Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки бештари омӯзгорон дар Тоҷикистон аз моҳонаи пасти худ шикоят доранд ва сафару саёҳатро ба хориҷ танҳо орзу мекунанад, омӯзгоре аз ноҳияи Варзоб, мегӯяд, бо 900 сомонӣ маошаш чандин кишварро чарх задааст.

Ҳалим Саидов шояд аз ангуштшумор омӯзгоронест, ки новобаста аз кам будани муздаш талош мекунад, вижагиҳои таърихи дунёро бо роҳҳои муассир, яъне бо ҷамъоварии ҳар гуна ашё аз кишварҳои мухталиф ба шогирдонаш бирасонад. Синфхонаи ин омӯзгор дар мактаби миёнаи рақами 46-и ноҳияи Варзоб аз синфхонаҳои дигар ҳамкасбонаш фарқ мекунанд ва осорхонаеро мемонад, ки ҳар як ашёи аёнии он ҳаёти мардумони мухталифро қисса менамояд.

Ӯ аз Эрону Исроил ва Озарбойҷон харитаҳо, аз Арабистони Саудӣ сангҳои лаби баҳр, аз Бухоро офтобаҳои қадима, аз кишварҳои пасошӯравӣ тангаҳову китобҳои қадимӣ ва даҳҳо ашёҳои дигарро бо худ овардааст. Ҳалим Саидов мегӯяд, тамоми ашёҳои аёнии синфхонаашро бо маблағи худ харидорӣ ва барои хонандагон муҳайё кардааст:

Ҳалим Саидов

Ҳалим Саидов

“Солҳои пеш вақте маошро дарҳол ба шаҳр мерафтам ва кӯшиш мекардам, ки ягон аёнияте биёрам, ки ҳам барои ман дарс додан сабук шавад ва ҳам хонандагон дар ин сурат дарсро хубтар аз худ мекунанд. Масалан, соле пеш ман аз Исроил харитаашро овардам. Чунки вақте агар дар бораи Баҳри Мурда сӯҳбат кунем, ин баҳр дар харитаҳои сиёсии ҷаҳон ва харитаҳои табиӣ нишон дода нашудааст. Аммо дар ин харитае, ки ман овардаам, нишон дода шудааст, ки баҳри мазкур дар сарҳади давлати Урдун ва Исроил ҷойгир аст. Харитае дигареро, ки ман аз бозор аз “семечка”-фурӯш ба маблағи 25 сомонӣ харидам, ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Марказӣ ва ба давлати Русияро нишон медиҳад.”

Ҳалим Саидов қаблан майори Вазорати корҳои дохилӣ буд ва 16 соли пеш баъди ба нафақа баромадан ӯро барои кор ба мактаби маҳалла даъват кардаанд. Ба гуфтаи вай, то имрӯз ӯ чандин таърихчиён ва ҳуқуқшиносонро тарбия кардааст, вале онҳо муҳоҷират ва тиҷорат дар бозорро аз кор дар мактаб авлотар донистаанд.

Мусоҳиби мо гуфт, “ба хотири холӣ кардани роҳ ба ҷавонон ман то имрӯз се маротиба аризаи худро ба раҳбари мактаб пешниҳод кардам, вале дар ҷавоб ба ман гуфтанд, ки бояд ба ҷои худам ягон нафарро тарбия кунам. Вале шогирдон пас аз хатми донишгоҳ ҳамагӣ як сол дар мактаб кор карда, ба сабабии камии маош мераванд.”

Матлуба Додобоева.

Матлуба Додобоева.

Ба фарқ аз Ҳалим Саидов, ки рухсатиҳои худро дар ҷаҳонгардӣ мегузаронад, Матлуба Додобоева, омӯзгории фанни русии ҳамин мактаб на танҳо барои саёҳат, балки ба гуфтаи худаш, барои “сархорӣ” вақт надорад. Субҳи ӯ маъмулан аз ҷӯшидани гов оғоз мегардад, баъдан то бегоҳ дар мактаб дарс мегӯяд ва пас аз ин бо кори хонаву замин машғул мешавад. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, дастмузди ӯ дар мактаб 1200 сомонӣ аст, аммо дар ин баробар ӯ аз ҳисоби фурӯхтани шир ва таппак рӯзгорашро пеш мебарад.

“Ман бо ташкилоти хурди қарздиҳии Finka ҳамкорӣ дорам ва 14 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаам. Бар ивази ин маблағ 12 сар гов харидорӣ кардаам. Аз маошам моҳона 1061 сомонӣ фоизашро ба ташкилот ҳамчун фоизи қарз пардохт мекунам. Шири ин говҳоро ҳар саҳар фарзандонам ба мағоза бурда месупоранд. Ҳамчунин таппак низ мекунам, нархи як таппак 1 сомонӣ. Имсол тақрибан 1000 таппак фурӯхтам.”

Ин мусоҳиби мо гуфт, бо вуҷуди он, ки дар давоми рӯз аз даву тоз ва меҳнати фикриву ҷисмонӣ дар мактабу замин зиёд хеле хаста мешавад, аммо боре ҳам фикри тарк намудани мактабро накардааст. Вай мегӯяд, 17 соли умри худро ба таълими кӯдакон бахшидааст ва шогирдонаш ҳам дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро гирифтааст.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, ҳарчанд ба фарқ аз чанд соли пеш таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар ба омӯзгорон афзудаву маоши онҳо то ҳадде баланд рафтааст, вале он мартабае ки омӯзгорон чанд даҳ сола пеш доштанд, ҳанӯз барқарор нашудааст. Музди моҳонаи миёнаи омӯзгорон ва умуман кормандони маориф тайи соли охир ба 700 сомонӣ расид, ки чизе бештар аз 100 доллари амрикоист.

Теъдоде аз омӯзгорон бинобар тангдастӣ пешаи худро тарк намуда, ё сӯи муҳоҷират гирифтаанд ва ё ба шуғли дигар пардохтаанд. Ҳатто дар бархе аз аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ваъдаи имтиёзҳои фарогир, аз ҷумла ҷудо кардани замин барои бунёди манзил омӯзгорони ҷавонро талош карданд ба кор дар мактабҳо ҷалб намояд, вале зоҳиран чунин иқдомҳо низ натиҷаи назаррас надоранд.

Соли гузашта дар мактабҳои кишвар курсии 1200 муаллим, бахусус омӯзгорони фанҳои дақиқ холӣ буд ва тақрибан 4700 муаллиме, ки барои Тоҷикистон донишҷӯ тайёр мекарданд, худашон донишгоҳ нахондаанд. Аз ҳамин сабаб, ҳоло дар мактабҳо муаллими забони тоҷикӣ ба шогирдон дарси забони русӣ ҳам медиҳад ва тарбияи ҷисмониро ба ӯҳдаи муаллими риёзӣ гузоштаанд.

Аммо бо ин ҳам мусоҳибони мо мегӯянд, натиҷаи кори на ҳама касбҳоро мешавад танҳо бо тарозуи даромадаш чен кард. Барои мисол, онҳо бо муваффақияти шогирдонаш, ки баъзеашон дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил мекунанд, мефахранд вва ҳамчунин аз эҳтироми ҳамдеҳагон ба шахси омӯзгор ситоиш мекунанд ва мегӯянд, инҳост, ки дили онҳоро бо вуҷуди пули камаш ба пешаи омӯзгорӣ гарм нигоҳ медорад.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG