Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии Толибони зиндонӣ. Қадаме ба сӯи сулҳ ё номуайянӣ?


Таҳлилгарон мегӯянд, раҳоии Толибон аз зиндонҳо барои мақомоти афғон бозии қиморро мемонад, ки имкони пирӯзӣ дар он камтар аст.

Барои суръат бахшидан ба кӯшишҳои оштиҷӯёна бо Толибон ҳукумати Афғонистон замонат додааст, ки шуморе аз аъзои гурӯҳҳои тундрави Толибонро аз зиндон раҳо мекунад. Аммо таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки чунин кор ба бозии қимор монандӣ дорад, ки дар он имкони пирӯзӣ камтар аст.

Дар моҳҳои ахир даҳҳо нафар афроди боломақоми Толибон аз зиндонҳои Афғонистону Покистон раҳо шуданд. Акнун интизор меравад, Афғонистон аз зиндонҳои худ ҳазорон нафар Толибони дигарро раҳо кунад ва ҳамин гуна аз Исломобод низ хостааст, ки баъзе аз тундравҳои хатарнокро раҳо созад. Раҳоии зиндониён нишонаи ҳусни нияти давлати президент Ҳомид Карзай дониста мешавад, вале музокироти мустақим бо Толибон рад шудааст.

То ҳол касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки Толибони раҳошуда раҳбарони худро ба музокира бо ҳукумати Кобул ташвиқ мекунанд ва ё Толибони боқимонда ба ҷомеа мепайванданд. 4-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки 80 зиндонии толиб, ки дар ҷараёни амалиёт боздошт шуда буданд, аз зиндоне дар Багром раҳо шудаанд. Дар ин зиндон 3 000 толиб нигаҳдорӣ мешуданд. 4-уми январ ҳамчунин эълон карданд, ки ҳафтаҳои оянда аз ин зиндон 1 200 нафари дигар раҳо хоҳанд шуд.

Дар Покистон 26 толиб раҳо шуд, дар ҳоле ки Кобул номи 40 нафарро ба Исломобод пешниҳод карда буд. Дар назар аст, 100 нафари дигар аз зиндон бароянд.
Дэвид Янг, низоъшиноси амрикоӣ дар Вашингтон, мегӯяд, талошҳои ахири Кобул барои кашондани раҳбарони Толибон бар сари мизи музокира “аз оғоз ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудааст”. Ӯ мегӯяд, қабл аз раҳоии Толибон маълум набуд, ки онҳо дар озодӣ чӣ нақш хоҳанд дошт ва оё раҳбарони худро ба музокира моил хоҳанд кард.

Янг мегӯяд, тибқи созишномаи Кобулу Исломобод дар бораи таъмини “гузаргоҳи амн” барои зиндониёни раҳошуда ҳеҷ шарту шароите гузошта нашуд ва баъзе аз онҳо баъд аз раҳоӣ ба осонӣ ғайб заданд: “Камнатиҷа хоҳад буд, агар мақомоти афғон қабл аз раҳоӣ муносибот бо зиндониёнро барқарор карда бошанд. Онҳо бояд самимияту вафодории Толибонро ҳанӯз дар зиндон имтиҳон мекарданд. Сипас, бо назардошти ин нукта шояд раҳоии Толибонро замонат медоданд, то бидонанд, ки онҳо дар озодӣ суде меоранд.”

Барномаи Сулҳ ва мусолиҳаи Афғонистон, ки барои Толибони “пиёда” амнияту ҷои корро замонат додааст ва аз кишварҳои кӯмаккунанда 140 миллион доллар барои ин кор гирифтааст, танҳо 1000 нафар Толибро ташвиқ кардааст, ки аслиҳаашро ба замин гузоранд. Толибон то ҳол ба музокироти мустақим розӣ нашудаанд ва ҳукумати Кобулро ғайриқонунӣ ва “бозича”-и дасти Ғарб медонанд. Барои ҳамин, Кобул бояд нишон диҳад, ки худаш бидуни Ғарб мустақилона метавонад фаъолият кунад ва тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG