Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Давлатзода: "На танҳо Тсел, дигарҳо ҳам ҷарима шуданд" ВИДЕО


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар шарҳи ҷаримаи 155-миллион сомонии ширкати Тсел аз сӯи ин ниҳод гуфт, ин маблағ дар пайи санҷиш муайян шудааст ва пурра дуруст мебошад. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҷонибҳо дар робита ба ин масъала вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва пас аз ҳукми додгоҳ, ин маблағ ба фоидаи будҷа ситонида мешавад.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита афзуд, ки Тсел танҳо ширкате нест, ки ҷарима шудааст ва ба гуфтаи вай, дар пайи санҷиш дар соли гузашта, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ ва "Мегафон" 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ба гуфтаи вай, ҳарду ин ширкатҳо ҳам вориди баҳси додгоҳӣ шудаанд ва ба гуфтаи вай "мағлуб" гаштанд.

Н.Давлатзода: "На танҳо Тсел, дигарҳо ҳам ҷарима шуданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Давлатзода афзуд, чун хулосаҳои Кумитаи андоз дуруст буд, додгоҳ низ онро тасдиқ кард ва ин маблағҳо ба фоидаи будҷа ситонида мешаванд. Вай гуфт, пас аз ҳукми додгоҳ, ширкати "Мегафон" маблағро пурра пардохт кард ва "Билайн" ҳоло 80 дарсади маблағро пардохт намудааст.

Telia Sonera: "Тоҷикистон аз Тсел андози бештар талаб дорад"

Ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия -- молики ширкати мобилии Тсел дар Тоҷикистон, бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти андоз ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шудааст, мегӯяд, ки мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати Тсел-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд. Тибқи изҳороти “Telia Sonera”, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ҳоло муваззаф кардаанд, ки 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро пардохт кунад.

“Telia Sonera” -- молики ширкати мобилии Тсел дар Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти андоз ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд.

Дар изҳороти “Telia Sonera” омадааст, мақомоти андози Тоҷикистон даъвои худро бар асоси “даромадҳои наандӯхта” пеш овардаанд. Яъне даромадҳое, ки ширкати Tcell метавонист бигирад. Аммо ширкати Tcell мегӯяд, дар Кодекси андози Тоҷикистон чунин мафҳум вуҷуд надорад.

Емил Нилсон, ноиби президент ва раҳбари тиҷории минтақаи Авруосиёи ин ширкат дар шарҳи ин вазъият гуфтааст, ки "мо аз ин ҳолат хеле нигарон ҳастем ва ба эътиқоди мо, ин талаб ғайри қобили қабул аст."

Ширкати “Telia Sonera” мегӯяд, ки барои қиёс он маблағе, ки мақомоти андоз аз онҳо талаб доранд, аз даромадҳои ширкат дар соли 2015 бештар аст. Ба гуфтаи “Telia Sonera”, ин талаби мақомоти андози Тоҷикистон ширкати Тсел-ро таҳти фишори шадиди молиявӣ қарор медиҳад.

Марат Мамадшоев.
Марат Мамадшоев.

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик дар суҳбат бо “Озодӣ” дар шарҳи ин қазия гуфт, сар задани чунин низоъ пас аз эълони фуруши саҳмияҳо ба Бунёди Оғохон аз он дарак медиҳад, бархе “аз олигархҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон” аз ин додуситад розӣ нестанд.

Марат Мамадшоев афзуд, “ман фикр мекунам, ки онҳо (олигархоҳо) ният доштанд худашон онро бихаранд. Бинобар ин, онҳо фаъолияти ширкатро аз ҳар ҷаҳат танг мекунанд, то барои идомаи фаъолияти минбаъдаи он номуносиб бошад ва онро аз бозор ронанд. Ё ҳадди ақал ширкатро ба он маҷбур кунанд, ки ба як пули ночиз онро ба онҳо фурӯшад”.

Зимнан моҷарои қарздории Tcell аз андоз пас аз оне сар зад, ки ширкат дар моҳи сентябри соли равон эълон кард, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бифурӯшад.

То кунун Бунёди Оғохон 40 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар даст дошт. Масъулони ширкати Telia Company он замон гуфтанд, ки тасмими фурӯши саҳмияҳои Тселл бо ҳадафи қоҳиш додани ҳузури онҳо дар бозори АвруОсиё гирифта шудааст. Мақомоти Telia Soneria мегӯянд, ки Тселл ё Индиго Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 66 миллион доллар нарх дорад ва 60 дарсади саҳмияҳояш ба 39 миллион доллар баробар аст, ки ҳоло Бунёди Оғохон бояд пардохт кунад.

Аммо бо сар задани ин қазия қарздорӣ аз андоз фурухтани саҳмияҳо, ки қарор буд то анҷоми соли 2016 амалан сурат бигирад ба таъхир афтод. Ширкати “Telia Sonera” мегӯяд, маълум нест ин доду ситад кай сурат мегирад, чунки ба дархости онҳо мақомоти Тоҷикистон (манзур Кумитаи андоз) ҳанӯз посух нагуфтааст.

TeliaSonera моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард.

Tcell баъди 5 соли фаъолият дар ин бозор бо тақрибан 3,3 миллион муштарӣ баъди “Вавилон”, ки теъдоди корбаронашро 3,5 миллион нафар мегӯяд, дар ҷои дуюм меистад. Дар маҷмӯъ дар бозори мухобироти Тоҷикистон 4 ширкати бузург амал мекунанд, ки умдатаринҳояш баъди “Вавилон” ва Tcell ширкатҳои русии “Мегафон” ва Beeline мутаносибан бо 1,8 ва 1,3 миллион муштарӣ мебошанд.

Дар гузашта ширкати мобилии Beeline ва Мегафон, ки дуяшон бо сармояи русӣ бунёд шудаанд, аз боло будани мизони андозҳо дар Тоҷикистон шикоят карда, гуфтанд дар сурати идомаи вазъият ба ҳамин минвол, шояд бозори Тоҷикистонро тарк кунанд.

Мадмадшоев таҳлилгари тоҷоик мегӯяд, агар ба ҳамин минвол сармоягузорони хориҷӣ кишварро тарк кунанд, обрӯи Тоҷикистон дар миёни сармоядорон поин меояд ва оянда касе аз сармоягузорони бузурги хориҷӣ ба ҷуз аз чиниҳо ба Тоҷикистон намеоянд.

XS
SM
MD
LG