Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спожмай: "Камарбандро ба тани ман бародарам баст"


Дар Афғонистон як фармондеҳи Толибонро меҷӯянд, ки хоҳари хурдсолашро ба анҷоми ҳамлаи маргталабона маҷбур сохтааст.

Як духтараки тақрибан даҳсола, ки рӯзи якшанбе дар улусволии Хонашини вилояти Ҳилманд бо нимтана бо маводи мунфаҷира барои ҳамлаи интиҳорӣ боздошт шуд, бояд худро дар назди идораи полиси марзбонӣ инфиҷор мекард. Вале яке аз марзбонҳо ӯро ошкор кард ва духтарак барои тарконидани худ фурсат наёфт.

Умар Зувак, сухангӯи волии Ҳилманд, рӯзи сешанбе ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, боздоштшуда, ки Спожмай ном дорад, ба маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ интиқол ёфт. Ба думболи ин, ба гуфтаи ӯ, мақомоти амниятӣ дар чаҳорчӯби тафтиши ин қазия волидайн ва аъзои хонаводаи Спожмайро бозпурсӣ кардаанд ва кофтукоби бародари ӯро эълон карданд.

Спожмай дар сӯҳбат бо хабарнигорон иқрор намуд, ки бародараш Зоҳир ва дӯсти ӯ Ҷаббор барои ба бар кардани нимтана бо маводи тарканда маҷбураш кардаанд. “Онҳо маро ба канори дарё оварданд то ки шабона аз он убур кунад. Аммо фаҳмидам, ки дар ин ҳавои сард ва бо нимтана бо маводи тарканда аз рудхона гузашта наметавонам”, мегӯяд ӯ. Спожмай меафзояд, ӯ барои шабона берун аз манзил рафтан аз сӯи падараш латукӯб шуд ва аз ин рӯ хост, ки ба идораи полис рафта худро таслим кунад.

Рафеъуллоҳ Бедор, як тан аз масъулини Комиссиюни мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Афғонистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин пеш
Рафеъуллоҳ Бедор
Рафеъуллоҳ Бедор
ҳодисаҳои маргталабии писарони ноболиғ сабт шуда будаанд, аммо ҷалби духтарони хурдсол ба ин амал ҳодисаи воқеъан ҳам нодир аст. Аз нигоҳи ӯ, толибон ноболиғонро ба он хотир барои маргталабӣ омода мекунанд, ки ба онҳо аз постгоҳҳо гузаштан ва анҷом додани ҳамлаи интиҳорӣ осонтар аст. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оғои Бедор, ҳам қавонини ҷанг ва ҳам қавонини башарӣ истифодаи кӯдакон дар ҷангҳоро манъ мекунанд.

Рафеъуллоҳ Бедор меафзояд, “алҳол арқоме дар бораи теъдоди кӯдаконе, ки ҷангҷӯён онҳоро барои маргталабӣ омода мекунанд ё то имрӯз ҳамлаи интиҳорӣ анҷом додаанд, зери даст нест, зеро як теъдод аз онҳо кӯдакон аз Афғонистон нестанд. Як теъдод аз онҳо муҳассилини мадрасаҳои динии дигар кишварҳоянд, ки дар онҳо нафрат ба нерӯҳои хориҷӣ дар кишварро талқин мекунанд”. Ин кӯдакон ба вилоёти гуногуни Афғонистон барои анҷоми тахрибкорӣ ва ҳамлаҳои интиҳорӣ фиристода мешаванд.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи башар, аз ин пеш кӯдакон дар Кобул низ ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом дода буданд ва ҳатто қасди ҷони раҳбарони кишвар ва маҳаллиро доштанд. Рафеъуллоҳ Бедор меафзояд, “афроде, ки кӯдаконро барои анҷоми ин гуна ҳамлаҳо мефиристанд, медонанд, ки ҳангоми боздошт онҳо аз сӯи ҳукумат афв мешаванд, яеъе аз марҳамати ҳукумат сӯиистифода мекунанд”.

Ҷунбиши "Толибон" ҳодисаи истифодаи духтараки даҳсола дар ҳамлаи маргталабонаро ташреҳ накардааст, ҳарчанд аз ин пеш ҷангҷӯён гуфта буданд, ки дар мубориза бо ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ аз кӯдакон истифода намебаранд.
XS
SM
MD
LG