Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Масъуд дини исломро қабул карда буд


Рӯзи 23 март ин манзил дар иртибот бо Холид Масъуд тафтиш шуд
Рӯзи 23 март ин манзил дар иртибот бо Холид Масъуд тафтиш шуд

Матбуоти Бритониё мегӯяд, ки Холид Масъуд, шахси муттаҳам дар анҷоми ҳамлаи террористӣ ба парлумони ин кишвар дини Исломро қабул карда буд. Чанд манбаъ рӯзи 24 март навишт, ки Масъуд бо исми Эдриан Элмс дар шаҳри Дартфорд таваллуд шуда баъдан дар оилаи нопурра дар шаҳраки Рай дар Инглистони ҷанубӣ бузург шудааст. Баъдан ӯ исломро қабул кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки марди 52-сола падари се фарзанд буд ва дар гузашта полис ӯро барои ҷароҳати инсон, нигаҳдории силоҳ ва ҳам бетартибӣ дар макони ҷамъиятӣ боздошт кардааст.

Полис мегӯяд, ки ҳарчанд ӯ дар гузашта даст ба амалҳои террористӣ назадааст, онҳо таҳқиқ мекунанд, ки то куҷо Масъуд аз ифротгароҳои исломӣ илҳом гирифта даст ба кор шудааст. Дар ҳодисаи рӯзи 22 март дар назди парлумони Бритониё 5 нафар, аз ҷумла худи ҳамлагар ва ходими собиқадори полиси Бритониё ва ҳам муҳофизи дипломатҳо Кейт Палмер кушта шуданд. Се нафари дигар баъди он даргузаштанд, ки Масъуд онҳоро дар рӯи кӯпруки Вестминстер бо мошин пахш кард.

XS
SM
MD
LG