Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бори аввал дар даҳ соли ахир таътилам замоне иттифоқ уфтод, ки дашту даман бо қабои сабзи махмалинаш менозиду дарахтон пероҳани ороёфта бо гулҳои садранги худро ҷилва медоданд ва гиёҳу буттаҳои сарсабз дар лаби рудҳои мусаффо худнамоӣ доштанду накҳати биҳиштии онҳо димоғҳоро навозиш мекард.


ДАРВОЗАИ НИМАБОЗИ МАРЗ

...Кӯлоб бо шӯру валвалаи ҳамешагияш пушти сар монд ва акнун “Нива”-и кӯҳансол дар масири Шӯрообод аз роҳҳои ҷое сангфаршу ҷое санглох пеш мехазид. Баҳори Терай чашмҳоро афсун карда буд ва моро бо роҳи валангору таъмирнадида, ки ронанда аз қитъаҳои шикастуву сангҳои азимааш моҳирона убур мекард, коре набуд. Чашм аз зебоии атроф замоне бардоштем, ки мошин дар канори постгоҳи марзӣ бозистод. Марзбон сӯи мо нимнигоҳе афканд ва аз ронанда хост, ки ба постгоҳ дарояд.

-Чиба? -ҳайрон шуд ронанда.

-Бояд аз қайд гузарӣ...

Баъд аз чанд лаҳза ронанда аз постгоҳ бо қавоқи овезон баргашт:

-Инҳош ҳам сар карданд... То динаро хап буданд, ҳоло бошад – “як сомонӣ деҳ!”...

Сӣ-чиҳил қадам дуртар постгоҳи милиса ҷойгир буд. Ронанда ин бор эътирозе накарда, аз ҷайбаш як сомонӣ баровард ва байни ҳуҷҷатҳо гузошту дохили постгоҳ шуд.

-Ҳар боре, ки аз ин ҷо мегузарем, ба милисаҳо як сомонӣ медиҳем. Ин таксаи доимӣ аст, -гуфт ронанда баъди тарки постгоҳи “Дараи об”, - аммо ин погранҳо (марзбонҳо) то ин вақт пул намегирифтанд...

Ронанда афзуд, ки милисаҳо ӯро хуб мешиносанд ва медонанд, ки бегонаеро ба мошинаш савор намекунад, аз ин рӯ тақрибан ягон бор мусофиронашу бори онҳоро тафтиш накардаанд. Аммо гоҳ-гоҳ милисаҳо ҳамроҳи кормандони Оҷонси маводи мухадир рейд мегузаронанд ва он вақт мусофирон маҷбур мешаванд, ки халтаву борҷомаҳои худро боз кунанд.

-Яъне, агар касе хоҳад, метавонад бемалол маводи мухаддирро гузаронад?-мепурсад як ҳамсафари мо.

Ронанда гуфт, он замонҳо, ки кас аз ҳар деҳаи марзӣ метавонист ҳероин ё нашъаи афғониро пайдо кунад, кайҳо ва бебозгашт гузаштанд. Акнун фақат одамони ангуштшумор ва “тағодор” ба ин кор машғуланд. Аммо онҳоро ҳам зуд-зуд боздошт мекунанд. Чанд рӯз пеш, афзуд ӯ, дар шаҳри Кӯлоб чаҳор сокини деҳаи Ёлро бо чанд кило “бор” дастгир карданд. “Мегӯянд, ки ҳоло ҳам қочоқбарҳои афғон ва ҳам қочоқбарҳои худамон таҳти назорати КГБ ва амниятиҳои Афғонистонанд, зарур шавад, қапиданашон “ду карат ду” аст”...

КИШВАР ЧӢ ГУНА, РОҲҲО НАМУНА

Овораи сӯҳбат чӣ гуна аз мавзеъҳои пурхатари роҳ сӯи Бадахшон гузаштанро нафаҳмидем. Роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ ҳоло ягона роҳест, ки манотиқи марказиву ҷанубии Тоҷикистонро бо шарқи кишвар мепайвандад ва он чаҳор фасли сол боз аст. Аммо роҳ аз шаҳраки Шӯрообод то наздикиҳои мавзеи Зиғари Дарвоз харобу пур аз чуқуриҳост ва баъзан, ба гуфтаи ронандаи мо, ин қитъаи бузургро дар се-чаҳор соат тай мекунанд.

Баногоҳ ронанда мушоҳида кард, ки аз тарафи муқобил мошине ба чашм намерасад. “Ё роҳро сел бурдааст ё садамае рӯй додааст”, тахмин зад ӯ. Ва воқеъан ҳам, баъд аз тақрибан ним соат мо ба сафи мошинҳое пайвастем, ки интизори аз сангу шағал ва селоба тоза кардани роҳ дар мавзеъи Ғори Ғувак буданд. “Як соат боз мунтазирем, аммо аз техникаи роҳсозҳо дарак нест”, шикоят карда марди кӯҳансоли бадахшӣ, ки ба гуфтааш бояд то бегаҳ худро ба Қалъаихум расонад.





Таваҷҷуҳамонро сайёҳони мотосиклсавори рус ҷалб карданд, ки мехостанд аз селоба убур кунанд. Се мотосикл аллакай дар он сӯи селоба буданд ва сайёҳу ду-се сокини маҳаллӣ шимҳои худро то зону барзада атрофи мотосикли ахири дар селоба дармонда ҷумбуҷул доштанд. Сайёҳ савори мотосикл шуд ва дигарон ҳамакаса онро тела доданд, вале “аспи оҳанин” базӯр пеш мерафт. Ва ҳамон лаҳзае, ки оқибат мотосиклро аз селоба берун карданд, садои “Трактор меояд!” баланд шуд...

Мӯйсафеди бадахшӣ, ки Файзмуҳаммад ном доштааст, гуфт, бори сеюм аз ин роҳ ба Душанбе мераваду бармегардад ва ҳарчанд телевизиони давлатӣ чандин бор дар бораи заҳмати роҳсозони турку эронӣ дар ин ҷода гузоришҳо намоиш додааст, роҳ ҳамоно валангор аст... Аммо, афзуд мӯйсафед, баъзе қитъаҳо дар ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла, дар Зиғар мумфарш шудаанд. “Одам кайф карда меравад... Агар ин роҳро ҳам асфалт мепӯшониданд, роҳат мекардем”.

Рӯзи дигар мутмаин шудем, ки роҳсозони турку эронӣ воқеъан ҳам бекор нанишастаанд, миёни деҳаҳои Хирманҷой ва Кишт купруки тулаш беш аз сад метр бунёд кардаанд, сохтмони ҳамин гуна пул дар сангоби миёни Кишту Шоҳон идома дорад. Дар Шоҳон купруке миёни Тоҷикистону Афғонистон бунёд шудааст ва акнун ҳама интизори рӯзеанд, ки “Ҷаноби олӣ” омода онро боз мекунад. Дар наздикиҳои пул бозори байнимарзӣ ҳам ифтитоҳ хоҳад шуд...

ОБИ ДАРИ ХОНА ҚАДР НАДОРАД?

...Дар деҳаҳои марзии Шӯрообод ҷавонон тақрибан ба чашм намерасанд - аз ҳама хонаводаҳо ҳадди аққал як ё ду нафарӣ дар муҳоҷирати корӣ дар Русияанд. Як прораби роҳсоз, ки дар канори деҳаи Хирманҷой бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем, аз камбуди коргарон шикоят кард. “Ҷавонҳои маҳаллӣ чӣ, суолаш кардам, онҳоро чаро ба кор ҷалб намекунед?”. “Намеоянд, посух дод роҳсоз, мегӯянд, ки кор вазнин ва пулаш кам аст. Гӯё дар Русия кор сабуктар бошад...” Як-ду сокини деҳаи Кишт гуфтаҳои роҳсозро тасдиқ карданд. “Як моҳ аз саҳар то шаб кор мекунӣ, ҳамагӣ 700-800 сомонӣ медиҳанд. Бо ин маош кӣ кор мекунад?”. Онҳо мегӯянд, ки воқеъан ҳам азияти кор дар ғурбатро аз маоши ночиз дар ватан авлотар мехонанд. Як ҷавон аз деҳаи Порвор, ки дар тараддуди сафар ба Русия буд, гуфт, интизори занги ҳамдеҳаҳояш аст – онҳо дар ноҳияи Истраи канори Маскав дар як корхонаи давлатӣ кор мекунанд ва агар ҷойи коре холӣ шуд, зуд ба ҳамдеҳаву хешу таборашон хабар медиҳанд... Ба гуфтаи ӯ, корашон сабук нест, аммо камаш 15-16 ҳазор рубли русӣ, ё беш аз 500 доллар мегиранд ва бо ҷойи хобу таом ҳам таъминанд... Муҳоҷирон бештари маблағро дарёфтаро ба Тоҷикистон мефиристанд ва тирамоҳ, ҳангоми бозгашт, бо худ акнун на фақат телефонҳои мобилу ноутбук, балки чангкашаку “комбайни ошпазӣ” ва дарзмолҳои ширкатҳои маъруфи ҷаҳониро тӯҳфа меоранд...

ТӮИ РУСТАМ, ЗАЙД ВА ДАСТИ ДУОИ МАРДУМ

...Бо милисаҳои дасти тамаъ сӯи ронандаҳо дарознамуда дар бозгашт ба Душанбе ҳам рӯбарӯ шудем. Аз роҳҳои харобу валангор ҳам убур кардем - дар ду тарафи нақби Шар-Шар, ки чанд сол пеш ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Аммо ронандае, ки моро то пойтахт ҳамроҳӣ мекард, аз харобии ин роҳ он қадар нигарон набуд. “Хайр пулашро хурданд ва роҳи бесифат сохтанд ва боз пул ёфтанду роҳа таъмир мекунанд, гуфт ӯ, аммо агар ман роҳбар мебурдам дар ҳар километри ин роҳ як монеъа мегузоштам. Хусусан дар роҳи аз Данғара то Гулистони Восеъ. Баъзеҳо дар ин роҳ бо қадар тез мошин меронанд, ки гумон мекунӣ дар “Формула-як” иштирок мекунанд. Ба қарибӣ, агар хабар дошта бошед, дар ин роҳ боз ду мошин ба ҳам бархурданд ва ҳашт нафар ҷон доданд”.

Пойтахт моро бо ду “сюрприз” истиқбол кард. Дар бораи яке онҳо – парвандаи ҷиноӣ алайҳи тоҷири муваффақ Зайд Саидов аз интернети телефони мобилам хабар доштам. Аммо дар кӯчаву бозор баҳси пахши тӯйи писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи телевизиони К+ бо шарҳи Додоҷони Атовулло ҳам гарм буд. Одамон пораҳо аз ин барномаро ба ҳам қисса мекарданд ва баъзан гуфтугӯ ба баҳс мепечид, зеро на ҳама бо он мувофиқ буданд. Дар бозори “Корвон” ҷавоне иддао мекард, ки тӯйи Рустами Эмомалӣ хело хоксорона буд, албатта, дар қиёс бо тӯйҳои дигар одамони сарватманд. “Ман дар Самарқанд тӯйи писари Мардони Мавлонро дидам, он қадар пурдабдаба буд, ки ҳайрон мемондӣ. Болои сари арӯсу домод қабза-қабза пул мепартофтанд...”. “Лекин дар Самарқанд танзим нест... “Ҷаноб” чаро ҳамаро маҷбуо мекунад, ки се соат тӯй кунанду худаш панҷ соат тӯй додааст? Ва аз кадом ҳисоб ин қадар дабдаба кардааст”-эрод гирифт ҳамсӯҳбаташ. “Э-э, моне, ҳозир кӣ ва дар куҷо фақат се соат тӯй мекунад? Дар ҳама ҷо чор-панҷ соатӣ тӯй мешавад. Фақат ягон бечораи бесоҳиба ёфта ҷарима мекунанд ва он ҳам барои ҳисобот...”

Аммо ба чашм мерасид, ки боздошти Зайд Саидов одамонро бештар ҳайрону саргуму нигарон ва ҳатто ҳаросон кардааст. Бо чанд касе, ки сӯҳбат кардам, мегӯфтанд, шояд ба ҳукумат одамоне, ки мулкро обод мекунанд, лозим нестанд? Ва суоли дигаре низ нуги забонҳо буд - барои барангехтани норозигӣ дар Рашт, ки Зайд Саидов зодаи он водист, чӣ зарурат дошт, дар ҳоле, ки як сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо амалиёти низомӣ дар Хоруғ мардуми Бадахшонро ранҷонида буд. Афроди аз сиёсат огаҳ бошанд боздошти Зайд Саидовро як иқдоми сиёсӣ дар соли интихоботи раёсатҷумҳурӣ мехонданд. Як устоди Донишгоҳи миллӣ гуфт, мақомот аз аввал аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” истиқбол карданд, зеро, аз нигоҳи онҳо, ин ҳизб метавонанд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ раъйҳои мардуми Раштро, ки умдатан пуштибон аз номзади ҲНИТанд, ду тақсим кунад. Аммо баъдан ҳукуматдорон аз қудрат гирифтани ҳизби нав ба ҳарос афтоданд. Ӯ афзуд, сару садоҳое ҳаст, ки Маскав чанд тарҳи тағйири ҳукумати Тоҷикистонро омода ва барои ин маблағи зиёде ҳам ҷудо кардааст. Гӯё бар пояи яке аз ин тарҳҳо – Зайд Саидов, ки бо мақомоти тиҷоратии Русия робитаи наздик дорад, бояд дар дар интихоб ширкат мекард ва аз пуштибонии Маскав бархурдор мешуд...

Як донишманди огаҳи дигар гуфт, овозае ҳаст, ки гӯё Маскав мехоҳад ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон тағояш Матлубхон Давлатовро сари қудрат биёрад. Аммо ӯ ба ин овозаҳо зиёд бовар надорад ва аз зиёд шудани тарғиботи раисиҷумҳур дар телевизион ҳам дар тааҷуб аст. Ба гуфтаи донишманд, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳеҷ алтернатива надорад ва агар ҳамин рӯзҳо интихобот доир шавад, бидуни қонуншиканиҳо ҳам зиёда аз 55 дар сади мардум ба ӯ овоз медиҳанд.

“Худо ояндаро бахайр кунад ва дар Тоҷикистон дигар ягон ҷангу ҷӯш нашавад”, дасти дуо мекушоданд ҳамсӯҳбати ман, ки аз ҳаводиси рӯзҳои ахир нигарон буданд. Ман ҳам ҳар дафъа “омин” гуфта, даст ба рӯ мекашидам...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG