Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиш роҷеъ ба аслиҳаи кимиёии Сурия


 Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ

Дар ҳоле ки ИМА ва Русия маҳви аслиҳаи кимиёии Сурияро баррасӣ доранд, режими президенти Сурия Башор ал-Асад ба Созиши манъи аслиҳаи кимиёӣ имзо гузоштааст

Музокироти маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия миёни Русия ва ИМА рӯзи шанбе идома ёфт. Дар тӯли се рӯзи баҳсу баррасӣ дар шаҳри Женева котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба пешрафти назаррас даст ёфтаанд.

Як мақоми амрикоӣ гуфт, ҷонибҳо дар масъалаи миқдори аслиҳаи кимиёии Сурия ва тафтиши он мавқеи муштарак доранд.

Дар пайи музокироти рӯзи шанбе Керрӣ гуфт, Сурия бояд дар давоми як ҳафта гузориши комиле дар бораи миқдори аслиҳаи кимиёии дар ихтиёр доштааш пешкаш кунад.

Масъалаи асосии музокироти Женева таҳти назорати байналмилалӣ қарор додани аслиҳаи кимиёии Сурия аст. Сурия ба барнома мувофиқат карда, Созиши СММ дар мавриди манъи аслиҳаи кимиёиро имзо кард.

Бо оғози арзёбии ташаббуси Русия президенти ИМА Барак Обама даъваташ аз Конгресс ба хотири дастгирии муҷозоти Сурияро канор гузошт.

Дар ҳамин ҳол дабири кулли СММ Бан Ки Мун изҳор намуд, ки эҳтимол ҳафтаи оянда натиҷаи тафтиши СММ интишор мегардад ва дар он истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия тасдиқ хоҳад шуд.

Вале Бан нагуфт, ки дар ҳамлаи 21-уми август кадом тарафи ҷанги дохили Сурия аз ин аслиҳа кор гирифтааст. Бар пояи иттилои манбаъҳои мустақил ҳамлаи кимиёӣ болои минтақаи Ғутаи канори Димашқ ҳаёти беш аз 1400 нафарро аз байн бурдааст.

Бан мегӯяд:
Кишварҳои зиёд талаб доранд, ки президенти Сурия Башор ал-Асад барканор шавад. Ин масъаларо СММ ба раъйи мардуми ин кишвар ҳавола мекунад. Интихоби ин ва ё он президент ба дасти онҳост. Масъала ин аст, ки дар он ҷо ҷинояти зиёд бар зидди башарият ба вуқӯъ пайвастааст. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки дар он ҷо бо ором шудани вазъ раванди кашидани масъулон ба ҷавобгарӣ доир хоҳад шуд.”

ИМА ва муттафиқонаш режими Асадро бо куштори садҳо нафар тавассути гази заҳролуд муттаҳам мекунанд.

Аммо Асад ва Русия ошӯбгаронро масъули ҳамлаи кимиёӣ меноманд.
XS
SM
MD
LG