Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи олимпӣ ба Комроншоҳ 10 ҳазор сомонӣ дод


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио де-Жанейро даҳ ҳазор сомонӣ супурданд.

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии ҷудои Осиё дар Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, 10 000 сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд. Ин ҷоизаро ба Комроншоҳ рӯзи 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати “Ғаюр”, супурд.

Аммо дарёфти ҷоизаи пулии Комроншоҳ бо ин хатм намешавад. Бар асоси меъёрҳои талаботи ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, Комроншоҳро барои медали тилои қаҳрамонии Осиё ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофоти раисиҷумҳур низ интизор аст.

Комроншоҳ дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар вазни то 90 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Урдун, Ҳиндустон ва Узбакистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири Ҷопон Юсуке Кобаяширо шикаст дод ва соҳиби медали тило гардид.

Дар маросими супурдани ҷоизаи молӣ ба паҳлавони тоҷик нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфт, ки Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин маросим иброз дошт, Комроншоҳи Устопириён ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва мо боз як-ду роҳхати олимпиро аз гуштигирони худ чашмдорем. Инчунин, дар ин маросим Комроншоҳро бо пирӯзиаш Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муборакбод кард.

Комроншоҳи 23-сола, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст, гуштиро ибтидо аз падараш, мураббии варзида Усто Устопиров омӯхтааст. Феълан таҳти раҳбарии мураббии маъруфи рус Владимир Елчанинов тамрин мекунад ва ба Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мебинад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ман рӯзҳои наздик ба шаҳри Маскав меравам ва ҳамроҳи устодам Владимир Николаевич тамрин карда, ба Гран-прии ҷудо, ки 15 май дар шаҳри Олматии Қазоқистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинам. Ин барои ман охирин мусобиқа пеш аз Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мебошад. Баъдан дар машқҳои дастаҷамъӣ дар Мински Беларус ва Барселонаи Испания иштирок мекунам. 20 рӯз пеш аз Олимпиада ба Аргентина, ки ҳамсояи Бразилия аст, сафар мекунем ва давраи охирини омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар он ҷо мегузарад.”

Комроншоҳи Устопириён дар раддабандии ҷаҳонии гуштигирони дзюдо, ки 4 апрел дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, дар мақоми 13-ум қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG