Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри "фаннӣ"-и YouTube ва Одноклассники ҳамоно фош нашудааст


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштани худро дар масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоии "Одноклассники ва Ютуб" ва ҳамин тавр бархе аз сомонаҳои интрнетӣ дар кишвар рад мекунад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштани худро дар маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники ва YouTube ва ҳамин тавр бархе аз сомонаҳои интренетӣ дар кишвар рад мекунад. Ин дар ҳолест, ки муштариёни зиёд аз дастнорас боқӣ мондани шабакаи иҷтимоии "Одноклассники", портали табодули видеои YouTube ва бархе аз торнамоҳои дигар шикоят мекунанд.

Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе зимни нишасти хабарӣ сабаби баста шудани шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" -ро мушкили техникӣ ё фаннӣ арзёбӣ кард. Хонум Холмуродова гуфт, истифода аз шабакаҳои Одноклассники ва YouTube дар Тоҷикистон танҳо бо иллати фаннӣ номумкин шудааст ва феълан кормандони ин хадамот дар пайи омӯзиш ва рафъи мушкил будаанд.

Хонум Холмуродова тасдиқ кард, ки дарвоқеъ аз молики шабакаи «Одноклассники» нома дарёфт кардаанд. Ӯ дар ин замина афзуд, «воқеан мо чунин мактубро дарёфт кардем. Худи раиси хадамот Бек Зуҳуров бевосита бо модератори ин шабака гуфтугӯи телефонӣ анҷом медиҳад ва мо ин масъаларо омӯхта истодаем. Дар ин масъала мо танҳо як чизро гуфта метавонем, ки сабабаш мушкили техникӣ аст.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки раҳбарияти шабакаи иҷтимоии Одноклассники мегуянд, ду маротиба ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мактуб фиристодаанд, аммо то кунун посухеро аз ин ниҳоди давлати Тоҷикистон дарёфт накардаанд. Бо он, ки масъулони хадамоти алоқа маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи «Одноклассники» ва YouTube-ро дар Тоҷикистон мушкилоти фаннӣ унвон мекунанд, аммо табиати мушкилро шарҳ намедиҳанд.

Ин ду сомона аз пуристифодабарандатарин дар Тоҷикистон буда ҳудуди як моҳ мешавад, ки корбарони онҳо наметавонанд ба ин торномаҳо ворид шаванд. Дар як соли ахир барои бори панҷум аст, ки дастрасӣ ба шабакаи YouTube маҳдуд мешавад.

Хадамоти алоқа дар бораи Одноклассники ва YouTube
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим

Ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон маъмулан сабаби масдуд шудани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро ба дастури Хадамоти алоқа рабт медиҳанд.

Аммо Алибек Бекмуродов, як масъули Хадамоти алоқа, ин иддаои ширкатҳои интернетрасонро бепоя донист. Ӯ гуфт, «хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин кор ба ягон ширкати интернетрасон дастур надодааст ва беҳтар аст аз ин ширкатҳо пурсида шавад, ки чаро онҳо дастрасиро ба шабакаҳои мазкур қатъ кардаанд. Агар ягон дастури хаттӣ гирифтаанд, бигзор нишон диҳанд. Ин ҳама иддаояшон асос надорад. Онҳо баҳонаи хуберо ёфтаанд, ки дар ин ҳолатҳо айбро ба хадамоти алоқа бор мекунанд.»

Алибек Бекназаров дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чаро мушкили техникӣ аз ҷониби муттахассисон рафъ намешавад, гуфт, ҳоло дар ин замина мутахассисони Хадамот кор мебаранд.

Зимнан хадамоти алоқа қаблан ҳам даст доштанаш дар масдуд кардани ин ё он сомонаро ё рад мекард ваё ба зарурати анҷоми “корҳои профилактикӣ” рабт медод. Аммо Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Асосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон мегӯяд, мушкили фаннӣ дар он ҳолат метавонад пеш ояд, агар барқ хомӯш шавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, «мушкили аслӣ техникӣ дар чунин ҳолатҳо аслан бар асари қатъ шудани робита бо дигар шабакаҳои мухобирот ва бо истгоҳи алоқа бинобар хомӯш шудани барқ метавонад пеш ояд. Дар сурати вуҷуди робитаи моҳвораӣ як сабаби мушкили техникӣ тағйир ёфтани дараҷаи мавҷҳо низ будан метавоанд. Аммо бартараф кардани чунин мушкилиҳо вақти чандон зиёдро талаб намекунад.»

Дар доираҳои коршиносон бошад ба ангезаи сиёсии масдуд шудани сомонаҳо ишора мешавад. Аз ҷумла шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон дар ҳоле дастнорас гардид, ки ин шабака дар моҳҳои охир ба як платформаи муҳими нашри матлабу видеоҳои мухолифони ҳукумат табдил ёфта буд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандагони интернети Тоҷикистон мегӯяд, мушкили техникӣ наметавонад якбора дар инфрасохтори тамоми ширкатҳои интернетрасон ба вуҷуд ояд. Ӯ мегӯяд, «як мушкили техникӣ наметаонад дар тамоми шабакаҳи провайдорон вуҷуд дошта бошад. Ҳадди ақалл 4 ва 5 провайдере, ки дар Тоҷикистон хидмат мерасонанд, канали мустақими худро ба интренети глобалӣ доранд. Агар мушкили техникӣ мебуд на танҳо ду сомона, балки ҳадди ақал чандин торномаи дигар масдуд мешуд. Аз он, ки дастрасӣ ба чунин сарчашмаҳо баста мешавад ин пеш аз ҳама мавқеи Тоҷикистонро танг мекунад. Зеро вуҷуди чунин масдудият имкони эҷоду гузоштану маводеро, ки дар дохил истеҳсол мешавад маҳдуд месозад.»

Бо ин ҳама Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз афзоиши нуфузи интернет дар кишвар хабар медиҳад ва мегӯяд аз 100 сокини он 48 нафарашон аз интернет истифода мекунанд. Тибқи маълумоти ин ниҳод аз аввали соли равон шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон бо назардошти интернети мобилӣ ба 3,8 миллион нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG