Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ба Узбакистон посухи ҳамвазн нахоҳад дод.

Ахиран ошкор гаштааст, ки Узбакистон интиқоли пул ба Тоҷикистон манъ кардааст. Рӯзи 16-уми феврал сарвари Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузори русии “Регнум” гуфтааст, дар ҷавоб Тоҷикистон интиқоли сармоя ба Узбакистонро манъ нахоҳад кард.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, шаҳрвандони Узбакистон ҳаққи фиристодани ҳеҷ гуна маблағ ба Тоҷикистонро надоранд. Ин дар ҳолест, ки аз тобистони соли 2010 интиқоли сармоя аз Узбакистон ба Қирғизистон расман мамнӯъ шудааст, вале дар бораи Тоҷикистон хабаре нашр нашуда буд.

Мақомоти Узбакистон интиқоли пул ба Қирғизистонро дафъатан пас аз рӯйдодҳои хунини моҳи июни соли гузашта дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод манъ карданд.

Сухангӯи Бонки миллии Қирғизистон, Сауле Сегизбоева, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳақиқат интиқоли пул аз Узбакистон ва Қирғизистон аз тобистони соли гузашта ба ин сӯ қатъ шудааст.

Бархе аз таҳлилгарон, аз ҷумла ҳуқуқшинос ва раиси созмони ғайридавлатии “Тартиб ва ҳуқуқ” дар Уш, Иззатулло Раҳматуллоев, мегӯянд, ба гумони онҳо ин тасмими Тошканд ангезаҳои сиёсӣ дошта метавонад. Вай гуфт: “Узбакистон шояд ҳарос дорад, ки онро ба интиқоли сармоя барои созмонҳои узбактабори ҷануби Қирғизистон, ки бархе рӯҳияи ҷудоихоҳӣ доранд, айбдор накунанд.”

Аммо коршиносони дигар ин қарори Узбакистонро як ҳаракати дигари кинаварона нисбати Қирғизистон ва Тоҷикистон мешуморанд, зеро манъи интиқоли пул аз Узбакистон ба Тоҷикистон ягон баҳонаи расмӣ дошта наметавонад ва танҳо хилофи манофеи иқтисодии ҳамаи тарафҳост.

Узбакистон дар интиқоли молу колои тронзитӣ ба Тоҷикистон низ мушкил эҷод карда, аз соли 1992 ба ин сӯ парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишварро манъ намудааст. Чанд моҳ пеш Тошканд ҳамчунин созишномаи таъмини амнияти парвозҳо дар ҳарими ҳавоииро, ки ду кишвар дар соли 1994 имзо карда буданд, беэътибор эълон намуд ва хостори пардохти боҷ барои парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон аз фазои Узбакистон шуд.

Сарвари Бонки миллии Тоҷикистон манъи интиқоли сармоя аз Узбакистон ба Тоҷикистонро як кори дохилии Узбакистон номида, гуфтааст, ки кишвараш дар ҷавоб интиқоли сармоя аз Тоҷикистон ба Узбакистонро маҳдуд нахоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Регнум” шаҳрвандони Узбакистон ба камияш ду моҳи охир шикоят доранд, ки ба Тоҷикистон пул фиристода наметавонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG