Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ду ҳизб алайҳи КМИР-и Қирғизистон


Ҳизби "Ота-Мекен" гуфтааст, ки аз даъвои Ҳизби "Онугуу-Прогресс" зидди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қириғизистон дар робита ба қазияи рӯйхати номзадҳои ҲСДҚ ба мақоми вакилии маҷлиси Ҷалолобод пуштибонӣ хоҳад кард. Ба иттилои котиботи "Ота-Мекен", шикояти ин ду ҳизб аз болои КМИР Қирғизистон алакай ба додгоҳи Первомайи Бешкек ирсол шудааст.

Қаблан се ҳизб - "Ота-Мекен", "Онугуу-Прогресс" ва "Ота-Журт" ба Комиссияи минтақавии интихоботии Ҷалолобод шикоят бурда, гуфтанд, Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) ҳангоми пешниҳоди рӯйхати номзадҳояш талаботро риоя накардааст.

КМИ Ҷалолобод 2 декабр рӯйхати номзадҳои ҲСДҚ-ро ба мақоми вакилии шаҳрӣ рад карда, гуфт, дар он талаботи баробарии ҷинсӣ ба назар гирифта нашудааст ва ҳуҷҷатҳои номзадҳо низ нодуруст пур шудаанд. Вале ин ниҳод 5 декабр тасмимашро дубора иваз карда, дар шарҳи он изҳор дошт, ки ҲСДҚ рӯйхати нав таҳия кард.

Дар натиҷа ҷониби даъвогар аз ин қонуншиканиҳо ба КМИР Қирғизистон шикоят бурданд, аммо ин ниҳод ба ҲСДҚ иҷозат дод, то дар интихоботи шаҳрии Ҷалолобод иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG