Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти сарбози асир ошкор шуд


Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон навори видеоии Толибонро маҳкум карданд, ки сарбози боздоштшудаи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро, ки моҳе пеш рабуда шуда буд, намоиш медод. Сухангӯи ин нирӯҳо сарҳанг Ҷон Сток гуфт, ки истифодаи сарбози артиш бо ҳадафҳои таблиғотӣ қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад. Сарҳанг Грег Ҷулиан, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ гуфт, ки ҳоло низомиён ҳама талошашонро барои пайдо ва баргардонидани ин сарбоз ба харҷ додаанд:

"Мо ҳама кори аз дастамон меомадаро барои бозгардони сиҳҳату саломати ин сарбоз ба харҷ медиҳем. Мо истифодаи ин навори видеоӣ, ҳамчунин паст задани шаъни зиндониро ба ин таври ошкоро маҳкум карда ин амалро хилофи қонунҳои байналмилал арзёбӣ мекунем. Мо ин ҷо барои кӯмак ба ҳукумати Афғонистон қарор дорем то ки вазъи амниятӣ барио мардуми маҳаллӣ беҳбуд ёбад".

Пентагон гуфт, ки сарбози 23-сола Бов Бергдаҳл аст, ки рӯзи 30 июн дар минтақаи шарқии Пактико нопадид шудааст.
Навори мазкур 28 дақиқа тӯл кашида ба шакли мусоҳиба бо рабояндагонаш сабт шудааст. Ӯ дар ин навор назарҳои худро ба дини Ислом, ҷанг ва ахлоқи сарбозони амрикоӣ баён кардааст.
XS
SM
MD
LG