Пайвандҳои дастрасӣ

Моликони интернет-кафеҳо аз якбора гарон шудани мизони андоз шикоят мекунанд.

Фирдавс Шукуров, соҳибкори тоҷик, ки чархи рӯзгорашро то кунун аз ҳисоби даромади як интернет-кафе дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мечархонд, мегӯяд, бо зиёд шудани андоз ин “бизнес”-и вай варшикаста хоҳад шуд: «Пеш мо се намуд андоз месупоридем. Чор дарсад андоз аз даромад, 95 сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 40 сомонӣ андози аксизӣ. Ҳоло андози иҷтимоӣ 180 сомонӣ шудаасту андози аксизӣ 720 сомонӣ! Яъне, аксиз қариб 18 маротиба баланд шудааст.»

Фирдавс мегӯяд, ки қаблан ҳам барои онҳо супурдани андози аксизӣ миёншикан буд, вале якбора 18 маротиба гарон шудани ин навъи пардохтҳо фаъолияти интернет-кафеҳоро тақрибан ғайримумкин кардааст.

Шукуров афзуд, ки вай ҳамроҳи бархе дигар соҳибони интернет-кафеҳо ба мақомоти андоз шикоят кардаанд, ки пардохтҳо набояд миёншикан бошанд. Вале нозирони андоз дар ҷавоб ба онҳо гуфтаанд, ки ин мизони андоз аллакай қабул шудааст ва хоҳед фаъолият кунед, нахоҳед не. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, мақомот бо баҳонаи андоз мехоҳанд интернет-кафеҳоро барҳам диҳанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, Улаш Ғафуров, як масъули интернет-кафеи «Галаксӣ» дар ноҳияи Синои пойтахт гуфт, андози гарони аксизӣ барои он интернет-кафеҳое таалуқ дорад, ки дар компютерҳояшон бозиҳои компютерӣ насб кардаанд ва аз ҳисоби ин бозиҳо фоида ба даст меоранд.

Иттифоқан, дар аксари интернет-кафеҳо ба бозиҳои компютерӣ машғул шудан низ мумкин аст, ки бештар хонандагони мактаб аз ин имконият истифода мекунанд. Вале аксари соҳибони интернет-кафеҳо мегӯянд, бахши аъзами даромади онҳо аз ҳисоби бозӣ аст ва молиёти гарон ин қабил соҳибкоронро варшикаста мекунаду шаҳрвандон ҳам аз дастрасӣ ба интернет маҳрум мешаванд.

Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки бино ба Кодекси нави андоз, таъини мизони андозҳои аксизӣ барои ин ё он гуна хидматрасонӣ дар ихтиёри мақомот ва маҷлисҳои маҳаллист: «Бо назардошти таҷрибаи андозбандии Русия ва Қазоқистон, меъёри андозбандӣ барои ин гуна фаъолиятҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ таъин карда мешавад. Яъне, меъёри андозбандӣ барои тиҷорати бозиҳои компютерӣ, масалан дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ҳар ноҳия таъин карда мешавад.»

Ҷаноби Ҷабборов афзуд, агар мақомоти маҳаллӣ ва маҷлиси вакилони ҳар ноҳия мизони молиёти соли ҷориро таъин накунанд, мувофиқи талаботи кодекси нав соҳибкорон бояд 150 дарсади андози порсолаи худро бипардозанд. То замони содир шудани қарори дахлдор аз ҷониби маҷлиси вакилони ҳамон ноҳия вазъ ҳамин гуна боқӣ мемонад.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Аммо коршиносон мегӯянд, меъёри аз ҳад баланди андоз интернет-кафеҳоро муфлис мекунад, одамон аз ҷойи кор ва даромад маҳрум мешавад ва дар ниҳояти амр буҷаи кишвар зарар мебинад.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои таъминкунандаи хадамоти интернетӣ, мегӯяд, фарох шудани дастрасии мардум ба интернет яке аз бандҳои стратегияи давлати Тоҷикистон оид ба технологияи иттилоотӣ барои рушд аст. Вале гарон шудани андоз барои интернет-кафеҳо боиси баста шудани қисме аз онҳо мегардад, ки дар натиҷа дастрасии мардум ба интернет маҳдуд мешавад: “аз он ки дар як сол аз интернет-кафеҳо андози зиёд ситонида мешаваду онҳо маҳкам мешавад, дар солҳои ояндаи худи базаи андозситонӣ кам мешавад. Яъне, дар ояндаи дарозмуддат миқдори андозсупорандаҳо кам мешавад. Аз ин кор на будҷаи давлат фоида мебинаду на ҷомеа.”

Бояд гуфт, бар пояи назарсанҷии нави созмони Gеllup миёни сокинони болиғи Тоҷикистон, ҳамагӣ се дарсадашон гуфтаанд, ки дар хона ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. Ин пажӯҳиши Gеllup муайян кардааст, ки интернет дар хона барои бештар аз 97 дарсади сокинони калонсоли Тоҷикистон дастрас нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG