Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути Дашти Арчӣ пас аз Чаҳордара


Ба дунболи суқути ноҳияи Чаҳордараи вилояти Кундуз дар ду рӯзи пеш, субҳи имрӯз минтақаи Дашти Арчӣ низ дар ин вилояти ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон мегӯянд, ки субҳи рӯзи душанбе ноҳияи Дашти Арчӣ ба тасарруфи Толибон даромад.

Насриддин Саъдӣ, раиси Дашти Арчӣ дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ аз суқути ин вулусволӣ ба дасти Толибонро хабар дод. Вай гуфт, ки мухолифони мусаллаҳ аз ду рӯз ба ин тараф ба маркази Дашти Арчӣ ҳамлаҳои густардаеро роҳандозӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон таъйид кардааст, ки ин ноҳияро Толибон тасарруф карданд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш ноҳияи Чаҳордараи ин вилоят ба контроли Толибон даромада буд.

Да пайи суқути ноҳияи Чаҳордара дар вилояти Кундуз, Сенат ё палатаи болоии парлумони Афғонистон рӯзи якшанбе вазъи амниятии ин кишварро “бисёр бад” номида, гуфт, агар таваҷҷӯҳи лозим сурат нагирад, баъзе аз ноҳияҳои дигар низ ба ихтиёри ҷангиён хоҳанд гузашт.

Мақомоти Кундузи Афғонистон гуфтанд, ки шоми 20 июн ноҳияи Чаҳордараи ин вилояти наздик ба марзҳои Тоҷикистон суқут карда ва ҳоло таҳти итоати ҷангиёни Толибон қарор дорад. Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз, дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, мухолифони мусаллаҳ субҳи шанбе болои пости нерӯҳои давлатӣ ҳамла карда, саранҷом ин минтақаро тасарруф намудаанд.

"Дар ҳоли ҳозир Чаҳордара суқут карда ва тамоми соҳаҳо дар ихтиёри ҷангиён қарор дорад," -- гуфт ӯ. Волии Кундуз афзуд, нерӯҳои давлатии афғон дар 4-километрии Чаҳордара бо ҷангиёни Толибон вориди даргирӣ шуда, қасд доранд, ин вулусволии аз дастрафтаро дубора бозпас гиранд.

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз сокинони Чаҳордара дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин вулусволӣ парчами сафеди гурӯҳи Толибон боло карда шудааст.

Аз сӯи дигар, нерӯҳои низомие, ки аз Чаҳордара ақибнишинӣ кардаанд, гуфтанд, ин минтақа бар асари бетаваҷҷуҳии масъулони маҳалии вилояти Кундуз ба ин ҳол гирифтор шудааст. Яке аз ин сарбозон гуфт, "мо аз ду рӯз ба ин сӯ дар ҳолати муҳосира будем. Вале дар вақташ барои мо кумак нарасид ва билохира вулусволӣ аз даст рафт. Масъулон дар фикри бачаҳои мардум нестанд ва дар пушти деворҳои бузург нишастаанд. Бародар, як теъдод аз сарбозони мо дар ноҳия ҳанӯз мондаанд."

Вай дар идома афзуд, "барои мақомоти Кундуз чандин бор занг задем ва хабар додем, аммо касе ба ҳарфҳои мо гӯш накард ва барои мо ҷавоби мусбат надоданд. Аз вулусволӣ берун шудем, чун қариб буд Толибон моро асир бигиранд."

Амриддин Валӣ, муовини Шӯрои вилоятии Кундуз, гуфт, агар вазъият ҳамин гуна идома кунад, эҳтимол шаҳри Кундуз низ аз "контрол" ё назорати нерӯҳои давлатӣ хориҷ бишавад. Ӯ дар сӯҳбати худ бо хабаргузории "Пажвок" низ гуфтааст, "ҳукумати марказӣ ба дархости такрории мо, ки хостем, нерӯҳои иловагӣ фиристода шавад, аҳамият надод ва бетаваҷҷуҳӣ кард."

Даргириҳо дар вилояти Кундуз аз 24 апрели соли ҷорӣ боз идома дорад. Ба иттилои мақомоти афғон, ин даргириҳо то кунун ҳазорҳо танро барои тарки ҷои зисташон маҷбур кардаанд. Қаблан Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундузи Афғонистон гуфта буд, ки ҷасади 18 ҷангҷӯи хориҷиро дар ин вилоят пайдо кардаанд ва онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркияву Чеченистон ҳастанд. Ба қавли Софӣ, ин ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Толибон ҳимояти молӣ ва фаннӣ ё техникӣ мекарданд. Волии Кундуз ба ин бовар аст, ки ин афрод фориғуттаҳсили мадрасаҳои Покистону Афғонистон буда, таҷрубаи ками ҷангро доштанд.

18 июни соли ҷорӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар нишасти марзбонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Душанбе гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав ҷамъ омадаанд. Ба қавли ӯ, ин гурӯҳҳо бештар дар шимоли Афғонистон, ба хусус дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG