Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон боз як минтақаро дар марз бо Тоҷикистон тасарруф карданд


Марзи Дарқаду Хоҷағор бо Фархори Тоҷикистон

Марзи Дарқаду Хоҷағор бо Фархори Тоҷикистон

Ҷангиёни Толибон як вулусволии дигар дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд.

Мақомоти Афғонистон дар пайи набардҳои шадид бо нирӯҳои амниятӣ аз сӯи ҷангиёни Толибон тасарруф шудани боз як вулусволии воқеъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро тасдиқ карданд.

Сухангӯи волии вилояти Тахор Суннатуллоҳ Темур, ки рӯзи 28 октябр аз вулусволии ҷангзадаи Хоҷағор бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҷангиён субҳи имрӯз вулусволии Дарқадро тасарруф кардаанд ва ҷангҳои шадид ҳамчунин дар вулусволии Хоҷағор идома доранд.

Дарқад, ки аз сӯи Толибон тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Суннатуллоҳ Темур мегӯяд, тӯлонитарин марз бо Тоҷикистонро маҳз ҳамин вулусволии Дарқад дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи волии Тахор, дар даргириҳо бо Толибон 5 тан аз нирӯҳои давлатӣ кушта ва сеи дигар захмӣ шудаанд. Ӯ мегӯяд, азбаски нирӯҳои давлатӣ ҷангиёни Толибонро аз вулусволии низ бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчиии вилояти Қундуз танг карданд, онҳо ба самти вилояти Тахор фирор карда, ҷабҳаи ҷангашонро ба вулусволиҳои Дарқаду Хоҷағор кӯчондаанд.

Ҷунбиши Толибон бо нашри як баёния кушта шудани ду ҷангиашро эътироф ва эълон кардааст, ки ҷангиёнаш идораҳои ҳукумат ва пулиси вулусволии Дарқадро ба даст овардаанд. Сунаттуллоҳ Темур аммо гуфт, талошҳо барои касби дубораи назорат бар ин вулусволӣ аз сӯи нирӯҳои амниятӣ идома доранд.

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Сухангӯи волии Тахор низ инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд: "Шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни тоҷику узбак нишон медиҳанд. Ду тан аз ҷангиёни кушташуда аз тарафи Толибон низ аз ин ҷангиёни хориҷианд.

Дар ҳамин ҳол, Раъно Мирзоева, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 28 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,тасарруфи вулусволии ҳамсояи Дарқад ҳанӯз ба вазъи зиндагии сокинони Фархор таъсире нагузоштааст ва то ҳол сарҳадбонони тоҷик аз кадом нооромие дар марз хабар надодаанд.

Раъно Мирзоева гуфт, қаблан дар пайи ҳамлаи Толибон ба Қундуз дар хатти марзи минтақаи Фархор бо Дарқад ду дидбонгоҳи иловагӣ ифтитоҳ карда шуд. Ӯ афзуд, онҳо имсол барои парвариши ниҳоли камол дар доманакӯҳҳои Фархор афғонҳоро ҷалб накарданд ва танҳо ду ваё се нафар фаъолият доранду тамом.

Вай гуфт, ба фарқ аз навоҳии дигари марзӣ паҳнои дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархор бо вулусволии Дарқад беҳад васеъ аст ва убур аз он осон нест. Раъно Мирзоева афзуд, фаъолияти сарраёсати сарҳадбонӣ дар хатти марз ҷиддист ва ҳар субҳ намояндаи онҳо дар ҷаласаи ноҳия оид ба вазъи амниятӣ дар деҳоти марзӣ гузориш медиҳад.

Тасарруфи вулусволии Дарқад дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳолест ки дар поёни моҳи сентябр ҷангиёни Толибон барои чанд рӯз шаҳри Қундуз, маркази маъмурии вилояти низ бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо баъди чанд рӯзи амалиёти густурда ва ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, то ҷангиёни Толибонро аз ин шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳим берун андозанд.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005 ба ин сӯ худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи изҳори нигаронӣ кард, ки даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG