Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, 10 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад дод.

Барои баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки дар аввали аввали март сурат мегирад, 10 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат тахсис дода хоҳад шуд.

Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи КМИРТ имрӯз 12 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо назардошти интихоботи президентии ахир, ки дар он ҳудуди 10 миллион сомонӣ, муодили 1,9 миллион доллар сарфу харҷ шуда буд, аз ҷониби ҳукумат барои баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, 10 миллион сомонӣ дархост шудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ тақрибан ҳамин миқдор пул масраф шуда буд.

Ҷаноби Додоев афзуд, ки дар наздиктарин рӯзҳо масъалаи ҷудо кардани маблағ ҳалли худро хоҳад ёфт ва дар нишасти хабарии масъулони КМИР бо рӯзноманигорони хориҷию дохилӣ, ки 16 декабр сурат хоҳад гирифт, маълумоти дақиқтар ироа хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки маблағи мазкур барои чопу нашри варақаҳои раъй ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ, масраф мешавад. Ҳамчунин аз ин маблағ ба номзадҳои аҳзоби сиёсӣ барои баргузории барномаҳои пешазинтихоботӣ пардохта хоҳад шуд.

Як манбаи дигар аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пешбинӣ шудааст, ки барои ҳар номзад беш аз 200 доллар пардохт шавад. Ин манбаъ дар робита ба маблағе, ки ба аҳзоби сиёсӣ пардохт мешавад, гуфт, ки ин ба феҳристи пешниҳодии аҳзоб вобаста мебошад.

Дар қиёс бо интихоботи соли 2010, ин дафъа як ҳизб аз ҳисоби худ 30 ҳазор нишондиҳанда ё 1 миллиону 200 ҳазор ва як номзад якуним ҳазор, ё 60 ҳазор сомонӣ метавонад харҷ кунад.

Рӯзи 5 декабр Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мешавад. Дар ин рӯз намояндагони маҷлисҳои вилояти Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ дар раъйгирии умумимардумӣ интихоб хоҳанд шуд. Интихоботи вакилони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 27 марти соли 2015 муайян шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG