Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати фармондеҳи Толибон дар наздикии марз бо Тоҷикистон


Нирӯҳои афғон дар Қалъаи Зол. Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои афғон дар Қалъаи Зол. Акс аз бойгонӣ

Дар як задухӯрд дар наздикии марзи вилояти Қундуз бо Тоҷикистон як фармондеҳи аршади ҷунбиши Толибон бо номи Мавлавӣ Муҳибуллоҳ Ҳақёр кушта шудааст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёти рӯзи 17 апрели нирӯҳои давлатӣ дар минтақаи Оқтеппаи вулусволӣ(ноҳия)-и Қалъаи Золи вилояти Қундуз 8 ҷангҷӯ, бо шумули Мавлавӣ Муҳибуллоҳ Ҳақёр ном фармондеҳи аршади ҷунбиши чирикии Толибон кушта шуданд.

Маҳбубуллоҳ Соҳибӣ, вулусвол(ҳоким)-и Қалъаи Зол рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, задухӯрд бо гурӯҳи Мавлавӣ Ҳақёр дар тақрибан 24-километрии марзи ин ноҳия бо Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Маҳбубуллоҳ Соҳибӣ гуфт, азбаски Қалъа Зол як вулусволии аз маркази вилоят – шаҳри Қундуз дурафтода аст ва манотиқи ғайримаскунӣ зиёд доранд, вақте ҷангҷӯёни Толибонро аз саҳафоти дигари Қундуз танг мекунанд, онҳо ба инҷо паноҳ меоранд. Вале ӯ афзуд, ки нирӯи Толибон дар Қалъаи Зол ба ҳадде нест, ки нирӯҳои амниятиро ба чолиш кашида битавонад.

Вулусволи Қалъаи Зол гуфт, дар байни ҷангҷӯёни Толибон ҷангҷӯён аз Тоҷикистону Узбакистон ҳам ҳастанд. Вале ба суоли Озодӣ, ки оё дар байни кушташудаҳои дирӯза ҳам ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ буданд ё на?, оқои Соҳибӣ гуфт, аз 8 ҷасаде, ки аз майдони ҷанг берун оварда шуд, то ҳол танҳо ҳуввияти фармондеҳи онҳо Мавлавӣ Ҳақёр шиносоӣ шудааст. Мавлавӣ Ҳақёр худ зодаи ҳамин минтақаи Қалъаи Зол буд ва дар ҷанубиши Толибон вазифаи минасозӣ дошт.

Қалъаи Зол дар рӯбарӯи Бешаи Палангон ҷойгир шудааст

Қалъаи Зол дар рӯбарӯи Бешаи Палангон ҷойгир шудааст

Вулусволии Қалъаи Зол дар дар рӯбарӯи мамнӯъгоҳи Бешаи Палангони ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар маконе ҷойгир шудааст, ки рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ба ҳам рехта, рӯди бузурги Амӯдарёро ба вуҷуд меоранд.

Маркази вулусволии Қалъаи Зол дар моҳи августи соли 2015 низ аз сӯи чирикиҳои Толибон тасарруф шуда буд. Ба мақомоти афғон танҳо бо ирсоли нирӯҳоит изофӣ аз марказ муяссар шуд, ки ҷангҷӯёнро аз маркази Қалъаи Зол берун кунанд. Вале чирикиҳо дар атрофи маркази вулусволӣ то ҳол нуфуз доранд ва ба гуфтаи ҳокими ноҳия, ҳар сари чанд вақт ба маркази вулусволӣ низ ҳамла меоранд.

Мақомоти вилояти Қундуз мегӯянд, дар ҷараёни амалиётҳои рӯзҳои охир дар ин минтақа ба ҷуз аз Мавлавӣ Ҳақёр боз ду фармондеҳи дигари Толибон – Мулло Саддом ва Ҳабиб Насрӣ ҳам кушта шуданд. Насрӣ бо 5 нафараш дар маҳаллаи Ҷаргузари шаҳри Қундуз дар ҷараёни талоши нокоми Толибон барои тасарруфи дигарбораи маркази вилоят ва Мулло Саддом бо 8 ҷангҷӯяш дар минтақаи Катта-Хейл ба ҳалокат расонда шудаанд.

Дар рӯзҳои охир дар ҳудуди вилояти Қундуз амалиёти густарда алайҳи шӯришиҳои Толибон идома дорад. Рӯзи 17 апрел мақомоти амниятии афғон хабар доданд, ки вулусволии Чаҳордара дар марз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон раҳо кардаанд. Толибон рӯзи ҷумъа ин вулусволиро тасарруф карда, худи ҳамон рӯз барои тасарруфи дигарбораи маркази вилоят – шаҳри Қундуз ҳам талош карданд.

Нирӯҳои амниятии Афғонистон дар Қундуз

Нирӯҳои амниятии Афғонистон дар Қундуз

Асадулло Умархел, волии Кундуз ба расонаҳо гуфт, ки Толибон ба маркази шаш вулусволӣ ва маркази маъмуриивилояти Кундуз аз чанд тараф ҳамла карданд, вале дар натиҷаи муқовимати нерӯҳои амниятӣ, ба шикаст рӯбарӯ шуданд. Генерал Муҳаммадқасим Ҷангалбоғ, фармондеҳи амнияти вилояти Кундуз низ ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёти Толибон ба зарари худи онҳо тамом шуд, чун дар ин амалиёт 40 кушта ва даҳҳо захмӣ доданд.

Толибон дар поёни моҳи сентябр шаҳри Қундузро барои чанд рӯз ишғол карда буданд ва ба нирӯҳои давлатӣ танҳо таҳти пуштибонии нирӯҳои ҳавоии НАТО ва Амрико муяссар шуд, ки ҷангҷӯёнро баъди 4 рӯз аз маркази маъмурии вилояти Қундуз берун андозанд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 ба майдон омада, аз соли 1996 то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат меронд. Режими Толибон, ки меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ карда буд, дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико барандохта шуд. Вале ин гурӯҳ ба муқовиматҳои мусаллаҳонааш алайҳи ҳукумати баъдии Афғонистон ва нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ идома дод. Фаъолиятҳои Толибон бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф аз Афғонистон дар поёни соли 2014 авҷ гирифт ва ҷангҷӯёни он чандин минтақа дар ҷанубу шарқи ин кишвари ҷангзада ва ҳатта дар вилоятҳои шимолии Қундузу Тахор ва Бадахшонро зери назорати худ оварданд.

Авҷи нави ҳамлаҳои ҷунбиши Толибон, аз ҷумла ҳамлаҳои якбора ба марказҳои 6 вулусволӣ ва маркази маъмурии вилояти Қундуз дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ин ҷунбиш бо оғози баҳор аз шурӯи амалиёти нави густардааш хабар дод. Ҷангҷӯён ин амалиётро ба ёди раҳбари фавтидаи Толибон Мулло Умар “амалиёти Умарӣ” ном кардаанд.

XS
SM
MD
LG