Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон аз тамоми рӯҳониёни Афғонистон хостаанд то ба ҷонибдорони худ бигӯянд, ки интихоботи зудраси президентӣ дар Афғонистон як тавтеаи амрикоист ва натоиҷи он пеш аз пеш аз тарафи Амрико муайян шудааст.

Ҷунбиши Толибон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки шибҳи низомиёни ин гурӯҳ тамоми кормандон, фаъолон, дастгоҳи амниятӣ ва идораҳоро ҳадаф қарор хоҳад дод. Дар изҳороти Толибон аз шаҳрвандони Афғонистон даъват шудааст, ки интихоботро таҳрим кунанд ва бо иштироку раъй додан дар ин маърака худро ба хатар рӯ ба рӯ накунанд.

Ин таҳдиди Толибон то кадом андоза ҷиддӣ аст? Қодир Ҳабиб, гузоришгари Радиои Афғонистони Озод, радиои Озодӣ мегӯяд, аз онҷое, ки Толибон як нирӯи шӯришии мусаллаҳи қавӣ дар Афғонистон ҳаст ва пеш аз ин ҳам ҳуҷумҳоеро дар нуқоти мухтилифи Афғонистон анҷом додаанд ва қурбониҳое зиёдеро низ ба бор овардаанд, мешавад гуфт, ки таҳдиди Толибон метавонад як таҳдиди ҷиддӣ ба мардум бошад.

Дар посух ба ин таҳдиди Толибон Комиссиюни интихоботии Афғонистон аз худи Толибон даъват кардааст, ки дар интихобот иштирок кунанд ва ба номзади мавриди назари худ раъй бидиҳанд. Комиссиюн гуфтааст, дигар замони он гузашт, ки касе дар Афғонистон бо хушунат ба қудрат бирасад.

Аммо мақомоти Афғонистон чӣ тадобиреро андешидаанд ва оё нирӯҳои миллии Афғонистон дар роҳи таъмини амнияти интихобот аз пуштибонии нирӯҳои байналмилалӣ баҳраманданд ҳастанд? Қодир Ҳабиб мегӯяд, "таъмини амнияти ҳавзаҳои интихоботӣ бар дӯши нирӯҳои миллии Афғонистон аст, аммо нирӯҳои байналмилали ҳам ваъда додаанд, ки дар таъмини амнияти интихобот кӯмак хоҳанд кард."

Аммо Толибон, ки мухолифи баргузории интихобот ҳаст, интихоботе, ки дар он 10 номзад барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳур бо ҳам сабқат мекунанд, аз пайи кадом барнома мегардад? Қодир Ҳабиб меафзояд:

“Толибони бо низоми феълии Афғнистон, ки як низоми демократӣ аст, аз бунёд мухолиф ҳастанд. Гурӯҳи Толибон хоҳони рӯи кор омадани низоми ба таъбири онҳо исломӣ аст. Онҳо ба ин шеваи интихоб, ки мардум ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ биравад ва раҳбари оядаи худро интихоб кунад, арҷ намегузоранд. Толибон муътақид ба гирифтани қудрат аз роҳи зӯр ҳастанд, дар гузашта ва ҳоло ҳам аз хушунат кор мегиранд.”

Қодир Ҳабиб мегӯяд, як гурӯҳи шӯришии дигар дар канори Толибон, ки бо ҳукумати Афғонистон дар ҳоли ҷанг аст гурӯҳи Шӯришии Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматиёр аст. Ин гурӯҳ чанде пеш бо пахши як эъломия дар матбуот пуштибонии худро аз номзад ба мақоми раёсати ҷуҳмур Қудбиддин Ҳилол, ки қаблан дастёри Гулбиддин Ҳикматиёр буд баён дошт ва аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки раъйи худро ба Ҳилол бидиҳанд.

Маъракаи интихоботӣ дар Афғонистон дар гузашта низ дар заминаи таҳдидҳои амниятӣ осеб дидааст. Дар соли 2009 дар рӯзи интихобот дастикам 31 нафар аз аҳолии мулкӣ ва 21 тан аз сарбозу маъмури пулис кушта шуданд. Дар интихоботи моҳи апрели соли равон шаҳрвандони Афғонистон барои Ҳомид Карзай, раҳбари феълии ин кишвар ҷойгузин интихоб мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG