Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ӯзбакистон барои узвият дар ДОИШ аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад


Президент Ислом Каримов қонунеро имзо кард, ки аз ин ба баъд барои «ҷиноят алайҳи сулҳу амнияти кишвар ва ё фаъолият ба фоидаи давлати хориҷӣ» шахсонро аз шаҳрвандии Ӯзбакистон маҳрум мекунад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон таҳриру иловаҳо ба қонун «Дар бораи шаҳрвандӣ» ба ҳукми қонун даромад, ки дар сурати содир шудани ҷинояти «зидди сулҳу амният» шахсонро аз ҳуқуқи шаҳрвандии Ӯзбакистон маҳрум мекунад. Тарҳи қонун «Дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбакистон», ки ахиран аз ҷониби президент Ислом Каримов имзо шуда матнаш рӯзи 11 август дар матбуоти расмӣ нашр шуд, қаблан аз ҷониби парлумони Ӯзбакистон таҳия ва тасвиб шудааст. Дар қонуни нав гуфта мешавад, ки шахс аз шаҳрвандии Ӯзбакистон дар ҳолате маҳрум мешавад, ки бо фаъолиятҳояш ба манфиати давлати хориҷӣ - ба ҷомеа ва давлати худ осеб расонидааст ва ё ҷиноятҳое содир кардааст, ки алайҳи сулҳу амнияти кишвар равона шудаанд.

Дар қонунҳои дигаре, ки мавриди таҳрир қарор гирифтаанд, аз афроди муттаҳам ба терроризм акнун ба фоидаи давлат пардохти ҷуброни хисорот тақозо мешавад. Матбуот менависад, ки ҳадафи ин қонун муҷозот кардани шаҳрвандонест, ки ба гурӯҳҳои ҷангии хориҷӣ, мисли «Давлати исломӣ» ва ё «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» пайвастаанд. Бар тибқи иттилои манобеи мухталиф, дар қаламравҳои Сурияву Ироқ ва ҳамчунин дар ҳайати гурӯҳҳои Толибон дар Афғонистон аз 500 то чандин ҳазор шаҳрванди Ӯзбакистон қарор доранд.

Чанд рӯз пеш баъзе нашрияҳои русӣ навиштанд, ки айни чунин қонун дар Тоҷикистон ҳам қабул шудааст, вале мақомоти тоҷик ин хабарро ба шиддат рад карданд. Муҳаммадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон рӯзи 10 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тарҳи нави қонуни шаҳрвандӣ ба лағви шаҳрвандии онҳое, ки дар хориҷ меҷанганд, ягон ишорае нест. Ватанзода гуфт, Тоҷикистон барои шаҳрвандонаш, ки дар қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, шонси бозгашт ва озод шудан аз ҷавобгариро фароҳам овардааст.

Вай гуфт, агар муқаррароти лағви шаҳрвандӣ ҷорӣ шавад, ин нафарон аз ҳуқуқи бозгашт ба ватан комилан маҳрум мешаванд. Масъалаи ба гурӯҳҳои ҷангии давлатҳои хориҷӣ, бахусус дар қаламравҳои Сурияву Ироқ пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст. Моҳҳои охир дар ҳама сатҳҳо – аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то президент – дар бораи хатарҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангӣ сӯҳбат мекунанд ва талош доранд азми онҳоеро, ки ба гуфтаи мақомот, «фирефтаи ваъдаҳои дурӯғин» шудаанд, бигардонанд. Ба ҳисоби вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 519 шаҳрванди ин кишвар дар қаламравҳои зери назорати «Давлати Исломӣ» қарор дошта, марги 150 нафари онҳо тасдиқ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG