Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарони шабакаҳо барои таҳқири президент муҷозот мешаванд


Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон суханҳои таҳқиромез нисбати президентро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунад. Дар ин бора муовини раиси кумитаи амнияти миллӣ Рустам Мамадсодиқов дар посух ба суоли намояндаи мардуми дар порлумон Ирина Карамушкина, ки алайҳи таҳқиркунандагони президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ чора дида хоҳад шуд, посух дод.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар навбати худ ибтикори намояндаи мардумиро зиёдаравӣ ва назорат бар мунтақидони президентро - таъқиби сиёсӣ унвон карданд.

Карамушкина дар ҷаласаи кумитаи дифоъ ва амнияти порлумон гуфтааст, ки вақтҳои ахир мавҷи иттилоъ бо таҳқири президент бештар шудааст.

Ноиби раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки муассисаи онҳо ин таҳқирҳоро пайгирӣ мекунад ва маводро дар ин бора ба додситонӣ месупорад. Ӯ гуфт, ки президент ба мисли нишон ва парчами миллӣ аз намодҳои давлат ҳисоб мешавад ва таҳқиркунадаҳои раиси ҷумҳур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG