Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Толибон: "Ба ҳамсояҳои шимолӣ таҳдид нестем"


Раҳбари нави Толибон Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар паёми худ ба муносибати Иди Қурбон гуфтааст, ки онҳо барои ҳамсояҳои шимолиашон таҳдид нестанд ва кишварҳои Осиёи Миёна набояд нигарон бошанд.

Раҳбари нави Толибон гуфтааст, ки онҳо барои кишварҳои Осиёи Миёна таҳдид нестанд ва ин кишварҳо набояд аз ин ҷиҳат нигарон бошанд.

Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари нави Толибон дар паёме, ки ба муносибати Иди Қурбон нашр кард, гуфтааст, ки нерӯҳои хориҷӣ ва муттаҳидонашом мехоҳанд, ҳамлаҳои онҳо дар шимолро барои кишварҳои Осиёи Миёна ба шакли хатар ва таҳдид, муаррифӣ кунанд.

Раҳбари нави Толибон гуфтааст, ки сиёсати ин гурӯҳ дар баробари ҳамсояҳои шимолии Афғонистон рӯшан аст ва онҳо набояд Толибонро ба унвони душман бишиносанд. Афғонистон дар шимоли худ бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон марзи муштарак дорад. Русия низ ҳудуди ин кишварҳо бо Афғонистонро марзи ҷанубии худ мешуморад ва вазъ дар Афғонистон ҳамвора мояи нигаронии мақомоти Маскав будааст.

Мулло Ахтармуҳаммд Мансур дар ин паёми худ таъкид кардааст, ки сулҳ замоне дар Афғонистон таъмин хоҳад шуд, ки агар ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд. Мулло Ахтармуҳаммад Мансур ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамаи қарордодҳои мавҷудаи низомиву амниятии Кобул бо кишварҳои дигар бояд бекор карда шаванд.

Ин паёми раҳбари нави Толибон дар робита ба мавқеи ин гурӯҳ бо кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоле садо медиҳад, ки сарони ин минтақа борҳо аз афзоиши ноамниҳо ва фаъолияти ҷангиёни ин кишварҳо дар сафҳои Толибон, ки дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳузур доранд, нигаронӣ кардаанд.

Дар моҳи декабри соли гузашта Толибон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз чаҳор марзбони тоҷикро ба гарав бурданд ва танҳо пас аз чанд моҳ ва он ҳам бо мусоидати амири Қатар онҳоро раҳо карданд. Толибон дар марзи Афғонистон бо Туркманистон низ чандин бор бо марзбонони туркман вориди даргирӣ шудаанд.

Аз оғози соли ҷорӣ вилоятҳои шимолии Афғонистон нооромтар шудаанд ва ҳамакнун дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон дар миёни Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон даргириҳо идома доранд. Як мояи нигаронии мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ин аст, ки дар сафҳои Толибон ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳузур доранд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки доманаи даргириҳо ба ин сӯи марз густариш биёбад.

Пас аз афзоиши хушунат ва даргириҳо дар шимоли Афғонистон, мақомҳо дар ҳукумати он кишвар гуфтаанд, ки Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ дар ҳамоҳангӣ бо ҳалқаҳои истихборотӣ мехоҳанд, ки ҷангро аз ҷануб ба шимоли кишвар интиқол бидиҳанд. Нурулҳаққ Улумӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ахиран гуфт, ки ҳаросафканон мехоҳанд аз ин тариқ кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдид кунанд.

XS
SM
MD
LG