Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳунарпешаи тоҷик дар ҳамлаи сартарошидаҳо маҷрӯҳ шудааст


Абдулмамад Бекмамадов рӯзи якшанбе нақши худро дар саҳна бо пешонаи докапечшуда бозӣ кард

Абдулмамад Бекмамадов рӯзи якшанбе нақши худро дар саҳна бо пешонаи докапечшуда бозӣ кард

Абдулмамад Бекмамадов - ҳунарпешаи Театр.док (Маскав) мавриди ҳамлаи скинҳедҳо қарор гирифт.

Маъмурияти Театр.док – як театри ғайрианъанавии Маскав мегӯянд, ки ҳунарпешаи тоҷикистонии онҳо мавриди ҳамлаи сартарошидаҳо қарор гирифт. Дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ муаллифи идеяи намоишномаи “Акын-Опера” Всеволод Лисовский гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи гузашта дар назди истгоҳи метрои Петрово рух дод. Лисовский гуфт, ки гурӯҳе аз ҷавонҳои тундрав ба нафароне ҳамла карданд, ки дар назари онҳо “ғайрирус” буданд.

  • Зимни берун шудан аз метрои Перово издиҳоми ҷавонписарҳое ба ҳамаи онҳое ҳамла мекард, ки симои ғайрисалвянӣ доштанд. Дар ин ҳамла пешонаи Абдул кафиду биниву дандонҳои бародараш шикастанд. Як духтаре аз Ӯзбакистон, то ҷое ман медонам, то ҳол дар бемористон аст.

Аз рӯи иттилои маъмурияти театр, Абдулмамад Бекмамадов ва бародараш ду-се рӯз дар беморхона мавриди муроқибати табибон қарор доштанд. Бовар меравад, ки ҳамлагарон аъзои гурӯҳҳои сартарошидаҳо буданд, ки ақидаҳои бегонаситезӣ доранд ва ба нафарони ғайрирус ҳамлаҳои ваҳшиёна анҷом медиҳанд. Лисовский гуфт, ки ин ҳамла зидди як шахс ё худи Бекмамадов равона нашуда буд, "ба назар мерасад, ҳадафи онҳо чеҳраҳои ғайриславянӣ будааст", гуфт ӯ.


Ба қавли Лисовский, баъди ин ҳодиса аммо Абдулмамад Бекмамадов аз кор дар театр даст накашид ва рӯзи якшанбе дар намоиши навбатии спектакли “Акын-Опера” бо пешонаи докапеч иштирок кард.

Абдулмамад Бекмамадов яке аз се ширкатдори намоишномаест, ки соли ҷорӣ дар саҳнаи Театр.док аз ҷониби гурӯҳе зери назари Всеволод Лисовский таҳия шуда, ба баррасии масоили муҳоҷирони корӣ дар Русия ихтисос ёфтааст. Фалсафаи аслии намоишномаи зери номи рамзии “Акын-Опера” ин аст, ки ин намоишнома аз забони муҳоҷирони воқеӣ нақл мешавад. Дар канори Абдулмамад Бекмамадов дар ин намоишнома инчунин дигар ҳунарпешагони тоҷикистонӣ - Покиза Қурбонасенова ва АҷамЧакобоев ҳам нақш меофаранд.

Абдулмамад Бекмамадови 44-сола, ки аз сисолагиаш дар Русия ба сар мебарад, дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ моҳи маи имсол гуфта буд, ки вай аз саҳна саргузаштҳои муҳоҷирати худро ба Русия нақл мекунад: “Пеш, барои бо қатор ба Маскав расидан, бояд то Саратов мерафтед. Мо ҳам бо бачаҳо ба вокзали Саратов омадем, ки милиса моро нигоҳ дошт ва аз тақрибан 40-50 нафар паспорт талаб кард. Гуфт, ки аз паси мо биёед, санадҳоро месанҷем. Рафтем ва дар фосилаи ду соат то омадани қатори Маскав, ҳар кас, ки аз бачаҳо бахташон хандид, озод шуда роҳашонро давом доданд, мо дар қафотари навбат, ки будем, мондем. Қатор рафт, дар даст пул нест, надонистем, чӣ кор кунем. Ҳамон ҷо як марди қафқозӣ пайдо шуду гуфт, ки биёед, як ҷо коре ҳаст, каме пул ҷамъ мекунеду баъд ба роҳатон меравед. Мо аз паси ӯ рафтем, вале баъди анҷоми кор маълум шуд, ки вай моро фиреб кардааст. Хулоса, танҳо рӯзи дигар вақте поезди Маскав бо бачаҳои тоҷик баргашт, мо аз онҳо каме пул гирифта ба Маскав рафтем.”

Вай мегӯяд, қиссаи худро ба забони русӣ зери оҳанги “Шӯхи парӣ” нақл ва ин таронаи маъруфи Далер Назаровро - Покизамо Қурбонасенова, ҳунарпешаи собиқи театри “Ганҷина” аз Душанбе иҷро мекунад. Нафари сеюм – навозандаи тоҷик аз Бадахшон Аҷам Чакобоев аст, ки рубоб менавозад. Абдулмамад ва Аҷам ҳоло дар як сохтмон ва хонум Покизамо ба ҳайси фаррош кор мекунанд. Вале дар соатҳои хеле ками баъди кори сангин, онҳо гаҳ-гоҳе бо мусиқиву навозандагӣ ҳам машғул мешаванд. Соле пеш онҳо дар ҳамин ҳайат дар як ҷашнвораи мусиқии Маскав бо оҳангҳои тоҷикӣ ҳунарнамоӣ карданд ва ба ҳамин роҳ бораи онҳо иттилое дар интернет пайдо шуд.


Всеволод Лисовский, коргардони Театр.док мегӯяд, ки ин намоишномаи онҳо бо истиқболи гарми тамошобинон рӯбарӯ шудааст ва аз ин хотир, намоиши ин спектакл дар саҳнаи ин театр бомуваффақият идома меёбад.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG