Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гумони даст доштан дар рабудани як ҷавони тоҷик, ҳашт шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон ва ду тани дигар дар Афғонистон боздошт шудаанд.

Сарнавишти Ҳотам Назриев, сокини деҳаи Овиёи Шӯрообод, ки як моҳ пеш аз тарафи шаҳрвандони Афғонистон рабуда шудааст, баъд аз қатъи тамоси одамрабоён бо падари ӯ норӯшан боқӣ мемонад. Дар охири тамосашон одамрабоён аз падари Ҳотами 22-сола 30 ҳазор доллар талаб карданд, аммо дар ним моҳи охир дигар аз худ паёме надоданд.

Маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯи Ҳотам Назриев дар хатти марз ба як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарон дучор шуда, байни онҳо задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Дар ин даргирӣ як нафар кушта ва 8 тани дигар боздошт шуд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод гуфт, ин ҳашт нафар даст доштани худ дар рабудани ин ҷавони тоҷикро рад карданд.

Воҳидхони Миртоҳир, фармондеҳи қисми марзбонии вилояти Тахори Афғонистон, ки ҳаммарзи ноҳияи Шӯрообод ва Ҳамадонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дархости ҷониби Тоҷикистон низ ду нафаре, ки эҳтимол меравад, дар рабудани ин ҷавони тоҷик даст доранд, боздошт шудаанд. Ин фармондеҳ гуфт, ҳоло гумонбарони дигар дар қаламрави вилояти Тахор ва Бадахшон ҷустуҷӯ мешаванд.

«Ин хабарро мо ҳам дарёфт карда будем ва ҳоло ҷустуҷӯро давом медиҳем. Ҳоло тафтиш мешавад, ки ин боздоштшудаҳо то куҷо дар рабудани ҷавони тоҷик даст доранд, аммо мо ҳамаи роҳҳои қонуниро истифоад мекунем, то ин ҷавон пайдо шавад. Танҳо гумонҳо ҳаст, ки ин ҷавонро кӣ бурдааст, вале маълум нест, ҳоло ӯро дар Тоҷикистон ва ё Афғонистон нигаҳдорӣ мекунанд.»

Наздикони Ҳотам Назриев мегӯянд, ҳоло бо даъвати мақомоти Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев, падари ин ҷавон тасмим дорад, ба Афғонистон сафар кунад. Мурод Холов, вакили деҳаи Овиёи Шӯрообод мегӯяд, чанд рӯз боз падари ин ҷавон дар деҳа нест ва ӯ дар пайи дарёфти раводиди Афғонистон аст. Ӯ гуфт, ба падари ин ҷавон гуфтаанд, то ба Афғонистон биёяд ва ин ду нафарро шиносоӣ кунад, ки шаби рабудани фарзандаш ҳаминҳо буданд ва ё на.

«Ҳоло дар пайи гирифтани виза ҳаст. Ҳамин хел хабар омад, ки ду нафарро боздошт кардаанд. Чанд рӯз аст, ки дар даводави виза ҳаст. Дигар ин ҷо аз бачааш ҳеҷ хабаре нест. Ҳарчанд, кормандони милисаву КГБ шабу рӯз дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Шунидем, ки чанд нафар афғонҳои марзшиканро боздошт карданд, хурсанд шудем. Аз ин хабарҳое, ки мешунавем, бӯи умед ҳаст, зеро мақомоти мо сахт кор карда истодаанд.»

Шаби рабудани ин ҷавон аз хонаашон падараш ду силоҳбадасти афғонро аз наздик дидааст ва ба мақомот гуфтааст, дар сурати вохӯрдан аз наздик онҳоро хоҳад шинохт. Давлат Назриев, падари ин ҷавон низ дар сӯҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯшноии чароғ ду тани онҳоро, ки яке дохили ҳавлӣ ва дигаре дар кӯча буд, аз наздик дида буд:

«Аз онҳо, ки дар даст автомат доштанд, пурсидам, ки чаро писари маро мебаред. Гуфтанд, ки фармон шудааст. Дигар бо онҳо сар ба сар шуда намешуд. Баъдан, талаб карданд, ки 30 ҳазор доллар диҳед. Гуфтам, ки ман нони хӯрдан надорам, аз куҷо ин қадар пул меёбам. Баъдан гуфтанд, ки 15 ҳазор. Бо ҳамин дигар дар тамос нашуданд.»

Назорат бар қитъаи кӯҳистонии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Шӯробод душвор буда, дар ин ҷо зуд зуд ҳолатҳои марзшиканӣ рӯй медиҳад ва гоҳо қочоқбарон метавонанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, даст ба одамрабоӣ зананд.

Воҳидхони Миртоҳир, фармондеҳи қисми марзбонии вилояти Тахори Афғонистон аз он изҳори таассуф мекунад, ки ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик танҳо ҳангоми сар задании ягон ҳодиса матраҳ мешавад, дар ҳоле ки чунин ҳамкорӣ бояд доимӣ бошад: «Ҳадди ақал хоҳиши мо ин аст, ки бо ҳамтоёни тоҷики худ дар як моҳ як бор вохӯрӣ дошта бошем. Сари як миз бишинем ва дидгоҳҳои худро барои ҷилавгирӣ аз марзшиканӣ ва таҳкими марз дар миён гузорем. Мо маълумотҳои ҳамдигарро дар маврид марз бояд такмил кунем. Дар ин сурат фикр мекунам, ки вазъ беҳбуд хоҳад ёфт. Аммо мутаассифона, вохӯриҳои мо хеле дер баргузор мешавад ва бисёртар тариқи телефон аст.»

Ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон беш аз 150 километр марз дорад. Рабуда шудани як ҷавон дар соли равон бори аввал рух медиҳад. Соли гузашта Мирмад Баротов, сокини деҳаи Зардолуваки ин ноҳия ҳам рабуда шуда, ки танҳо дар натиҷаи як амалёти махсус озод шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG