Пайвандҳои дастрасӣ

Дашти Арчӣ -- ҳаммарз бо Хатлон дар остонаи гузаштан ба дасти Толибон


Мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки вазъи амниятӣ дар вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз ҳаммарз бо Тоҷикистон нигаронкунанда аст.

Вулусвол ё раиси ноҳияи Дашти Арчӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон мегӯяд, агар амалиёти низомӣ сурат нагирад, ин ноҳия шояд ба дасти Толибон афтад. Насриддин Саъдӣ, вулусволи Дашти Арчӣ мегӯяд, ки тақрибан ҳаштоду панҷ дарсади ин вулусволӣ таҳти назорати Толибон қарор дорад: "Вазъият нигаронкунанда аст. Мо чандин бор бо волӣ ва фармондеҳи амнияти вилоят дар тамос шудем ва вазъиятро барояшон гуфтем, ки агар амалиёт дар вулусволии Дашти Арчӣ сурат нагирад, шояд ин вулусволӣ суқут кунад."

Оқои Саъдӣ мегӯяд, ки шӯришиёни хориҷӣ низ дар Дашти Арчӣ вуҷуд доранд : "Аз Покистон меоянд, аз Узбакистон ҳам омадаанд. Тақрибан теъдоди 55 гурӯҳ доранд инҳо. Ва афродашон ба 600-650 нафар мерасанд ва дар ин вулусволӣ фаъолият мекунанд..". Ба гуфтаи вулусволи Дашти Арчӣ, ин шӯришиён аз дигар минтақаҳои Қундуз, аз ҷумла Имом Соҳиб ба Дашти Арчӣ рахна мекунанд.

Амониддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом Соҳиб вазъи амниятӣ дар минтақаи таҳти раҳбарии худро беҳтар медонад, аммо мегӯяд, ки вазъ нигаронкунанда аст: "Вазъият нигаронкунанда аст. Тамоми террористҳо, ки дар дар дунё аст, дар инҷо ҳуҷум кардааст. Чеченҳо, тоҷикистониҳо, толибҳои худи минтақа аз вулусволиҳои ҳамсоя инҷо ҳастанд. Инҳо ба як постгоҳи пулиси маҳаллии мо, ки бист нафара бошад, 300 нафар ҳуҷум меоваранд."

Вулусволи Имом Соҳиб дар мавриди манобеи молии шӯришиён ва чигуна ба даст овардани силоҳ аз сӯи онҳо мегӯяд, инҳо аз сӯи Покистон сармоягузорӣ мешаванд: "Дигар ин ки аз мардум ушр ва закот мегиранд. Вақте як деҳаро гирифтанд, мегӯянд, ки бояд панҷсад ҳазор афғонӣ нақд бидиҳед. Болои мардум зулм мекунанд ва мардум аз тарс маҷбуранд, ки ба онҳо пул диҳанд."

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Қундуз мегӯяд, ки нерӯҳои амниятии афғон ба зудӣ амалиётеро алайҳи Толибон дар вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва бархе аз минтақаҳои ноамни дигари Қундуз оғоз хоҳанд кард: "Дар ҳамин рӯзҳои наздик амалиёт оғоз мешавад ва шумо шоҳид пок шудани минтақа аз ин гурӯҳҳо хоҳед буд. Нерӯҳои амният тавони инро доранд, ки ин ҳамаҳоро хунсо кунанд ва душман ба ин андоза нест, ки нигаронкунанда бошад."

Вилояти Қундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст ва Бандари Шерхон, ки ду кишварро ба ҳам мепайвандад, дар ҳамин вилоят ҷойгир аст. Пули "Дӯстӣ", ки бо сармояи Амрико бунёд шудааст, дар ҳамин минтақа қарор дорад ва бору коло аз Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ба ғолибан ба Тоҷикистон аз тариқи ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG