Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиммати баланди соҳибкорон: Саховат ё худнамоишдиҳӣ?


Як соҳибкори қирғиз дар зодгоҳаш таваллудхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ бунёд кард.

Салтанат Чокошева, ки ҳафт сол боз дар ноҳияи Қара-Қулчӣ дояи кӯдакон аст, мегӯяд, занҳои деҳаи Сой дар шароити хона ва бо сахтӣ таваллуд мекарданд. Баробари ин модарон маҷбур буданд, барои ташхису машварат тифлро ба таваллудхонаи марказии ноҳия барад. Соҳибкор Бейше Намошомов, мегӯяд, ҳадаф аз сарфи 85 ҳазор доллари амрикоӣ барои бунёди таваллудхона, осон кардани заҳмати ҳамдеҳагонашон аст, зеро ҳамасола 4-5 тифл дар роҳ то ба зоишгоҳ ба дунё меоянд.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, эътои иншооти барои шаҳраку деҳаҳо зарурӣ аз сӯи тоҷирону соҳибкорон дар Тоҷикистон ҳам солҳои ахир маъмулӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, “шояд ҷаҳонбинии онҳо дигар шудааст ё ҳукумати Тоҷикистон ин гуна амалҳоро то андозае қадр мекунад, ки тоҷирон ба сохтани мактабҳо, варзишгоҳҳо ва бемористонҳо оғоз кардаанд”. “Ман тоҷирҳоеро медонам, ки дар вилояти Суғд бо маблағҳои худашон купрукҳои азим месозанд, купрукҳое, ки ду соҳили Сирро бо ҳам мепайвандад, дар ноҳияи Ҳисор ва чанд ноҳияи дигар онҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд намуданд, ки деҳаашон, мактаб ё беморхонаҳоро бо нерӯи барқ таъмин мекунанд”,-меафзояд Исмоил Талбаков.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, чанд сол пеш тоҷирон барои ҳамдеҳаҳои худ асосан масҷид месохтанд ва инро қарзи мусалмонии худ медонистанд. Исмоил Талбаков мегӯяд, тоҷирону соҳибкорони тоҷик аллакай чанд марҳаларо пушти сар карданд, ки аз бунёди хонаҳои боҳашамату харидории мошинҳои гаронбаҳо шурӯъ шуд ва алҳол онҳо ба бунёди корхонаҳои тавлидотӣ машғуланд. Ҳамзамон “ҳиммат”-и онҳо низ боло рафт - агар солҳои пеш ба ҳамдеҳагони фақирашон фақат орду равған медоданд, ҳоло барои онҳо қубури об мекашонанд ё купруку бемористон месозанд.

“Акнун ин гуна иншоот чун солҳои пеш барои тоҷирон “дарди сар” намешавад - дар Кодекси нави андоз афроде, ки иншооти барои маҳал зарурро бунёд мекунанд ва онро дар ихтиёри давлат қарор медиҳанд, аз пардохти молиёт озоданд”,-мегӯяд Исмоил Талбаков.

Дар ҳамин ҳол Ҳуриннисо Ғаффорзода, раиси созмони “Оштии миллӣ”, мегӯяд, зери косаи ҳиммати бархе аз тоҷирон нимкосае маҳфуз аст. Ба гуфтаи ӯ, фақат бархе аз ин тоҷирон бо дилу нияти пок барои мардум иншоотбунёд мекунанд, ҳадафи теъдоди аъзами онҳо ё худнамоӣ ё тамаллуқ ба мақомоти маҳалливу раҳбарони кишвар аст. “Бархе онҳо, бигирем, агар мактаб месозанд, талаб мекунанд, ки онро ба номи падараш, бобояш ё ягон хешу пайванди дигараш гузоранд, агар роҳ месозанд, онро ҳам беҳадаф намесозанд”,-мегӯяд хонум Ғаффорзода. Аз нигоҳи ӯ, “як қисми тоҷирон ба ин васила мехоҳанд худро муаррифӣ кунанд, дигарҳо мехоҳанд, ки бо ҳукумати маҳаллӣ наздиктар шаванд.Яъне соҳибкорону тоҷирон ин бинову иншоотро ҳамчун сипар барои тиҷораташон ёбарои “ширин кардан”-и худашон истифода мекунанд.”

Ҳуриннисо Ғаффорзода
Ҳуриннисо Ғаффорзода
Эътои мактабу бемористону варзишгоҳҳо баъди он авҷ гирифт, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди ин гуна иншоот аз сӯи тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ ситоиш кард –ҳоло баъзе аз афроди соҳибмаблағ кӯшиш мекунанд, ки сохтмон қабл аз сафари сарвари давлат хатм шавад, то дар маросими ифтитоҳаш қайчиро барои лентабурӣ ба дасти раисиҷумҳур диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳояш ҳатто ба баъзе соҳибкорон дастур медиҳад, ки ин ё он биноро бунёд кунанд.

Ҳуриннисо Ғаффорзода мегӯяд, албатта, бунёди иншооти наву муосир барои ин ё он маҳал кори хуб аст, аммо беҳтар мебуд агар тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо пайравӣ аз кишварҳои аврупоӣ сандуқи алоҳида таъсис мекарданд ва маблағи он на барои бунёди як иншоот,балки барои рушди ин ё бахши ниёзманд ба кӯмаки молӣ сарф мешуд.
XS
SM
MD
LG