Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни Толибонро баъди 8 моҳ аз Дашти Арчӣ ва Чордара берун кардаанд


​Мақомоти Афғонистон мегӯянд, марказҳои маъмурии ду вулусволӣ дар наздикии марзи Тоҷикистонро аз ҷангиёни Толибон пас гирифтаанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар поёни ҳафтаи гузашта марказҳои маъмурии ду вулусволии Дашти Арчӣ ва Чордараи вилояти Кундузро аз ҷангиёни Толибон пас гирифтаанд, вале вулусволии бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарзи Дарқад ҳамчунон дар дасти ҷангиён боқӣ мемонад.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Кундуз рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 60 дарсади қаламрави вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Чордара, ки қариб 8 моҳ боз дар дасти Толибон қарор доштанд, дигарбора таҳти назорати нирӯҳои давлатӣ омадааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ду вулусволӣ танҳо бархе қарияҷоте дар дасти ҷангиён боқӣ мондааст, вале вазъ ба сурати умум ба фоидаи нирӯҳои давлатии Афғонистон тағйир хӯрдааст.

Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, дар байни ҷангиёне, ки дар ҷабҳаҳои шимоли Афғонистон аз тарафи Толибон алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд, ҷангиёни тоҷикистониву узбакистонӣ низ зиёданд. Саидсарвар Ҳусайнӣ мегӯяд, ин ҷангиён марбут ба гурӯҳҳоеянд, ки талоши аз тариқи шимоли Афғонистон гузаштан ба он сӯи Омӯ ва густариши фаъолиятҳои худ дар кишварҳои Осиёи Марказиро дар сар доранд.

Сухангӯи фармондеҳи амниятии Кундуз афзуд, аз замони тасарруфи маркази ин вилоят аз сӯзи Толибон дар поёни моҳи сентябр ба ин тараф дар набардҳо беш аз 1 000 тан аз ҷангиёни Толибон, бо шумули ҷангиёни зодаи Осиёи Марказӣ ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии вилояти бо Кундуз ҳамсояи Тахор рӯзи 2 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти густарда алайҳи Толибон дар вулусволии Дарқад ба далели боришоти шадид дар ин минтақа ба таъхир уфтодааст: "Маркази Дарқад то ҳол дар дасти Толибон боқӣ мемонад. Ин вулусволӣ аз се тараф бо марзи Тоҷикистон ва рӯдхонаҳои Панҷу Омӯ барои убури нирӯҳои давлатӣ дастнорас аст ва азбаски бидуни ҳимояти нирӯҳои ҳавоӣ ба роҳ андохтани амалиёти зидди ҷангиён мушкил аст, рондани Толибон аз ин қаламрав чунин тӯл кашид."

Ҷангиёни Толибон субҳи 28 октябр маркази вулусволии Дарқад ва қисматҳои бузурге аз вулусволии Хоҷағорро тасарруф карданд. Хоҷағор дар байни Дарқад ва Дашти Арчӣ ҷойгир шудааст ва мақомоти Тахор мегӯянд, ҷангиёни Толибон таҳти фишори нирӯҳои давлатӣ аз Дашти Арчӣ ва Чордара ақиб нишаста, ҷабҳаи ҷангҳои худро ба ин ду вулусволии вилояти Тахор кӯчондаанд.

Суннатуллоҳ Темур гуфт, барои саркӯби Толибон нирӯҳои изофӣ аз дигар вилоятҳо, аз ҷумла нирӯҳои ҳавоии Урдуи давлатии Афғонистон ҷалб шудаанд, вале то имрӯз барои кумак ба нирӯҳои ҳавоии эътилофи таҳти фармони НАТО муроҷиат нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, тайи 5 рӯзе, ки аз тасарруфи маркази Дарқад ва қисмате аз Хоҷағор аз сӯи ҷангиёни Толибон мегузарад, дар набардҳо беш аз 40 тан аз сӯи Толибон ва 10 тан аз нирӯҳои давлатӣ кушта шуда, 18 ҷангии дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тасарруфи вулусволии Дарқад дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳолест ки дар поёни моҳи сентябр ҷангиёни Толибон барои чанд рӯз шаҳри Қундуз, маркази маъмурии вилояти низ бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо баъди чанд рӯзи амалиёти густурда ва ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, то ҷангиёни Толибонро аз ин шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳим берун андозанд.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи изҳори нигаронӣ кард, ки даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

Аммо дар пайи тасарруфи вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дарқад, вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, сатҳи омодагии нерӯҳои қудратии кишвар дар хатти марзи муштарак бо Афғонистон дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Толибон ва "Давлати исломӣ" ба андозае ҳаст, ки метавонанд дар зудтарин фурсат вокуниш нишон диҳанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин вазорат ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои вижаи амниятии Сарраёсати марзбонӣ ва Вазорати дифоъ ҳамарӯза оид ба пешравиҳои Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, иттилои дақиқ пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи Маҳмадалиев, "гурӯҳи махсуси ниҳодҳои қудратӣ шумораи ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар Кундуз ва ё дар вулусволии Дарқад, теъдоди таслиҳоти онҳо, дар кадом маҳаллаҳо ҷойгир шудани онҳоро иттилоъ медиҳанд ва аз ин сӯ ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ва қисмҳои ҳарбии дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар ҳоли омодабош қарор доранд."

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005, дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия, худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

XS
SM
MD
LG