Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарду навраси кушташуда аз Қазоқистон будаанд


Муҳосираи манзили Кемпбелл дар Белфейр
Муҳосираи манзили Кемпбелл дар Белфейр

Қазоқистон тасдиқ кард, ки ду навраси ҳафтаи гузашта дар аёлати Вошингтони Амрико кушташударо дар вақташ аз Қазоқистон ба фарзандӣ хонда будаанд.

Мақомоти Қазоқистон тасдиқ карданд, ки ду навраси ҳафтаи гузашта дар аёлати Вошингтони Амрико кушташуда аз ин кишвари Осиёи Марказӣ ба фарзандӣ гирифта шуда буданд.

Вазорати маорифи ва илми Қазоқистион рӯзи 29 феврал гуфт, ин ду наврас – Тимур Тори Карлсони 18-сола ва Дамир Куинн Карлсони 16-сола аз вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон буда, ҳанӯз дар соли 2002 ба фарзандӣ хонда шудааст.

Онҳоро, ки номи аслии якеаш Тимур Дониёрович Коктиев ва дувумӣ Дамир Дулатович Абдураҳмоново будааст, аз ятимхонае дар шаҳри Шушинск ба фарзандӣ гирифтаанд.

Мақомоти Остона талош доранд, муайян кунанд, ки оё онҳо ҳанӯз шаҳрвандии Қазоқистонро доштанд ваё алакай шаҳрвандии Амрикоро ба даст оварда буданд. Вале дафтари омбудсмени Қазоқистон гуфт, “ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори чунин фоҷиаҳо бар сари шаҳрвандони мо дар оянда” ин қазия бояд ба таври фарогир таҳқиқ шавад. Ин ниҳод ҳамчунин хостори таҳқиқи шароити фарзандхонии ин ду наврас дар 14 соли пеш шудааст.

Ин ду наврас дар миёни 4 нафаре буданд, ки Девид Вейн Кемпбелли 51-сола рӯзи 25 феврал дар манзилаш дар рустое дар канори шаҳри Белфейри аёлати Вошингтон кушт. Кемпбелл ҳамроҳ бо Тимур ва Данил ҳамчунин ҳамсари 49-солааш Лана Карлсон ва як зани ҳамсояро низ парронд. Бино ба хабарҳо, ин ду наврас аз Қазоқистонро Лана Карлсон дар даврони издивоҷи қаблиаш ба фарзандӣ хонда будааст.

Дар ин хонавода як духтархонд ҳам тарбия мегирифт. Бино ба хабарҳо, ин духтар танҳо нафарест, ки он рӯзи фоҷиа аз тири Девид Кемпбелл амон ёфтааст.

Кемпбелл баъди чанд соати муҳосираи манзилаш аз сӯи нирӯҳои пулис ба сараш тир андохта, худкушӣ кард. Далелҳои даст ба қатли гурӯҳӣ задани ин мард ҳанӯз рӯшан нест.

Ин видео аз рӯзи фоҷиа дар Белфейр аст:

Куштор дар Белфейр
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00

Гузоришҳои қаблӣ мегуфтанд, ки ин ду наврасро дар Русия ба фарзандӣ гирифтаанд. Мақомоти Русия, аз ҷумла омбудсмени кӯдаки он кишвар Павел Астахов бо як лаҳни тунд ин фоҷиаи омада бар сари ин ду наврасро маҳкум карданд. Русия дар соли 2012 ба фарзандӣ хондани ятимон аз ин кишварро барои амрикоиҳо манъ кард. Бисёриҳо инро як навъ интиқоми Маскав аз таҳримотир иқтисодии Ғарб маънидод мекунанд.

XS
SM
MD
LG