Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров бетағйир монд


Коллегияи додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 24 январ ҳукми додгоҳи ноҳияи Бозор Қӯрғон дар мавриди ҳабси абад нисбати Азимҷон Аскаров бетағйир гузошт.

Додгоҳ гуфтааст, бар асоси нишондодҳо ё шаҳодати шоҳидону шахсони ҷабрдида гуноҳи Аскаров исбот шудааст. Иддаоҳо дар мавриди истифода аз шиканҷа ва бозрасии нодуруст нисбати Аскаров тасдиқ нашудааст.

Азимҷон Аскаров гуфт, ки гуруснанишинӣ эълон хоҳад кард.

Дар ҷараёни баррасӣ дар додгоҳ Аскаров айбномаро нисбаташ ғайриқонунӣ хонда ва гуфтааст, ки гуноҳе надорад. Вакили мудофеи Аскаров низ аз додгоҳ хостааст, ба далели набудани нишонаҳои ҷиноят ва тибқи даъвати Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ӯро афв кунад. Аммо додситонӣ хостори бидуни тағйир гузоштани ҳукуми қаблӣ шудааст.

Зимнан, Азимҷон Аскаров, сокини ноҳияи Бозор Қӯрғони вилояти Ҷаллолобод аз фаъолони ҳуқуқи инсон ҳисоб меёфт. Пас аз ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ба гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар қатли корманди пулис боздошт шуда ва додгоҳ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ба далели боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи шиканҷа ва нигаҳдории ӯ дар шароити вазнин қазияи Аскаровро бозбинӣ кунад.

XS
SM
MD
LG