Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи қатори Ҳиндустон 32 нафар ҷон бохтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастикам 32 нафар дар садамаи қатор дар ҷануби Ҳиндустон ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 22 январ рух дода, мақомот мегӯянд, қатори ҳомили шашсад мусофир аз роҳи оҳан хориҷ шудааст. Бино ба гузориши “Ассошиайтед Пресс”, имдодгарон талош доранд, то бозмондагонро ба берун кашанд. Сухангӯи роҳи оҳани соҳили шарқӣ, ҳалокати 32 нафар ва захмӣ шудани 50 тан дар ин ҳодисаро тасдиқ кард. Вай афзуд, эҳтимол шумораи ҳалокшудаҳо афзоиш ёбад. Ҳанӯз иллати ҳодиса мушаххас нест, вале гуфта мешавад, ҳамаи далоил, аз ҷумла имкони харобкорӣ баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG