Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Мулло Умар аз табодули 5 раҳбари Толибон бо сарбози амрикоӣ


Яке аз аксҳои камшумори Мулло Умар

Яке аз аксҳои камшумори Мулло Умар

Раҳбари Толибон раҳоии 5 намояндаи аршади ин гурӯҳ дар ивази як сарбози амрикоиро "пирӯзии бузург" унвон кард. Амрико умедвор аст, ки ин иқдом роҳро барои музокироти сулҳи Афғонистон ҳамвортар кунад.

Раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Муҳаммад Умар аз табодули панҷ мақоми аршади Толибон бар ивази як аскари Амрико истиқбол ва ин таҳаввулотро “пирӯзии бузург” унвон кард. Ин панҷ нафар, ки аз муҳимтарин нафарони гурӯҳи Толибон номбар мешаванд, аз маҳбусони зиндони Гуантанамо буданд.

Мулло Умар дар як изҳороти камназир, ки рӯзи 1-уми июн пахш гардид, тамоми мардуми Афғонистонро ба ин пирӯзи табрик гуфтааст. Мулло Умар соли 2001, дар ҳоле ки нирӯҳои таҳти сарварии Амрико Толибонро дар Афғонистон сарнагун карданд, аз кишвар фирор кард ва ба гуфтае, ҳоло дар Покистон пинҳон аст.

Афсари артиши Ийолоти Муттаҳида Бов Бергдал, ягона асири низомии Амрико дар дасти Толибон, рӯзи 31-уми май ба нирӯҳои Амрико дар Афғонистон таҳвил дода шуд ва баъдан барои табобат ба Олмон интиқол ёфт.

Ҷанӣ Бергдал

Ҷанӣ Бергдал

Модари ин сарбоз Ҷанӣ, ҳамроҳ бо ҳамсараш Боб рӯзи 1-уми июн дар нишасти матбуотӣ дар аёлати Айдаҳо гуфт, барои озодии писараш, дар тӯли панҷ соли гузашта, заҳматҳои зиёде кашидаанд. Ӯ хитоб ба писараш гуфт: “Мо дар ин панҷ сол барои озодии ту ҳароҳ бо ҳукумати мо ва ҳатто ҳукуматҳои дигар, махсусан Қатар бисёр талош кардем ва ҳеҷ гоҳ аз ту ноумед набудем ва умевлоиамонро барои ту аз даст надодем.”

Озодии аскари Амрико дар ҳоле имконпазир шуд, ки мақомоти Амрико 5 мақоми аршади Толибонро зиндони Гуантанамо дар Куба ба Қатар интиқол доданд.

Фармондеҳи Толибон гуфтааст, ки Бергдал аз замони боздошташ дар соли 2009, умдатан дар манотиқи қабиланишини байни Покистон ва Афғонистон нигаҳдорӣ мешуд.

Бов Бергдал дар асорат

Бов Бергдал дар асорат

Табодули аскар бо панҷ афроди муҳими Толибон мавҷи интиқоди ҳизби Ҷумҳурихоҳро ба бор овард, ки мегӯяд ин муомилот амрикоиҳоро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад, махсусан агар ин панҷ нафар дигарбора ба майдони ҷанг баргарданд. Аммо вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Чак Ҳагел аз ин муомилот ҳимоят кард ва гуфт, мақомоти Амрико бояд оҷилан вокуниш мекарданд, то аксар зинда бимонад: “Тамаркузи аслии мо, тавре ҳамаи шумо медонед, бозгардонидани сержант Бергдейл буд ва мо инро анҷом додем. Ин натиҷаи заҳмати мардуми зиёд буд. Аммо ман намедонам ки оё ин метавонад роҳоро барои дастёбӣ ба мавқеияти дигар бо Толибон боз кунад ё на? Умедворам, битавонад.”

Бинобар хабарҳои матбуотӣ панҷ мақоми Толибон, ки ба Қатар интиқол ёфтанд, инҳоянд:
  • Абдулҳақ Васиқ, ки ноиби вазири истихбороти Толибон буд;
  • Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, ки дар соли 2001, ҳамчун фармондеҳ ба муқовимати Толибон алайҳи нирӯҳои Амрико дар Мазори Шариф раҳбарӣ мекард.
  • Хайрулло Хайрхва - нафари наздик ба Мулло Умар ва раҳбари кушташудаи Ал-Қоида Усома Бен Лоден;
  • Муҳаммад Набӣ, ки раҳбари бахши Амнияти Толибон дар Қалоти Афғонистон буд;
  • Муҳаммад Фазл – нафаре ки ба гуфтаи созмони Ҳюман Райтс Вотч, эҳтимолан дар куштори дастаҷамъии ҳазораҳо ар солҳои 2000-2001 дар Афғонистон даст доштааст.

Тибқи муомилот ин панҷ нафар бояд ҳадди ақал як сол дар қаламрави Қатар бимонанд. Онҳо метавонанд бо хонаводаҳои худ ба сар баранд, вале таҳти тадобири амниятӣ, то ки ба амнияти Амрико хатаре расонда натавонанд.

Кемпи панҷуми зиндони Гуантанамо

Кемпи панҷуми зиндони Гуантанамо

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Афғонистон, ки аз муомилаи ахир байни Амрико ва Толибон хабар надошт, гуфтааст, раҳоии 5 намояндаи аршади Толибон дар ивази сарбози амрикоӣ “бидуни ягон шарт” сурат гирифтааст. Вазорати хориҷаи Афғонистон шоми 1 июн дар як баёния гуфт, “агар давлати Амрико шаҳрввандони афғонро ба Қатар ба манзури маҳдуд кардани озодии онҳо супурда бошад, пас ин сароҳатан мухолифи қонунҳои байналмилалист.”

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай чандин бор ба раҳоии маҳбусони афғон аз зиндони Гуантанамо даъват карда, инро як шарти имзои паймони амниятӣ байни Кобулу Вошингтон ном бурда буд. Ин паймон мебоист шароити будубоши ҳудуди 9800 сарбози Амрико дар Афғонистон баъд аз соли 2014-ро таъин мекард. Вале бо онки то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон ҳамагӣ 7 моҳи дигар мондааст, Кобул то ҳол аз имзои ин созишномаи амниятӣ сарпечӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG