Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо: Пешниҳоди Эрон "хеле муфид" аст


Шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар Женева гуфтушуниди дурӯзаеро оғоз карданд, ки ҳалли буҳрони марбут ба барномаи ҳастаии Эронро ба ҳадаф дорад.

Ин аввалин гуфтушуниди қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон баъд аз пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи президентии Эрон аст. Вай ваъда додааст, ки баҳси ҳастаии кишварашро дар шаш то 12 моҳ ҳал хоҳад кард.

Теҳрон мехоҳад, бори таҳримҳои ғарбиро рӯйи иқтисодаш сабуктар кунад ва мегӯяд, ба муносибатҳои ҷиддӣ омодааст. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки даври нави музокирот аз баррасии пешниҳодҳои нави ҳалли бӯҳрони ҳастаӣ сар шудааст. Микаэл Манн, сухангӯи Кетрин Аштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар оғози гуфтушунид аз “хушбинии эҳтиёткорона” ҳарф зад, аммо ҷузъиётеро ба забон наовард.

Эрон ва 5+1
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Оқои Ман гуфт: "Мо пешниҳодҳоеро рӯи миз дорем, махсусан дар масъалаи эҷоди эътимод, аммо чунин чораҳо бояд аз тарафи Эрон пешниҳод шаванд. Ин тарафи Эрон аст, ки ба бовари мо, ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро поймол кардааст, аз ҷумла қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Шӯрои раҳбарони Ожонси ҳастаӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро. Алҳол пешниҳодҳои бунёди чораҳои эътимодро мо рӯи миз гузоштаем ва боз ҳам ин навбати Эрон аст, ки ба ин пешниҳодҳо посух диҳад.”

Рӯшан нест, ки ин пешниҳодҳо то куҷо ба масъалаи асосии баҳс, аз ҷумла ғанисозии уран, рабт мегиранд. Кишварҳои Ғарб нигаронанд, ки Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ машғул аст, вале Теҳрон мегӯяд, барномааш хосияти осоишта дорад.

Интизориҳо аз идомаи гуфтшунунид замоне бештар шуд, ки Теҳрон пас аз шикасти давраи гузашта дар Алмато гуфт, барои музокира бо панҷ узви доимии Шӯрои Амният – Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва бо иловаи Олмон ҳайати наверо хоҳад фиристод.

Мулоқоти Муҳаммадҷаводи Зариф бо Кетрин Эштон
Мулоқоти Муҳаммадҷаводи Зариф бо Кетрин Эштон
Ҳайати навро вазири умури хориҷии Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф- Хонсарӣ сарварӣ мекунад, ки гуфтушунидро оғоз намудаву идомаи онро бар дӯши муовинаш хоҳад гузошт. Зариф-Хонсарӣ ягона вазири умури хориҷӣ дар ин гуфтушунид хоҳад буд ва ҳузури ӯ дар музокирот ба аҳамияти он барои Эрон ишора хоҳад кард.

Шеннон Кайл, коршиноси умури ҳастаӣ дар Пажӯҳишгоҳи сулҳи байнулмилалӣ дар Стокҳолм мегӯяд, ҳамоиши Женева беҳтарин имконияти пешрафти гуфтушунид дар чанд соли охир аст: “Ҳасани Рӯҳонӣ худ собиқаи гуфтушунидҳои ҳастаиро дорад. Вай ҳамчунин мандати интихобкунандагонро дорад, ки ин баҳсро ҳал кунад. Хуллас, вай бартариҳое дорад, ки президент Аҳмадинажод ҳаргиз надошт. Зариф дар байни ҳамтоёни ғарбияш ҳамчун сафир дар Созмони Милал машҳур аст. Ҳамаи онҳо интизориҳои зиёд доранд ва махсусан барои як бархӯрди нав.”

Аммо ин коршинос мегӯяд, муайян кардани он ки ҳайати эронӣ чӣ имкониятҳо дорад, осон нест, чунки тасмими асосиро раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шариконаш дар Сипоҳи посдорони инқилоб хоҳанд гирифт. Хоманаӣ гуфтааст, Эрон омодааст, дар дипломатия як “нармиши қаҳрамонона” нишон диҳад. Аммо ӯ дар гузашта ба мавзеъгириии саркашона бартарӣ додааст.

Ноиби вазири умури хориҷии Эрон Аббоси Арақчӣ рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш пешниҳоде хоҳад кард, ки раднопазиранд. Аммо ӯ афзуд, Теҳрон урани ғанигардонидаи худро ба касе нахоҳад дод. Ин мавқеъест, ки дар гуфтушунидҳои гузашта низ садо дода буд.
XS
SM
MD
LG