Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нооромиҳо дар Афғонистон шумори тоҷирони афғонро дар бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ кам карда, дар содироти молу коло ҳам таъсир расондааст. Чанд сол аст дар мавзеъҳои марзӣ гурӯҳи тундрави Толибон амалиёт анҷом медиҳанд. Ба сабабҳои амниятӣ марзбонони ду давлат гузаргоҳҳои сарҳадиро мебанданд. Чанд замон ҳам ин мушкилот боис ба таътили бозорҳои наздисарҳадӣ гашт.

Шайх, афсари олирутбаи марзи Шуғнони Афғонистон, ба мо гуфт, бо талоши сарбозон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон гурӯҳи Толибон феълан ба кӯҳҳои Вардуҷу Роғ, ки ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистонанад, ақибнишинӣ кардаанд. “Ҳоло вазъ каме беҳтар шудааст, вале чун тоҷирон аз баргузор шудани бозор хабар надоштанд, танҳо теъдоди камтари онҳо ба ин тарафи марз омаданд,” – афзуд ӯ.

Дар Бадахшон се бозори марзӣ фаъол аст: дар Ишкошим, Тем ва Рузвай. Маъмулан шанбеи ҳар ҳафта ташкил мешаванд. Эҳсоси беамнӣ шумори тоҷиронро кам кардааст, дар ҳоле ки қаблан дар бозорҳои наздимарзӣ маъмулан аз 300 то 400 нафар доду гирифт мекарданд. Пеш аз ворид шудан ба марз ва бозори воқеъ дар хоки Тоҷикистон, тоҷирон ва моли савдогарони афғон аз назорати марзбонҳои тоҷик мегузарад. Баъдан дар дохили бозор ҳам ҷараёни савдоро намояндаҳои ҳифзи қонуни ҳарду кишвар назорат мекунанд.

Тоҷирони кишвари ҳамсоя дар “Афғонбозор” колову пойафзол, атриёт, ороишоти занона, асбобу афзори оҳангариии маъмулан истеҳсоли Эрону Покистонро ба фурӯш меоранд. Харидорон ҳам ба хотири нисбатан арзон будани ин мол ба он таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд.

Шериддин Шомамадов, сокини маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, аз “Афғонбозор” деги зудпаз ё деги бухор харидааст. Ин деги сохти Покистон ҳамагӣ дар панҷ дақиқа гӯштро мулоим мекунад. “Инро ман бо нархи 110 сомонӣ харидам. Фикр мекунам, вуҷуди чунин бозорҳо барои мардуми ҳар ду тараф муҳим аст. Чун моле, ки ба мо зарур аст, аз онҳо мехарем ва ҳамин тавр онҳо аз мо.”

Қаблан дар ин бозор маводи ғизоӣ низ мефурӯхтанд, ки баъдтар манъ шуд. Қисмати бештари молу колоро тоҷирони кишвари ҳамсоя бо истифода аз ҳайвоноти боркаш меоварданд, ки ин ба сифати маводи ғизоӣ таъсир мегузошт.

Савдогарони тоҷик дар ин бозор асосан либоси истиеҳсоли Чинро пешниҳод мекунанд. Тиҷорати соҳибкорони тоҷик нисбат ба ҳамтоёни афғонашон гарм нест. Барои тиҷорат дар бозори наздимарзӣ савдогарони афғон асосан аз вилоятҳои Тахору Кундуз 400-500 километр роҳро убур карда меоянд.

Саидаҳмади Идимаҳмад, ҷавони 18-солаи сокини вилояти Тахори Афғонистон, ашё ва афзори оҳангариро ба фурӯш овардааст, ки асосан дар Кобул истеҳсол мешавад. Ӯ гуфт, “дар бозор асосан белу ароба ва дигар маҳсулот талаботи зиёд дорад. Падарам дар Шуғнони Афғонистон дӯкон дорад. Аз ин хотир, молро ба бозори наздимарзӣ меорам ва ҳар ҳафта то 400 сомонӣ даромад мешавад.”

Зимнан, дар худи ҳамин бозор пули сомониро ба афғонӣ ё доллар табдил карда, баъд ба ватан мебаранд. Тибқи муқаррарот маблағи моли барои табодул набояд аз 1000 доллар бештар бошад. Паҳлавонмеҳтар валади Дӯстбой, ки ба гуфтаи худаш дар гузашта гӯштигир будааст, ҳоло ба китобфурӯшӣ гузаштааст. Зеро ба назари ӯ “савоб”-и чунин тиҷорат ба маротиб бештар будааст.

«Масалан, девони Румиро 100 сомонӣ нарх гузоштаам. Дигар китобҳоро метавон бо нархи аз 20 то 40 сомонӣ харид. Албатта, миёни мардум дӯстдорони чунин китобҳо хеле зиёданд, аммо аксаран онҳое харидорӣ мекунанд, ки форсиро медонанд,» - шарҳ дод ӯ.

Елена Клеменкова, як сайёҳи русро овозаи “Афғонбозор”-у табиати тиҷорати наздимарзии сокинони рустоҳои Тоҷикистону Афғонистон ба Бадахшон овардааст. Ӯ мегӯяд, барояш ҳамеша ҷолиб буд, бо рӯҳияи ин бозор ва муомилоте, ки байни тоҷирон сурат мегирад, аз наздик ошно шавад: “Мо ҳатто талош кардем, ки сафарамон ба рӯзи баргузории бозор рост ояд. Нарх дар бозор нисбатан арзон аст ва мо барои худамон кӯлоҳи афғониро ҳамчун яке аз рамзҳои Афғонистон харидем.”

Тибқи лоиҳа бояд бозорҳои марзӣ барои наздиксозии фарҳангҳо, дастгирии истеҳсолкунандаҳои маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ боис гарданд. Асосан онҳо бо маблағи созмонҳои байналмилалӣ сохта мешаванд. Дар ҳудуди Бадахшон аз ин гуна бозорҳо тибқи қарори ҳукумат бояд боз дар мавзеи Ванҷ, Қалъаи Ҳусайн ва Мурғоб таъсис ёбанд, ки яке аз онҳо дар сарҳади Тоҷикистону Чин бояд қарор бигирад.

Ҳукумат умед дорад, ба ин васила ба поин овардани нархи маҳсулоти воридотӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ муваффақ шавад ва дӯстиро бо миллатҳои ҳамсоя тақвият бахшад. Сар баланд кардани ҳаракати тундрави Толибон дар ин мавзеъ ҳоло ягона халал барои расидан ба ҳадафҳои аслӣ номбар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG