Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷунбиши Толибон то ҳол натавонистаанд бар сари шахси раҳбари нави ин ҷунбиши ҷангҷӯ ба тавофуқ бирасанд.

Яке аз фирқаҳои норозии ҷунбиши Толибони Афғонистон мегӯяд, ин гурӯҳи ифротӣ метавонад ба ду фирқаи алоҳида ҷудо шавад, чунки дар мавриди шахси раҳбари наваш ба тавофуқ расида наметавонад. Баҳси раҳбарии Толибон ду моҳ пеш, баъди он оғоз ёфт, ки мақомоти иктишофии Афғонистон гуфтанд, асосгузор ва раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ҳанӯз ду сол пеш аз олам рафтааст. Толибон ба дунбол ин хабарро тасдиқ карданд.

Дар як нишасти оҷилан даъватшуда муовини Мулло Умар – Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур – раҳбари нави Толибон интихоб шуд. Вале бисёре аз фармондеҳони бонуфузи ин ҷунбиши чирикӣ, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, аз ин ба хашм омаданд, ки Мулло Мансур марги Мулло Умарро пинҳон кардааст.

Мулло Абдулманнон Ниёзӣ, сухангӯи фирқаи мухолифони Мулло Мансур рӯзи 19 сентябр гуфт, музокирот байни Мулло Мансур ва фармондеҳони норозӣ натиҷа надод. Намояндагони Мулло Мансур ҳанӯз барои шарҳи вазъият дастрас нестанд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ихтилофот дар дохили ҷунбиши Толибон метавонад музокироти сулҳи байни ин гурӯҳ ва ҳукумати Афғонистонро латма зада, дар дурнамо ба ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” имкони густариши нуфузаш дар Афғонистон ва минтақаро фароҳам биорад.

Толибон як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 зуҳур кард ва дар соли 1996 бо тасарруфи Кобул аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар дод. Режими Толибон, ки то поёни соли 2001 бар Афғонистон, ба истисное қисматҳое дар шимоли ин кишвар, ҳукумат ронд, бо сиёсатҳои тундравонааш, аз ҷумла бо ҷорӣ кардани меъёрҳои шадиди Шариат, лағви ҳаққи занон ба кор, таъқиби дигарандешон ва ҳамчунин бо иқдомҳои ваҳшатангезе, чун таркондани ҳайкалҳои бостонии Буддо дар Бомиён, ном бароварда буд.

Кӯчаҳои Кобул

Кӯчаҳои Кобул

Дар поёни соли 2001, баъди онки Толибон аз супурдани раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден ва дигар афроди мазнун дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябр сарпечӣ кард, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико вориди Афғонистон шуд ва Толибонро аз Кобул ронд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовимати мусаллаҳонааш алайҳи нирӯҳои эътилоф ва Урдуи давлатии Афғонистон идома дод ва дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 дар саҳнаи Афғонистон хеле фаъолтар шудааст.

Аммо ҷудоӣ дар суфуфи раҳбарии ин ҷунбиши чирикӣ бар сари шахси раҳбари наваш чӣ паёмадҳое дошта метавонад? Ва оё ин боис намешавад, ки Толибонро аз саҳна гурӯҳҳои дигари тундрав, ба мисли “Давлати исломӣ” танг кунанд? Ин суолҳоро дар як мусоҳиба бо Ваҳиди Мужда, коршиноси масоили амниятиву сиёсии Афғонистон дар миён гузоштем. Ваҳиди Мужда, ки дар замони ҳукумати Толибон дар вазорати хориҷа кор мекард, мегӯяд, эҳтимоли чанддаста шудани ҷунбиши Толибонро баъид медонад:

Ваҳиди Мужда: Баъди инки бародар ва писари Мулло Умар бо Мансур байъат карданд, дигар мухолифатҳо бисёр заиф шудааст. Мухолифат асосан аз тарафи касонест, ки аз соли 2008 берун шудаанд ва дигар кадом нақши муҳиме дар байни Толибон надоранд. Яке аз ин касон Абдулманнон Ниёзӣ аст, ки дар замони Толибон волии Кобул ва як замон волии Ҳирот буд. Нафари дигар Мулло Асари Раҳмонӣ аст, ки дар аҳди Толибон волии Қандаҳор буд. Мулло Абдураззоқ ҳаст ҳаст, ки вазири дохилаи Толибон буд. Мулло Ҷалил – собиқ муовини вазири хориҷаи Толибон ва Мулло Расул яке аз фармондеҳони низомии режими Толибон ҳам аз мухолифони раҳбарии Мулло Мансуранд. Ва Мансур Додуллоҳ ҳаст, ки баъди кушта шудани бародараш мақоми фармондеҳиро ба даст овард, вале Мулло Умар баъд барканораш кард. Ин афрод аз муддатҳо қабл мухолифат доштанд.

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ омилҳое ҳаст, ки Толибонро аз ҷудоӣ битавонад нигоҳ бидорад?

Ваҳиди Мужда: Ҳарфҳое ки гуфта мешавад, таблиғот аст бештар, вале он таъсире ҳам кард. Вақте дар матбуоти Ғарб навиштанд, ки Толибон шояд ба чанд даста тақсим шаванд, Ин сарусадоҳо Толибонро ҳушёр кард. Онҳо фаҳмиданд, ки дунё мунтазири ба чанд даста тақсим шудани онҳост. Ин буд, ки тасмим гирифтанд, дигарбора ба ҳам наздик шаванд.

Абдулрашиди Дӯстум

Абдулрашиди Дӯстум

Масъалаи дувум, сафари генерал Абдулрашиди Дӯстум ба шимоли Афғонистон буд, ки ба нафъи Мулло Мансур анҷом шуд. Азбаски толибҳо ба ин генерал нафрати хоса доранд, касонеро, ки мухолифат доштанд, мавриди фишор қарор доданд.

Сеюмин масъала “Давлати исломӣ” буд, ки дар шарқи Афғонистон сари Толибон фишор оварда буд ва ин масъала ҳам сабаб шуд, ки Толибон ихтилофоти худро канор бигузоранд.

Омили чорум бозгашти нирӯҳои хориҷӣ ба ҷанги Афғонистон буд, ки дар Ҳилманд дубора англисҳо омаданд ва дар ҷоҳои дигар ҳам амалиётҳоеро анҷом медиҳанд. Ва азбаски бозгашти нирӯҳои хориҷӣ ба нафъи Толибон нест, ин ҳам сабаб шуд, ки афроди мухолиф дар дохили Толибон таҷрид шаванд.

Радиои Озодӣ: Вале агар чунин ҷудоӣ биуфтад, оё ин ба фоидаи рақибони Толибон, мисли ҳамон “Давлати исломӣ”, анҷом нахоҳад шуд?

Ваҳиди Мужда: Толибон ҳеҷ гоҳ бо “Давлати исломӣ” якҷо намешаванд. Ва “Давлати исломӣ” ҳам ҳеҷ гоҳ бо Толибон як нахоҳад шуд, чунки шарти пайвастан ба “Давлати исломӣ” салафӣ шудан аст ва онҳо ҳар касеро, ки салафӣ нашавад, мекушанд. Аз ин сабаб, ба ҷуз аз шарқи Афғонистон, ки мавқеияташон онҷо ҳам бисёр ларзон аст, “Давлати исломӣ” дар дигар гӯшаҳои Афғонистон натавонист нуфуз кунад. Мансур Додуллоро мегуфтанд зиёд, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастааст, вале ӯ эълон кард, ки робитае бо ин гурӯҳ надорад. Афроди дигаре, ки аз Толибон ҷудо мешаванд, мисли ҳамон Маннон Ниёзӣ, инҳоро ҳам “Давлати исломӣ” қабул намекунад, балки агар ба чанги онҳо биуфтанд, инҳоро ҳам мекушанд.

Радиои Озодӣ: Ва дар ин лобало дурнамои сулҳи Афғонистон чигуна аст?

Ваҳиди Мужда: Давлати Афғонистон аз замони Ҳомиди Карзай ва дар аҳди ин ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳамеша таъкидашон ба ин аст, ки сулҳро мо бояд аз тариқи Покистон ба Афғонистон биорем. Ҳама чиз дар дасти Покистон аст ва бино бар ин, бояд покистониҳо дар раванди сулҳ дахолат дошта бошанд. То эълони марги Мулло Умар музокираҳо асосан бо афроде сурат мегирифт, ки афроди наздик ба ISI – Хадамоти ҷосусии Покистон ва ҳоло аз мухолифони Мулло Мансуранд. Мисли Мулло Ҷалил, Мулло Абдулраззоқ, Мулло Асари Раҳмонӣ... Ин музокироти сулҳ набуд, чунки ин афрод намояндаи Толибон набуданд. Музокирот бояд бо Толибони воқеъӣ бошад, онҳое ки даргири ҷанганд, на бо касоне, ки Покистон онҳоро аз кӯчаҳои Пешовару Квейта ҷамъ мекунаду меорад ба музокира.

XS
SM
MD
LG