Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нахустини Толибон дар бораи марзбонони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Толибон бо нашри як баёния эълон кард, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда" чаҳор марзбони ба асоратуфтодаи тоҷикро озод кардааст.

Гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон гуфт, чаҳор марзбони асири тоҷикро бе ягон шарту шароит озод карда ва дар ивази раҳоии онҳо "чизе ҳам нагирифтааст".

Дар баёнияи расмие, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибон нашр кард, омадааст, онҳо "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда" чаҳор марзбони тоҷикро, ки соли гузашта асир гирифтанд, бо миёнҷигарии Қатар ба Тоҷикистон супурданд.

Ба навиштаи сухангӯи Толибон, вазъи сиҳҳати сарбозони тоҷик хуб будааст. Баъди ба асорати гурӯҳи Толибон афтодан ва аз банди онҳо озод шудани 4 марзбони тоҷик, бори аввал аст, ин гурӯҳи тундрав, ки алайҳи ҳукумати қонунии Афғонистон меҷангад, дар ин бора баёния нашр мекунад.

Аз ин пештар, шоми 17 июн ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Фарҳод Калонови 26-сола аз Душанбе, Меъроҷ Шодиеви 21-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, Тӯйчибой Нурбоеви 20-сола аз Панҷакент ва Сироҷ Давлатови 24-сола аз ноҳияи Қумсангирро пас аз ним соли асорат озод карданд ва рӯзи 11-уми июн ба Тоҷикистон баргардонданд.

Дар хабари кӯтоҳе, ки хабаргузории расмии "Ховар" шоми 16 июн нашр кард, дар бораи шарту шароити раҳоии сарбозон чизе гуфта нашудааст. Дар ин хабар омадааст, ки "дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус, сарбозони қисми низомии 2610-ро, ки 17 декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Тоҷикистон, ки силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Афғонистон бурданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардонданд."

Аммо Толибон гуфтаанд, ки сарбозони тоҷикро ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар қаламрави Афғонистон асир гирифтанд. Баъди ин ҳодиса, яке аз афсарони қисми низомии ин сарбозон воқеъ дар ноҳияи Панҷро барои ба ҳезумчинӣ равон кардани марзбонон ба зиндон маҳкум карданд.

Вазорати умури хориҷии Қатар гуфтааст, бо дархости Тоҷикистон ва бо миёнҷигарии ин кишвар Толибон марзбонони ҷавони тоҷикро озод карданд. Қатар ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки Толибон дар онҷо намояндагӣ доранд ва дар аксари музокироти ин гурӯҳ Қатар миёнҷигарӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ Толибонро ба ҳайси гурӯҳи сиёсӣ ба расмият нашинохтааст ва бо онҳо низ музокирот анҷом надодааст, баръакс, дар замони ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон ба Ҷабҳаи шимол, яке аз гурӯҳҳои асосии мухолифи Толибон кумак кардааст. Аммо борҳо таъкид кардааст, ки ба хотири истиқрори сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя, ки марзи тӯлонии 1400-километрӣ бо Тоҷикистон дорад, мухолиф нест, ки ҳукумати ин кишвар бо Толибон гуфтӯгу кунад.

XS
SM
MD
LG