Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 120 сарбози афғон аз асорати Толибон


Генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшон.

Генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшон.

Мақомот дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ҳама нерӯҳои амниятӣ, ки дар Вардуҷ ба асорати Толибон афтода буданд, озод карда шуданд.

Генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшон шомгоҳи рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама нерӯҳои амниятии афғон, ки рӯзи шанбе пеш ба асорати гурӯҳи Толибон афтода буданд, озод шуданд. Генерал Бобоҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯҳо дар як муомила ба мухолифони мусаллаҳ таслим шуда буданд.

Аз ин қабл мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон гуфта буданд, ки аз шумораи умумии нерӯҳои асирафтода, 36 пулиси маҳаллӣ аз чанги Толибон ба озодӣ баромаданд. Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи сарпарасти вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як фармондеҳи пулиси маҳалӣ барои таслими шудани 107 тан аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон дар ноҳияи Вардуҷи ин вилоят, заминасозӣ кардааст.

Қабл аз ин гуфта шуда буд, ки 180 тан аз нерӯҳои амниятии афғон ба асорати Толибон афтодаанд. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашрия эъломия гуфтааст, ки 120 тан аз нерӯҳои амниятии афғон, ки рӯзи шанбе аз пойгоҳи Тиргарон ба асорати гирифта шуда буданд, бо миёнҷигарии сарони қавмӣ ва мӯйсафедони маҳал, раҳо гардиданд.

Пойгоҳи Тиргарон дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон пас аз чаҳор рӯзи муқовимати нерӯҳои афғон шоми рӯзи шанбе ба тасарруфи Толибон даромад. Толибон бо нашри як эъломия гуфтанд, ки 110 тан аз нерӯҳои амниятиро дар ин минтақа ба асорат гирифтанд. Қабл аз ин раиси шӯрои вилояти Бадахшон шумораи нерӯҳои асирафтодаро 180 нафар гуфта буд.

Бадахшон аз вилоятҳои ноамни Афғонистон буда, чанде қабл Толибон ноҳияи Ҷурми ин вилоятро низ барои чанд муддат дар ихтиёр доштанд. Дар ин вулусволӣ низ ҳудуди 20 тан аз сарбозони артиши миллии Афғонистон кушта шуданд, аммо баъдан нерӯҳои амниятии афғон бо роҳандозии амалиёти густурда, ин минтақаро аз дасти Толибон бозпас гирифтанд.

Раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон мегӯяд, ки ҳамакнун чаҳор ноҳияи ин вилоят, ба шумули Баҳорак, Ҷурм, Шуҳадо ва Вардуҷ бо таҳдиди баланди амниятӣ рӯбарӯянд ва агар зуд ба онҳо таваҷҷӯҳ нашавад, эҳтимол дорад, ки шуморе аз онҳо аз таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ хориҷ бишавад.

Дар ҳамин ҳол, генерал Абдулрашид Дустум -- муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур -- волии вилояти Балх ​ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ -- муовини раиси иҷроияи Афғонистон ​ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кардаанд. Ин фармондеҳону сиёсатмадорони зодаи шимоли Афғонистон мехоҳанд, ки минтақаро аз ситезаҷӯён пок кунанд.

Генерал Дустум охири ҳафтаи гузашта ба гурӯҳҳои мустақар дар вилоятҳои шимолӣ як ҳафта вақт дод, то ки таслим шаванд ва ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайванданд. Ин генерали узбактабор ҳамчунин гуфтааст, омода аст ба ҷабҳа равад ва амалиёт алайҳи ситезаҷӯёнро раҳбарӣ кунад.

Дар Тоҷикистон ҳам аз чунин вазъ дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки ба марзи кишвар наздиктар аст, нигаронанд. Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки 18 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, "моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд."

Вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Уфа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амнияти марзи муштарак миёни ду кишварро матраҳ намуда ва хостори ҳамкории муштарак дар ин замина шудааст. Ӯ гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон омодагӣ ва тавони мубориза бо ҷангиёнеро, ки гуфта мешавад дар вилоятҳои шимолии Афғонистон гирд омадаанд, доранд.

XS
SM
MD
LG