Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

80 тан аз толибони афғон рӯзи ҷумъа маҳбасҳои пойгоҳи Багром ва Пули Чархиро тарк намуданд.

Ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, аз баҳори соли гузашта ба ин сӯ дар чаҳорчӯби барномаи раҳоии маҳбусон беш аз 600 нафар аз чаҳордевори зиндон берун рафтанд. Ҷалолиддин Деҳотӣ, мудири бахши полиси низомии вазорати дифои Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳошудагон асосан сокинони вилоёти марказӣ, аз ҷумла, Парвону Кобуланд. Ӯ афзуд, ки ҳамаи раҳошудагон қаблан ҳамчун асири низомӣ дар ихтиёри нерӯҳои амрикоӣ қарор доштанд ва ахиран ба мақомоти афғон супурда шуданд. Аксари ин ҷангҷӯён дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои афғон ва байнулмилалӣ асир уфтодаанд.

Ба гуфтаи Ҷалолиддин Деҳотӣ, парвандаи ҳар яке аз ин маҳбусони сиёсӣ аз сӯи кумитаи вижа, ки ба он намояндагони маҳкама, раёсати амнияти миллӣ ва вазоратҳои умури дохилаву дифоъ шомиланд, баррасӣ шудааст. “Кумитаи вижа баррасии парвандаҳоро идома медиҳад ва қарор аст, ки тайи як моҳи дигар боз даҳҳо маҳбусон аз зиндонҳо раҳо шаванд - шумораи умумии аз қайд раҳошудагон то аввалҳои моҳи феврал то ба 1200 нафар хоҳад расид”, мегӯяд мансабдори вазорати дифои Афғонистон.

Айни ҳол дар зиндони пойгоҳи ҳавоии Багром, ки аз сӯи мардум “Гуантанамои Афғонистон” номгузорӣ шудааст, каме бештар аз 3 ҳазор маҳбус ба сар мебаранд. 400 нафари дигар бандии маҳбаси Пули Чархиянд.

Моҳи марти соли гузашта ИМА ва Афғонистон созишеро имзо карданд, ки бар пояи он, маҳбаси пойгоҳи Багром дар ихтиёри мақомоти Афғонистон қарор мегирад. Маросими интиқоли назорати маҳбас ба афғонҳо моҳи сентябр баргузор шуд. Аммо, ба иттилои Кобул, интиқоли пурраи маҳбас ба нерӯҳои маҳаллӣ то ҳол сурат нагирифтааст, зеро Вошингтон ба омодагии афғонҳо барои идораи ин маҳбас мутмаин нест.

Охирҳои соли гузашта Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки нерӯҳои амрикоӣ чун пештара боздошту ҳабси афғонҳоро идома медиҳанд ва ин, ба гуфтаи ӯ, нақзи созиши ҳосилшуда миёни Вошингтону Кобул аст. Карзай афзуд, дар ҳоле, ки додгоҳҳои Афғонистон барои раҳоии маҳбусон ҳукм содир кардаанд, амрикоиҳо барои озод кардани онҳо шитоб надоранд.

Қарор аст, ки мавзӯи дар ихтиёри нерӯҳои афғон қарор гирифтани ҳама зиндонҳои кишвар дар меҳвари музокироти қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо президенти ИМА Барак Обама қарор бигирад. Сафари Карзай ба Вошингтон дар ҳафтаи оянда пешбинӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG