Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Даҳ суду зиёни Фейсбуки 10-сола аз назари 10 корбари фаъоли тоҷик


Ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон нест, ки аҳолиаш дар зарфи 10 сол ба 1 миллиарду 200 миллион нафар расида бошад. Аммо ин кишвар дар ҷаҳони маҷозист ва Фейсбук аст, ки аҳолиаш дар як даҳсола ба Ҳинд дуввумин кишвари сераҳолии дунёро расид.

Фейсбукро Марк Зукерберг донишҷӯи собиқи донишгоҳи Ҳарвард барои пайдо кардани ҳамсабақонаш дар Интернет сохт ва шояд фикр ҳам намекард, ки он вебсайти хурд ба шабакаи азими маъруфе дар саросари ҷаҳон табдил мешавад ва аз ҷумла дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро ба худ мекашад.

Фейсбук аз замони ба дунё омаданаш, то ҳол бештар аз 50 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистонро ҳам ба “шаҳрвандӣ” пазируфтааст. Ҳарчанд на ҳамаи онҳо ҳар рӯз ба ин шабакаи иҷтимоӣ ворид мешаванд, аммо онҳое, ки ҳастанд, ҳар рӯз дар ин кишвари маҷозӣ сайругашт мекунанд. Дар даҳсолагии Фейсбук, Радиои Озодӣ аз 10 корбари фаъоли Фейсбук дар Тоҷикистону хориҷ аз он пурсид, ки дар Фейсбукистон чӣ чизи хубе диданд ва ё ба шарофати ин “касофат” чиро аз даст доданд.

Завқибек Солиҳов, хабарнигори тоҷик ва аз онҳое, ки пайваста дар Фейсбукистон мебинедаш мегӯяд, шояд ин торнамо зиёне дошта бошад, аммо зарараш аз “нос” камтар аст: “Агар инсон вақти худро хуб мудирият карда тавонад, ҳеҷ Фейсбуке, ё сомонаи иҷтимоии дигар наметавонад, вақтеро, ки бояд барои хонавода сарф кунед, "соҳиб" шавад. Масалан ман вақте, ба деҳа меравам, тақрибан ба Фейсбуку Одноклассники намедароям. Фоидае, ки мо аз Фейсбук гирифтем, ин шиносоӣ бо бародароне буд, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд ва дар ҳолати зарурӣ метавонанд, даркор шаванд. Ман ҳамеша дар мавриди Фейсбук як андеша дорам. Фейсбук оина аст, оинае, ки чӣ қадар ақлу саводу фаҳмиш доштани инсонҳоро ба осонӣ фош мекунад.»

Меҳмоншоҳ Шарифзода

Меҳмоншоҳ Шарифзода

Меҳмоншо Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар аст, мегӯяд, агарчӣ Фейсбук аз зиён орӣ нест, аммо ҳар кас метавонад онро ба таври аҳсан ва ба нафъи худ истифода барад: “Судаш барои мардуме, ки аз воқеият дур нестанд, зиёд аст, барои сиёсатмардон ва ё муҳақиқон. Чун дар Фейсбук дунёи ботинии инсонҳоро шинохтан ва тафсир кардан бисёр осон аст. Зиёнаш танҳо як аст, ки мардум ба ин воқеияти виртуалӣ одат карда, аз воқеияти асл дур шуданашон мумкин аст. “

Айни гуфтаро, Парвина Ибодова, аз Бунёди ҷамъиятии рушди шаҳрвандии Интернет ва яке аз корбарони фаъолтарини Фейсбуки тоҷикӣ такрор кард, ки ба ҳар навиштаҳои аксаран ҳазломези ӯ дигар корбарон мисли занбӯр мечаспанду шарҳу тафсир менависанд: “Ростӣ агар бо ду се калима гӯем, бо дӯстони зиёд алалхусус дӯстоне, ки дуранд муошират мекунед, маълумотҳои зарурӣ ва муфид мегиред ва на танҳо барои кор, балки барои зиндагии ҳаррӯза. Ҷанбаи манфиаш ин аст, ки вақт талаф мешавад ва аз ҳаёти воқеъӣ каме дур мешавӣ.“

Аммо як корбари дигари тоҷики Фейсбук аз қораи Африқо Абдусаттор Эсоев аст, ки дар Судон дар як созмони байналмилалӣ кор мекунад ва ҳамарӯза дӯстону наздиконашро дар Фейсбукистон мебинад. Ӯ ҳам мегӯяд, баъзан ба шарофати ҳамин шабака вақти гаронбаҳояш зоеъ мешавад: “Барои банда Фейсбук, як пул аст, ки маро бо ватан ва бо ҳаммилатони ман мепайвандад ва ҳар хабару навигарие, ки ки дар ватани азиз мешавад, фавран аз он огаҳӣ меёбам. Ин барои ман, ки дур аз ватан ҳастам хеле муҳим аст. Гузашта аз он, дар радифи дӯстони худ дар Фейсбук ман ҳамроҳи хешу табор низ дар алоқа мебошам. Аз тарафи дигар, чун ҳама навоварӣ, Фейсбук низ ҷанбаи манфии худро дорад. Ин ҳам бошад зоеъ шудани вақти қимат барои мутолиаи матлаб ва ё дидани наворе, ки аз он кам баҳра мебаред ва шояд аз корҳои дигари муфид бенасиб мемонед. “

Муборак Шариф, яке корбарони дигари тоҷикистонӣ, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, дар Фейсбук ҷанбаҳои муфиди зиёде пайдо кардааст, аммо аввал аз зиёнаш гуфт: “Талафи вақти бебозгашти зиндагӣ дар канори компютер. Вале чун манофеаш зиёдтар аз зарараш аст, ба кормандони Фейсбук сипосгузорам. Аз дур ҳам бошад дар канори дӯстону наздикон мондан, аз ҳолу афкори онҳо бохабар будан ва бо онҳо дар бораи мавзӯъҳое ки бароям муҳим ҳастанд, сӯҳбат кардан. Фейсбук барои миллати мо, хонаводаҳои зиеде, ки пароканда шудаанд, василаи хуби ваҳдату баҳамоӣ аст. Махсусан барои ҷавонони мо - шомил будан ба гурӯҳҳои гуногун дар Фейсбук як василаи хуби худшиносӣ шудааст. Китобхонаҳои электронӣ ва даҳҳо гурӯҳҳои дигареро дар назар дорам, ки ин рузҳо ҷойи намои сӯзиши қалбҳову ифшои розҳо, саҳеҳ кардани афкору назар ва бурро кардани хитобаҳо шудаанд. Ва агар имкон доред, аз номи шахсан ман ба раисони Фейсюук сипоси фаровон баён кунед, чун тавассути ин шабака дӯстони кӯҳану хубамро аз нав пайдо кардам))).

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод, дипломати тоҷик ҳам аз онҳоест, ки солҳо пеш дар Фейсбук саҳифа боз кардааст ва мегӯяд, ки ин шабака дар рушди фарҳанги сиёсӣ ва муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар Тоҷикистон нақши мусбат иҷро мекунад, ҳарчанд аз ин шабака сӯистифода ҳам сурат мегирад:
“Дар Фейсбук дар бораи хурдтарин масъалаҳое, ки дар Тоҷикистон рӯ мезананд, мардум баҳсу мунозира мекунанд ва онро масалан, мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, мутаассифона ҳаракатҳое, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои алоҳидае ҳам ҳастанд, ки дар ин миён Фейсбукро барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳиву сиёсии худашон истифода мебаранд.”

Шодӣ Рашидбеков, ки соҳибкоре, ки солҳост дар Фейсбукистон аст, ба шарофати ин шабака ба пешрафт ноил шудааст, вале айни замон дар симои ин шабака тормозеро мебинад, ки метавонад нохудогоҳ кори шуморо суст кунад:
“Фейсбук ба як навъ майдоне табдил шудааст, ки дар он корбарон озодона доир ба масоили мубрам ва ё лаҳзаҳои ширини зиндагии хуб сӯҳбат мекунанд. Барои ман ҳамчун як соҳибкор, Фейсбук майдоне барои пешбурди тарҳҳо муаррифии хадамот аст. Ман аз тариқи ҳамин шабака мизоҷони зиёде пайдо кардам, ки аз хидмати ширкати мо истифода мебаранд. Ҳамчун як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонам бо мухолифону ҳамақидаҳои худ доир ба масоиле сӯҳбат кунам, ки моро ба ташвиш меоранд. Камбудиҳои Фейсбук дар он аст, ки вақти зиёдеро барои баҳс мегирад. Баъзан ман чизҳоеро мехонам, ки аслан ба ман иртибот надоранд. Вақти зиёди ман баъзан дар хондани иттилооти нолозиме сарф мешавад, ҳарчанд ман метавонистам дар ин вақт мустақим бо дӯстонам муошират кунам ва ё кори дигаре ба нафъи ширкат анҷом диҳам. Яъне инсон бояд миёни кораш ва ин шабакаи иҷтимоӣ як тавозун пайдо кунад.”

Фаридуни Раҳнавард

Фаридуни Раҳнавард

Мусоҳиби навбатии мо ки Фаридуни Раҳнавард хабарнигор ва корбари фаъоли Фейсбук аст, дар симои Фейсбук як “коркушро” мебинад, вале айни замон аз нафъи ин он низ огаҳ шудааст: “Фикр мекунам, ин шабака ҳам ба мисли дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хислати коркушӣ дорад. Ҳар кас ин ҷо, ба қавле он медаравад, ки кишт. Барои мисол як дӯсти шоирам гуфт, Фейсбук маро аз корҳои дигарам, ки бояд ба ман пул меовард, берун кашонд ва натавонистам корҳое, ки дар нақша доштам, анҷом диҳам. Ин дӯстам мегӯяд, Фейсбук даромади молиашро ҳам кам кард, аммо дар муддати ин ду моҳ, ки дар ҷараёни баҳсу муҳокимаҳо будааст, шеърҳои зиёде навиштааст. Шеърҳои ахири думоҳашро ҷамъ карда, ки як китоби 150 саҳифаӣ шудааст. Яъне натиҷа дар ҳар ҳол ба худи истифодабаранда вобаста аст. Шабакаҳои иҷимоӣ агар барои касе коркушӣ бошад, барои нафари дигар минбари ройгон аст."

Шоҳинҷон, низ аз корбарони фаъоли Фейсбук аз Тоҷикистон аст ва дар симои Фейсбук марди накукореро мебинад, ки баъзе аз хислатҳои бад ҳам дорад:
“Аз ҳамроҳ шудан ба ин шабака бисёр шодам, зеро метавонам бо дӯстонам аз тамоми гӯшаву канори дунё сӯҳбат кунам. Дӯстони зиёде пайдо кардам. Хабарҳо дар Фейсбук тезтар пахш мешаванд, метавон ягон сомона надаромада бо хабарҳо шинос шуд. Ва аз ҳама хубаш ин аст, ки аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешавед. Бадиаш дар он аст, ки вақти бисёрро мегирад ва баъзан вақт кор мемонад. Агар дар Фейсбук бошӣ кор ба сахтӣ пеш меравад."

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, ки соатҳои умри худро дар Фейсбукистон ҳам сипарӣ мекунад, дар он гӯшаву канори он манофеъи иқтисодиву иҷтимоӣ ҳам дидааст, вале ӯ ҳам аз талаф шудани вақт дар ин шабака шикоят дорад:
"Фикр мекунам, ки фоидаи Фейсбук бисёр зиёд аст. Қабл аз ҳама барои баёни мавқеъ ва назари худ вобаста ба масоилҳои гуногун. Дигар ин ки Фейсбук барои ҳар як шахси каме лаёқатманд имкон медиҳад, ки худро муаррифӣ намояд. Дигар ин ки имконият медиҳад, дӯстони худро дар як шабака ҷамъ оварда ва ҳамеша бо онҳо дар тамос бошед. Имконият медиҳад, то дар саҳифаи худ сомонаҳои гуногуни хабариро ҷамъоварӣ кунед, ба саҳифаҳои шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ пайваст шуда ва ҳамеша иттилоъ бигиред. Ҷиҳатҳои манфии он маҳз дар талафи вақт аст, вале агар шахс тавонад як низоми муътадил барои он муайян кунад пас ин ҳам рафъ мегардад."

Коре, ки на ҳама корбарони Фейсбук карда метавонанд ва баъзан бо ҳузури беш аз ҳаду нашри акс ва ҳарзагӯӣ, ҷони дигар корбаронро ба лаб меоранд, дар ниҳоят аз сафи дӯстони онҳо ронда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG