Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми хоҳаршӯи Зӯҳро содир шуд - 140 соат кори маҷбурӣ


Додгоҳи шаҳри Норак як духтари ноболиғро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсару фарзандони бародараш дар моҳи феврали соли ҷорӣ айбдор кард ва 140 соат корҳои маҷбурӣ фармуд. Додгоҳ ҳукм кард, ки Моҳира Холоваи 17-сола бо ҷангу ҷанҷолҳои пайваста арӯси хонадон - Зӯҳро Маҳмуродоваро маҷбур кардааст, ки худро бо чаҳор кӯдакаш аз пул ба дарё сарозер кунад. Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 5 феврал ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода буд.

Падари Зӯҳро Маҳмуродова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ маълум шудааст, ки Моҳира Холова пайваста арӯси хонадонро таҳқир ва латукӯб мекард ва ин зан пайваста дар ҳолати афсурдагиву рӯҳафтодагӣ қарор дошт. Маҳмадшариф Маҳмуродов, падари Зӯҳро гуфт, ки онҳо аз қарори додгоҳ розӣ нестанд, вале боз ҳам "ба худо ҳавола мекунанд, чун тақозои қонун ҳамин будааст".

Мардон Султонзода, як масъули додгоҳи шаҳри Норак рӯзи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ Моҳира Холоваи 17-соларо бар асоси моддаи 109, қисми яки Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон ба 140 соат корҳои ҳатмӣ маҳқкум намуд ва ин сахттарин муҷозот барои як ноболиғ аз рӯи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон будааст. Қарор аст Моҳира Холова на камтар аз се соат дар як рӯз бо корҳои маҷбурӣ машғул шавад. Мардон Султонзода гуфт, қарори додгоҳ 10 рӯз пеш содир шуд ва аллакай ҳукми иҷро гирифтааст.

Баррасии парванда дар додгоҳ моҳи август шурӯъ шуд

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини шаҳри Норак, рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ худро бо чор фарзанди ноболиғ ба рӯдхонаи Вахш партофт. Як манбаъ дар Додситонии кулл гуфт, хоҳаршӯи ноболиғи Зӯҳро бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ба худкушӣ расондан" айбдор дониста мешавад.

Гуфтем, ки дигар ҳаволааш ба Худо. Чӣ коре, ки қонун мехоҳад, ҳамон шавад.
Падари Зӯҳро Маҳмуродова

"Тафтишот маълум кард, ки ноболиғ М.Х. бо ҳаракату гуфторҳои худ сабаби худкушии зани бародараш шудааст," - афзуд ин мусоҳиби мо дар Додситонии кулли Тоҷикистон.

Наздикони ин ноболиғ аз сӯҳбат дар бораи ҳодиса худдорӣ карда ва ҳатто нагуфтанд, ки ин иттиҳом нисбат ба духтари ноболиғашон то куҷо ҳақиқат дорад? Аммо Маҳмадшариф Маҳмуродов, падари Зӯҳро, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ иштирок кард. Ӯ гуфт, ин духтари ноболиғ даруни панҷара нигаҳдорӣ мешуд ва, ба қавли ӯ, гӯё тамоми иттиҳомро бар дӯш гирифтааст.

"Духтарак худро гунаҳкор медонист. Гуфт, ки барои гарданбанду ороишоти дигар ҳамроҳи янгааш ҷанг кардааст. Тамоми ҷангу ҳақоратҳояшро нақл кард. Аз мо назарамонро пурсиданд. Гуфтем, ки дигар ҳаволааш бар Худо. Чӣ коре, ки қонун мехоҳад, ҳамон шавад. Агар мо мефаҳмидем, ки духтарамон ин қадар азоб мекашад ва хоҳаршӯяш ӯро таҳқир мекунад, дар он хона зистан намемондем," – гуфт Маҳмуродов.

Падари Зӯҳро мегӯяд, ноболиғе, ки барои ба худкушӣ расондани духтараш дар курсии айбдорӣ нишаст, дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ нашуд ва пас аз мурофиаҳо раҳо шуда, ба хонаашон баргашт. Мақомот дар посух ба ин суол гуфтанд, ки бо далели ноболиғ будан ва хатар надоштани айбдоршаванда ба ҷамъият ӯро то замони содир шудани ҳукм дар озодӣ нигоҳ доштанд.

Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз деҳаи Дӯстии шаҳри Норак, баъд аз зуҳри 5-уми феврали соли ҷорӣ бо фарзандони хурдсоли худ Кибриёву Хадиҷаи дусола ва Маърифату Рафоат, ки яке шашсола ва дигарӣ хурдтар будааст, худро аз болои пуле дар маркази Норак ба дарёи Вахш андохт. Хонаводаи шавҳари Зӯҳро қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нисбат ба арӯсашон ҳеч бадие раво надидаанд.

Шарофат Одилова, модарарӯси Зӯҳро, ки дар нерӯгоҳи Норак ба ҳайси фаррош кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ он замон гуфта буд: "Аз субҳ то шом ману шавҳарам дар кор ҳастем. Хона дар ихтиёри келинам буд. Субҳ маро аз хоб хезонд, чой дам кард. Ҳар саҳар ба ӯ таъкид мекардам, ки кӯдаконро хуб нигоҳ кун. Дар хонаи мо на гапи бад ва на абрӯи гирифта буд. Коре намекард, ки боис ба қаҳру муноқиша шавад."

Шарофат Одилова
Шарофат Одилова

Тайи як соли охир чанд ҳодисаи худкушии занон бо фарзандонашон сурат гирифт, ки ҳам ҷомеа ва ҳам мақомоти Тоҷикистонро нигарон кард. Моҳи сентябри соли гузашта Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш ҷони худро аз даст доданд. Дар моҳи июли соли гузашта низ сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт, ки дар натиҷа кӯдаконаш фавт карданд ва худаш зинда монд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар парвандаҳои худкушии ин занон омадааст онҳо зиндагии пурмашаққате доштаанд ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар пайи муноқиша бо ҳамсарони худ дучори афсурдагӣ шуда бошанд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 160 ҳодисаи худкушии занонро саб кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан камтар аст.

XS
SM
MD
LG