Пайвандҳои дастрасӣ

Темури Варқӣ, хабарнигор ва шоири русзабони Тоҷикистон барои баргардони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ба забони русӣ дар бахши тарҷумонӣ дар ҷашнвораи байналмилалии адабӣ дар Қирғизистон, ҷойгоҳи сеюмро ба даст овард ва соҳиби ҷоиза шуд.

Ҷашнвораи байналмилалӣ муддати ду рӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуда ва ҳайати доварони ҷашнвора, осори адибонро бо панҷ забон, аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбакӣ, қирғизӣ, қазоқӣ ва инглисӣ арзёбӣ кардаанд. Беш аз 140 адиб аз 12 кишвари ҷаҳон ба ин озмун осори офаридаи хешро пешниҳод карданд ва адибон аз ҷумлаи чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ низ дар ин ҷашнвора ширкат доштанд.

Темури Варқӣ, ки аз ширкаткунандагони ин ҷашнвора буд, хабарнигори саршинос дар Тоҷикистон аст ва адабиётшиносон ба муваффақияти ӯ дар навиштани шеър ба забони русӣ низ таъкид мекунанд.

Дар гуфтугӯе бо Темур Варқӣ, нахуст аз ин пурсидем, ки вай чӣ гуна тавонист то дар ин ҷашнвора роҳ ёбад ва муваффақ ба дарёфти ҷоиза гардад?

Темури Варқӣ: Ман аз як дӯстам хабар ёфтам, ки чунин ҷашнвора барои адибон баргузор мешавад. Дар рӯзи охирини қабул, ман тарҷумаҳоямро равон кардам ва ҳамин хел шуд, ки ҷоиза гирифтам. Намедонам чӣ гуна, вале коршиносҳои хуб онро баҳогузорӣ намуданд ва бояд бигӯям, ки чизи бад ҳам набуд. Ман фақат тарҷума кардам ва кӯшиш намудам, ки ҳарчӣ хубтар ин корро анҷом диҳам, зеро ғазалиёти Ҳофизро тарҷума намудан масъулияти калонро талаб мекунад.

Озодӣ: Тарҷумаи ин ғазалиёт чанд вақтро талаб намуд?

Темури Варқӣ: Якчанд сол. Ман дар даврони донишҷӯиям ғазалиёти ӯро тарҷума намуда будам. Яктои он дар маҷаллаи «Помир» чоп шуда буд, соли 1983. Баъд чандин маротиба таҳрир намудам, то даҳ вариант дорам.

Озодӣ: Шумо бештар ба забони русӣ эҷод мекунед, оё ин таъсири муҳити Маскав аст, ки чанд сол дар онҷо кору фаъолият намудед ё чизи дигар?

Темури Варқӣ: Асосан ман аз кӯдакӣ бештар ба забони русӣ ҳарф мезанам. Барои он ки дар Душанбе таваллуд ёфтаам. Ва солҳои 60-ум Душанбе аксаран шаҳри русзабонҳо буд. Мо дар яке аз хонаҳои чорошёнае, ки дар назди кинотеатри Ватан аст, зиндагонӣ мекардем. Ва дар он хона танҳо ду оилаи тоҷик ба сар мебурданд. Ҳамчунин дар боғча, дар мактаб, дар кӯча ҳамвора бо забони русӣ муошират менамудам. Баъд ман ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Боз рафтам берун аз Тоҷикистон ва наздики 20 сол дар Маскав зиндагонӣ намудам.

Озодӣ: Ҳамакнун, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба сар мебаред, вазъи имрӯзаи адибони русзабонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Темури Варқӣ: Мутаассифона, адибони русзабон аксарияташон аз Тоҷикистон рафтанд. Вале бо ин ҳам онҳо Тоҷикистонро ватани худ мешуморанд, бисёр ғам мехӯранд, ки дур ҳастанд. Инҷо адибони русзабон теъдодашон кам мондааст. Аммо мо медонем, ки дар донишгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон, Хоруғ ҷавонони боҳунар ҳастанд, мо бо онҳо дар Душанбе якчанд маҳфил гузаронидем Онҳо ҷавонони бақувват ҳастанд, шеърҳои олӣ доранд. Мо нақша дорем, он ҷавононе, ки 3-4 забонро медонанд, на танҳо шеърҳои худро нависанд, балки дар муаррифии шоирони дигари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо тарҷума кардани ашъори онҳо саҳм гузоранд.

Озодӣ: Осори назмиву насрии Шумо чӣ теъдод аст?

Темури Варқӣ: Ман ҳудуди 300-400 шеър эҷод кардам. Як миниатюра, як эссе махсус барои маҷаллаи «Дружба Народов» таълиф намудам, ки бо номи «Мои таджики» дар бораи миллати тоҷик аст. Онҳо дархост намуданд, ки давомашро низ нависам. Худо хоҳад, кӯшиш мекунам идомаи онро низ таълиф намоям. Шахсоне, ки хонданд, бисёр таъриф карданд, миннатдорӣ баён намуданд.

Озодӣ: Шумо дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар ҳамчун хабарнигор муаррифӣ шудаед. Пеш аз ҳама худро рӯзноманигор меҳисобед ва ё адиб?

Темури Варқӣ: Ин бисёр суоли мушкил аст. Намедонам бештар ки ҳастам рӯзноманигор ё шоир. Фикр мекунам рӯзноманигорам. Чунки номи шоир хеле номи баланд аст. Ва онро танҳо хонанда ба нависанда ва ё нафаре, ки шеър менависад, дода метавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG