Пайвандҳои дастрасӣ

Аз "шантаж" то занозанӣ ва ҳатто одамкушии наврасони тоҷик


Хабари “шантаж” шудани як хонандаи мактаби рақами 88 аз сӯи ҳамсабақаш расман тасдиқ нашуд, вале шубҳаву гумонҳо дар ин робита боқӣ монд.

Хабари вирди забонҳо, ки гуё як хонандаи мактаби рақами 88-и Душанбе бо истифода аз сабти телефонӣ мехост аз ҳамсабақаш маблағи муфт биситонад, аз ҷониби раҳбарияти ин мактаб рад карда шуд.


Мӯсо Асозода - мудири ин мактаб ба Озодӣ гуфт, ки чунин ҳодиса дар мактаби онҳо рух надодааст: “Ахиран духтарҳоро ҷамъ кардем, ба онҳо фаҳмондем, ки ба гапи ҳар кас гӯш накунед. Аз прокуратура ҳам ба мо гуфтанд, ки якбор духтарҳоро фаҳмонед, то ба фиреби дигарҳо дода нашавнд, чунки онҳо хонандаи мактабанд. Аммо ин ҳодиса дар мактаби мо нест.”



Аммо як хонандаи ин мактаб, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки дар воқеъ шоҳиди ин воқеа будааст. Ба гуфтаи ӯ духтаре ки мавриди бадномкунии ҳамсабақаш қарор гирифтааст, фарзанди як шахси сарватманд аст ва мақсади аслии рафтори дугонааш гирифтани маблағи муфт будааст. Аммо хонандагон ва омӯзгорони ин мактаб, ки қаблан сари ин мавзӯъ бо хашм ва таассуф ҳарф мезаданд, акнун ин хабарро як “беақлӣ”-и хонандагон унвон мекунанд.

Бино бар иттилоъи Баҳодур Саидов, як корманди хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар давоми се моҳи аввали соли равон 174 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки миёни онҳо 40 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ буданд. Ба гуфтаи ӯ ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор маврид бештар буда, имсол 9 духтар низ даст ба ҷиноят задаанд. Оқои Саидов гуфт, ноболиғон аксаран ҷиноёте, чун дуздиву авбошӣ содир мекунанд: “Дар солҳои пеш буд ҳолатҳое, ки хонандагон бо ҳар баҳона ҷанҷол мекарданд. Ҳатто духтарҳо барои сари либос ва зару зевар, ки яке дорад ва дигарӣ надорад, ба ҳамдигар рашк мебурданд. Ҳолатҳое шуда буд, ки духтарҳо худкушӣ мекарданд. Ҳоло ин ҳодисаҳо қариб ба назар намерасад. Чунки рейдҳое ки мо мегузаронем, дар он ҳам тарзи либоспӯшии хонандагон, бо телефонҳои ҳамроҳ ба мактаб омадани онҳоро назорат мекунем.”


Саҳнаи "ишқварзӣ"-и мактаббачаҳои тоҷик, ки дар Интернет "сайр" мекунад

Саҳнаи "ишқварзӣ"-и мактаббачаҳои тоҷик, ки дар Интернет "сайр" мекунад

Овозаи охир дар ҳолест, ки чанд моҳ қабл низ нашри наворҳои ғайриахлоқии мактаббачаҳо ва ҷавонон дар торнамоҳо ва телефонҳои мобил боиси нигаронии волидайн ва ҷомеа шуда буд. Ва гуфта мешуд, ки он наворҳоро дар Интернет низ дар пайи як нофаҳмӣ яке аз дӯстони он духтарон гузоштааст.

Ҳафтаи қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷинояти як ноболиғи дигар дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки зиёд расонаӣ шуд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфт, рӯзи 18-уми апрел Сафарбек Ҳомидов, донишҷӯи бахши 3-юми омӯзишгоҳи № 65 аз ҷониби Шодмон Воҳидов - хонандаи синфи 9-уми мактаби № 37-и ноҳияи Синои пойтахт бо зарби корд кушта шуд. Дар мавриди иллатҳои ин куштор ҳанӯз иттиллое нест ва таҳқиқ идома дорад.

Дар ин росто, Мӯсо Асозода - мудири мактаби рақами 88 пойтахт, мегӯяд, ҷомиа бояд ба хонандагони макотиб таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад. Ӯ афзуд, “бояд барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ миёни мактаббачаҳо ҷавобгарии роҳбари синф бештар шавад.”

Аммо ҷомеъашиносон бар инанд, ки агар аз як ҷониб сабаби бадахлоқ ва ҷинояткор шудани теъдоде аз ноболиғону ҷавонон беназоратӣ аз тарафи волидайн бошад, тамошои филмҳои шаҳвонӣ ва сӯъиистифода аз фанновариҳои нав, назири Интернет, низ дар ин маврид таъсири рӯзафзун пайдо мекунад. Адиба Муродова, ҷомиашинос ва омӯзгори собиқадор мегӯяд, бояд падару модарон вақти бештареро бо фарзандон гузаронанд ва аз майли онҳо ба ахлоқи бад пешгирӣ кунанд. Ба ақидаи ӯ, ҳоло дунё комилан дигар шудааст, аммо бисёри волидайн инро дарк намекунанд ва ҳамчунон қарзи асосии худро дар бароварда сохтани хостҳои фарзандони худ мебинанд: “Агар як падар ё модар ба пули як телефони мобил 4 китоб харида, ба фарзандаш диҳад ва гӯяд, ки бачам, аввал инро мехонӣ, фикр намекунам ки ин бача ба роҳи бад равад. Аммо дар мо чунин нест. Якбор кирдори бад кард, рӯйпӯш мекунем, ҷонибдорӣ мекунем, гуноҳашро кӯшиш мекуне, ки касе нафаҳмад, вале дар охир дарди сари худи мо мешавад.”

Афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон мақомоти давлатиро низ ба ташвиш овардааст. Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳафтаи гузашта дастур дод, ки бо мақсади тақвияти корҳои пешгириву фаҳмондадиҳӣ, минбаъд моҳе як маротиба дар ҳар ноҳияи шаҳр ҳамоише бо ширкати фаъолони мардумӣ сурат бигирад. Дар соли 2011 дар Тоҷикистон қонуни масъулияти волидайн низ тасвиб шуд буд, ки бори тарбияи фарзандро бештар ба дӯши волидон меугзорад ва аз нақши мактаб камтар ҳарф мезанад.

Бино бар омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 3800 макотиби миёна фаъолият дошта, қариб 2 миллион хонандаро фаро мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG