Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони "парвандаи пахта"-и Узбакистон сафед шуд


Иномҷон Усмонхоҷаев
Иномҷон Усмонхоҷаев

Узбакистон раҳбари даврони Шӯравии ин кишвар Иномҷон Усмонхоҷаевро, ки дар ҷараёни маъракаи зидди фасод, машҳур бо номи "парвандаи пахтаи Узбакистон" дар соли 1989 маҳкум ба зиндон шуда буд, "сафед" ё "бегуноҳ" эълон кард. Усмонхоҷаев рӯзи 8 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ номеаро аз Додгоҳи олӣ дарёфт кардааст, ки бар пояи он ҷурми фасодкорӣ дар робита ба "парвандаи пахта" 18 ноябр лағв шудааст.

Усмонхоҷаеви 86-сола аз соли 1983 то1988 раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон ё Котиби аввали Ҳизби коммунисти ин ҷумҳурӣ буд. Додгоҳ Усмонхоҷаевро соли 1989 бо ҷурми фасод ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Вай соли 1990 аз маҳбас озод шуд, аммо доғи судӣ ва ҷурми фасодро бекор накарданд.

Усмонхоҷаев баъди марги Ислом Каримов, ки соли 1989 ӯро дар мақоми раҳбарӣ иваз карда буд, аз ҷурми фасодкорӣ пок шуд. Маъракаи зидди фасод дар Узбакистон, миёнаҳои соли 1980 дар ҷараёни ислоҳоти раҳбари Шӯравӣ Михаил Горбачев оғоз шуд ва 800 таҳқиқоти ҷиноиро дар Узбакистону Русия фаро гирифт.

Беш аз 4 ҳазор нафар, бо шумули Юрий Чурбанов, домоди раҳбари собиқи Шӯравӣ Леонид Брежнев, зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG