Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар чанд задухӯрди рӯзҳои охир дар шимоли ин кишвар ҷангиёни Толибон дасти кам 18 сарбози артиши Афғонистонро кушта, сари баъзе ҷасадҳоро аз тан ҷудо карданд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар чанд задухӯрди рӯзҳои охир дар шимоли ин кишвар ҷангиёни Толибон дасти кам 18 сарбози артиши Афғонистонро кушта, баъзе ҷасадҳоро аз сар ҷудо карданд. Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 13 апрел бо пахши изҳороте гуфт, ки дар ҷангҳои вилояти Бадахшон дасти кам “33 сарбоз шаҳид, маҷрӯҳ ва ё беному нишон шуд”.

Бахши аъзами ҷангҳо дар таърихи 10 апрел рух дод, вақте Толибон ба чанд посгоҳи артиш дар вулусволии Ҷурми Бадахшон ҳамла карданд. Вазорат гуфт, ки бо далели ба роҳ монда шудани таҳқиқот, аз пахши ин хабар дар рӯзҳои пештар худдорӣ кардааст.

Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи раиси вилоят гуфт, ки дар ин задухӯрдҳо дасти кам 18 сарбоз кушта шуд ва ҷасади ҳадди аққал 8 нафари онҳо аз сар ҷудо шудааст. Масъулияти ин ҳамлаҳоро Толибон ба дӯш гирифтанд.

Вазорати дифоъ гуфт, ин ҳодиса дар натиҷаи хунукназарии як афсари полис рух дод, ҳарчанд ҷузъиёти ин изҳорот шарҳ дода нашуд. Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки ҷангиён силоҳу аслиҳаи зиёдеро бо худ бурданд ва мошинҳоеро, ки аз ҷой ҷунбонда натавонистанд, оташ заданд.

Субҳи 13 апрел мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон хабар доданд, ки дар миёни ҷангиёни кушташуда “беш аз ҳафт тан аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон” ҳам ба қайд гирифта шудаанд. Дар изҳорот гуфта шуд, ки бар асари даргириии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо ҷангиёни тоҷик ҳам ҳастанд. Ҳанӯз вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот пахш нашудааст. Ҳамчунон санҷидани дурустии ин изҳорот феълан имкон надорад.

Вале ба иттилои Сахидод, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, дар миёни кушташудагони даргириҳои рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар вулусволии Ҷурм, ҳашт тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣ ҳам буданд, ки аксарашон аз Тоҷикистон ҳастанд.

Вай афзуд: "Теъдоди бисту ҳафт нафар душман кушта шуданд, аз ҷумла ҳашт танашон хориҷӣ аст. Дар байни ин кушташудаҳо чаҳор тан аз фармондеҳонашон шомил мебошанд. Гузориши дақиқе гирифтаем, як теъдоди кушташудагон атбои Тоҷикистон ҳастанд."

Аз сӯи дигар, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Гулмуҳаммади Бедор ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки Умар Ал-Ислом, фармондеҳи ба гуфтаи ӯ "Толибони Тоҷикӣ", дар миёни кушташудагон аст.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ҷангиёни тоҷик аз роҳҳои Ишкошим ва Шуғнон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ба Афғонистон ворид мешаванд.

Ба гуфтаи сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон, дар даргириҳо аз тарафи муқобил, тақрибан ду сад тан меҷанганд.

Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки даргириҳо замоне оғоз шуд, ки Толибон рӯзи ҷумъа ба постгоҳҳои амниятӣ дар минтақаи Дараи Хастак дар вулусволии Ҷурм ҳамла карданд.

Пеш аз ин масъулони маҳаллӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҷангиёни хориҷӣ хонаводаҳояшонро низ ба бархе аз нукоти Бадахшон интиқол додаанд. Бино ба иттилои пулиси Бадахшони Афғонистон, дар вулусволии Ҷурм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣ ҳам фаъолият доранд, ки аз Чатроли Покистон ворид шудаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG