Пайвандҳои дастрасӣ

​Ширкати “Тоҷиктелеком” нархи гуфтугӯҳои телефониро аз 20 то 25 дарсад боло бурдааст.

Ширкати "Тоҷиктелеком" сар аз моҳи январ арзиши истифодаи ҳармоҳаи телефон ва гуфтугӯро боло бурдааст. Ин ширкат, ки дар рақобат бо ширкатҳои мобилӣ муштариёни худро аз даст дода, давраи бӯҳрони амиқеро сипарӣ мекунад, бо баланд кардани нарх, мехоҳад вазъи молии худро беҳтар ва бо роҳандозии барномаҳое, қомат рост кунад.

Дар бораи баланд шудани нархи истифода ва гуфтугӯ бо телефонҳои хонагӣ Сӯҳроб Ғоибов, раҳбари бахши ширкати “Тоҷиктелеком” рӯзи 21 январ зимни нишасти хабарӣ дар Хуҷанд хабар дод. Вай гуфт, акнун нархи 1 дақиқаи гуфтугӯ бо телефонҳои хонагӣ дар дохили шабака 3 дирам ва аз телефони хонагӣ ба телефони дастӣ ва рақамҳои ширкатҳои дигар 5 дирам шудааст. Қаблан ин нархҳо мувофиқан 2.5 ва 4 дирам буд.

Сӯҳроб Ғоибов

Сӯҳроб Ғоибов

Ҳамчунин пардохти ҳармоҳа барои телефони хонагӣ аз 2. 5 сомонӣ ба 3 сомонӣ барои сокинон, аз 3 то 4 сомонӣ барои корхонаҳои буҷавӣ ва аз 9 то 12 сомонӣ барои корхонаҳои хусусӣ боло бурда шудааст. Сӯҳроб Ғоибов дар ин замина гуфт: “Дар чанд соле, ки пардохти моҳона ва нархи гуфтугӯро баланд накардем, хароҷоти коргарони мо, ки шабонарӯз ноқилҳоро назорат ва дуруст мекунанд ва нархи нерӯи барқ ҳам боло рафт. Гумон мекунам, ним ва як дирам зиёд кардани нархи 1 дақиқа гуфтугӯ барои аҳолӣ ва 1-3 сомонӣ зиёд кардани пардохти ҳармоҳа барои корхонаҳо, он қадар гарон намеафтад. ”

Вай афзуд, дар 10 соли охир “Тоҷиктелеком” дар рақобат бо ширкатҳои мобилӣ тадриҷан муштариён ва даромади худро аз даст дода, дар вазъи хеле бади молӣ қарор дорад. Ҳанӯз дар 10 соли пеш баҳси хусусӣ кардани ин ширкат дар миён буд, вале шояд ҳам ба сабаби вазъи бади молияш ин амр амалӣ нашуд ва дар ин муддат шумораи корбарони телефони ноқилӣ рӯ ба коҳиш ниҳод. Ҳоло 95 дарсади саҳмияҳои ин ширкат моли давлат ва танҳо 5 дарсади он хусусӣ аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ғоибов, ширкати “Тоҷиктелеком” дар саросари кишвар ҳудуди 250 ҳазор муштарӣ дорад. Дар ҳоле, ки 9 ширкати мобилӣ ва 4-5 ширкати ироакунандаи алоқа дар Тоҷикистон, миллионҳо корбар доранд.

Бино ба иттилои бахши суғдии ширкати “Тоҷиктелеком”, дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа ҳудуди 73 ҳазор муштарӣ аз телефонҳои хонагӣ истифода мекунанд. Вале бар пояи маълумоти манобеи мухталиф, сокинони Суғд беш аз 2 миллион рақамҳои телефони ҳамроҳ доранд ва беш аз 1 миллион нафар ба шабакаи ҷаҳонии интернет низ дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ҳоле ки дар остонаи асри бистуяк, ҳамагӣ 4.5 ҳазор сокини Суғд телефони ҳамроҳ доштанд .

Дар чунин вазъ масъулони ширкати “Тоҷиктелеком дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, баландтар шудани арзиши гуфтугӯ вазъи молии онҳоро беҳтар мекунад ва имкон медиҳад барномаҳои наверо ҷиҳати ҷалби муштариён роҳандозӣ кунанд.

Вале Сиёвуши Мирзозода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, шубҳа дорад, ки ин иқдом самаре ба бор биёрад: “Мумкин аст барои корхонаҳо баландтар шудани пардохти моҳона ва афзоиши арзиши гуфтугӯ чизе таъсиргузор набошад. Аммо сокинонро аз телефони хонагӣ дилсардтар мекунад. Масалан, ман худам 6 моҳ боз дар хона аз телефони ноқилӣ истифода намекунам. Чун бо пахш кардани тугмаи телефони ҳамроҳ, осону арзон ба куҷое хоҳӣ, Маскаву Вошингтон ё Теҳрон занг мезанӣ. Барои ҳамин сифати хидматрасонии телефонҳои хонагиро бо истифода аз технологияҳои муосир беҳтар ва нархи гуфтугӯро паст мекарданд, моро ба кор фармудани телефони оддӣ дилгарм мекард. ”

Мусоҳибам сифати бади алоқа ва хидматрасонии “Тоҷиктелеком” ва баландии нархи гуфтугӯ бо телефонҳои хонагиро сабабҳои аслии рӯ овардани сокинони гӯшаву канорҳои Тоҷикистон ба телефонҳои ҳамроҳи арзону қулай меномад. Дар рӯзҳои мо шабакаҳои мобилӣ тақрибан ба ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон роҳ ёфта, сокинони дурдасттарин деҳоти Суғду Хатлон ва Зарафшону Бадахшон низ бо телефонҳои ҳамроҳ гуфтугӯ мекунанд. Гуфтугӯ дар дохили як шабака тақрибан бепул ва занг ба хориҷи Тоҷикистон назар бо телефони хонагӣ ба маротиб арзон аст.

Сӯҳроб Ғоибов, раҳбари бахши ширкати “Тоҷиктелеком” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҳоло барномаҳоеро ҷиҳати дилгарм кардани сокинон ба истифодаи телефонҳои хонагӣ рӯи даст гирифтаанд: “Аз моҳи декабр сар карда алоқаи NGN ироа карда истодаем. Ҳоло 51 муштарӣ дорем. Гуфтугӯ дар дохили ин шабака, муштарӣ дар кадом кишваре ҳам, ки бошад, танҳо 3 дирам аст. Барномаи дигаре, ки озмоиш кардем ва моҳи март амалӣ карданием, телевизиони кабелӣ тавассути ноқили телефони хонагӣ аст. Яъне, муштариён тавассути хати телефон соҳиби интернет, алоқаи NGN ва шабакаи ноқилии телевизион мешавад. Мо барои ин дастгоҳҳову лавозимот ва мутахассисон дорем. ”

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ва бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд 2 телевизиони кабелӣ “АНТ” ва “Мавҷи Ориёно” фаъол аст, ки намоишҳои наздики 70 шабакаи телевизионии маҳалливу хориҷӣ, умдатан русиро дастрас мекунад. Нархи дастрасӣ ҳудуди 20 сомонӣ барои 1 моҳ аст. Аммо масъулони “Тоҷиктелеком” мегӯянд, моҳонаи шабакаи телевизионии ноқилии онҳо пасттар ва доираи фарогирии он ба маротиб бештар хоҳад буд.

Гузаштан ба тарзи алоқаи рақамӣ дар соли 2007 ва доман густардани шабакаи “Тоҷиктелеком” ба гӯшаву канорҳои Суғд роҳро барои табиқи ин барнома ҳамвор кардааст. Ҳоло ба гуфтаи вай, бахши ширкати “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд ҳудуди 500 коргар дорад ва моҳонаи миёнаи онҳо 685 сомонӣ аст.

Ҳамин ширкати “Тоҷиктелеком”, ки дар рақобати шадиди пешниҳоди алоқаи мухобиротӣ саҳнаро барои ширкатҳои мобилии кишвар холӣ кардааст, аз роҳҳое дигар мехоҳад сокинонро ба истифода аз телефонҳои хонагӣ дилгарм кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG