аст. Маҳз соли гузашта бо такя ба маълумоти торнамои расмии ин Оҷонсӣ хабарнигорони тоҷик шаффофияти як зумра музоядаҳоро ба боди танқид кашида, шубҳабарангез будани ғолибони онро фош карда буданд.

Матбуоти маҳаллӣ аз ҷумла дар мавриди як ширкати мавсум бо ҶДММ “Ҳумайро” гузориш дода буданд, ки ба қавле “холаи ҳамакора” аст. Ин ширкат ба давлат ҳам кӯчати лола ва ҳам қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро мефурӯшад. Айни замон ин ҶДММ “Ҳумайро” дар биноҳои ҳукуматӣ ҳавополо ё кондитсионер ҳам насб мекунад ва ба ҳукумат мӯзаҳои сарбозӣ мефурӯшад.

Гулафшон Соқиева, хабарнигори тоҷик, ки ба гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 15−уми март гуфт, якбора ҳазф шудани тамоми маълумоти марбут ба музоядаҳои соли 2014 шубҳаро дар нисбати дурустии он боз ҳам бештар кард. Вай гуфт: “Маҳдуд кардани дастрасӣ ба маълумоти соли 2014 маънои онро дорад, ки онҳо ба дурустии кори худашон чандон бовар надоранд. Ҳол он ки онҳо вазифадоранд, ин маълумотро барои мардум нишон диҳанд. “

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик.

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик.

Хонум Соқиева афзуд, он маълумоте, ки аз торнамои ин Оҷонсӣ ба таври мармуз ҳазф карда шуд, бисёр муҳим буд ва таваҷҷӯҳи хабарнигорони расонаҳои мустақил ва фаъолони иҷтимоиро ба худ ҷалб мекард. Чунки ба гуфтаи ин хабарнигор, маълумот дар мавриди ин музоядаҳо ва ширкатҳои барандаи он парда аз рози роҳу усулҳои ришвату фасодкорӣ ва ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағҳои давлатиро мебардошт.

Роҷеъ ба сабаби пок шудани ин иттилоъ Равшан Каримов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ин оҷонсӣ дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, имкониятҳои техникии торнамо барои нигоҳдории маълумоти зиёд маҳдуд аст. Вай афзуд: “Ҳоло соли 2015 рафта истодааст. Ҳамаи маълумоти актуалӣ дастрас аст. Кӣ гуфт, ки маълумоти соли 2014 бояд то ба охир дар он ҷо истад? “

Аммо ба таври мармуз ҳазф шудани натиҷаи музоядаҳои соли 2014 дар ҳоле рӯй медиҳад, ки айни ҳамин маълумот аз соли 2013 ва ҳатто соли 2012 ҳанӯз ҳам дар торнамои ин ниҳод дастрас аст. Ҷаноби Каримов дар посух ба ин суол, ки чаро маълумоти соли 2013 ҳанӯз ҳам дар сомона дастрас аст, гуфт, ба зердастонаш дастур хоҳад дод ва ба зудӣ онҳо маълумоти соли 2013-ро низ пок хоҳанд кард.

Аммо Рустам Гулов, муассиси портали миллии блогҳо “Блогистон” ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, иддаои масъулон ҷиҳати маҳдуд будани имконияти торнамо қонеъкунанда нест. Ӯ мегӯяд, маълумоте, ки дар ин торнамо гузошта шуда буд, аксаран аз матн иборат буд, ки хотираи зиёдеро талаб намекунад.

Рустам Гулов

Рустам Гулов

Вай гуфт: ”Дар ин торнамо маълумоте ҷой дошт, ки хеле баҳсбарангез буданд. Масалан, як ширкат ба ниҳодҳои ҳарбӣ як говро бар ивази 52 ҳазор сомонӣ фурӯхта буд. Ҳамчунин як маврид буд, ки ширкате дар музояда ғолиб омадааст, ки аслан баъди баргузор кардани музояда сабти ном шудааст. Бубинед, ки чӣ хел мешавад, ки ширкати дар асл вуҷуднадошта, дар музояда ғолиб ояд.”

Ҷаноби Гулов афзуд, ҳамаи ин мавридҳо таҳқиқоти алоҳидаи журналистиро талаб мекард, вале чун ин маълумотҳо аз торнамо ҳафз карда шуданд, “роз”-и ин музоядаҳо барои ҷомеаи пинҳон монд. Вале имкон дорад, ҳамаи ин маълумот аз тарафи бархе аз хабарнигорон, ки бо пажӯҳишҳои журналистӣ машғуланд, нусхабардорӣ шуда бошад ва тамоман нест кардани маълумоте, ки як бор, ҳатто барои чанд дақиқа дар интернет пайдо шуд, ғайримумкин аст.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хадамот” соли 2012 қабул шудааст. Банди дуввуми ин қонун “таъмини шафофият ва амали беғаразонаи ҷараёни хариди давлатӣ“-ро аз вазифаҳои аслии ин қонун донистааст, ки ошкор кардани натҷиаи музоядаро низ дар назар дорад. Вале дар қонун гуфта нашудааст, маълумоти мазкур бояд чанд сол дар маърази ом бимонад ва нест кардани он оё мумкин аст ё не.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Оҷонсии давлатии хариди мол, кор ва хадамот инчунин 21 ниҳоди дигари давлатӣ ҳаққи баргузор кардани музоядаҳо миёни ширкатҳои тиҷоратӣ барои хариди молу хадамоти мавриди ниёзи мақомоти давлатиро доранд. Аммо ба фарқ аз ин Оҷонсӣ, ин ниҳодҳо аксаран торнамои расмӣ надоранд ва натиҷаи музоядаҳои баргузоркардаашон аз аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад. Пок шудани маълумоти соли 2014 шояд оғози ин раванд аст, ки музоядаҳо ва хариди амвол аз тарафи давлат акнун шаффофияти камтар хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG