Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот дар Урузгони Афғонистон мегӯянд, ки пас аз расидани нерӯҳои иловагӣ ва ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ, Толибон аз маркази ин вилоят шаҳри Таринкут берун ронда шуданд. Ин шаҳр рӯзи гузашта шоҳиди ҷанги шадид миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон буд.

Дӯстмуҳаммад Ноёб, сухангӯи раиси вилояти Урузгон дар суҳбат бо бахшии афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон ҳатто аз атрофи ин шаҳр берун карда шуданд. Вай афзуд, ки "ки вазъияти шаҳри Таринкут комилан оддӣ аст ва нерӯҳои амниятии мо дар садади ин ҳастанд, ки он идда афроди Толибонро, ки дар дар чаҳор тарафи шаҳри Таринкут ҷойбаҷо ҳастанд, таъқиб кунанд ва минтақаро комилан аз вуҷуди онҳо пок намоянд."

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Борикзай, намояндаи вилояти Урузгон дар парлумони Афғонистон мегӯяд, ки генерал Абдурраззоқ, фармондеҳи амнияти вилояти Қандаҳор баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе барои муқобила бо Толибон, ба шаҳри Таринкут расид. Ба гуфтаи оқои Борикзай, ӯ бо генерал Абдураззоқ ва шуморе аз масъулони амниятӣ дар минтақаҳои мухталифи шаҳри Тринкут гаштугузор карданд ва вазъият ба ҳолати оддӣ баргаштааст.

Толибон рӯзи гузашта постгоҳҳои атрофи шаҳри Таринкут - маркази вилояти Урузгонро гирифтанд ва ба тарафи шаҳр пешравӣ карданд. Дӯстмуҳаммад Ноёб, сухангӯи волии Урузгон мегӯяд, ки вазъияти ҷанг рӯзи гузашта замоне тағйир кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои НАТО ба бамборони Толибон оғоз карданд.

Вай афзуд, ки "ҳоло вазъият дар чаҳор атрофи шаҳри Тринкут комилан ба ҳолати оддӣ баргаштааст. Толибон, ки мехостанд вориди шаҳр шаванд, пас аз ҳамлаҳои ҳавоӣ комилан шикаст хӯрданд ва феълан роҳи фирорро ихтиёр кардаанд ва дар минтақаҳои дур ҳам дида намешаванд."

Сухангӯи волии Урузгон таъйид кард, ки дар ҷанги Таринкут се пулис кушта шудаанд. Генерал Муҳаммадвайс Самим, фармондеҳи амнияти вилояти Урузгон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даҳҳо тан аз афроди Толибон дар ин даргириҳо кушта шуданд. Вай афзуд, ки "душман 79 нафар талафот дорад. Дар миёнашон ҳафт ё ҳашт тан аз фармондеҳон мисли Тур Холид вуҷуд дорад, ки аз Ҳилманд омада буд. Инҷо кушта шуданд ва ҷасадҳояшон дар даст мост."

Нерӯҳои иловагӣ аз Қандаҳор рӯзи гузашта бо раҳбарии генерал Абдураззоқ, фармондеҳи амнияти он вилоят ва садҳо тан аз нерӯҳои вижа ба Таринкут расиданд ва ин шаҳрро аз суқут ба дасти Толибон, наҷот доданд. Қабл аз ин Толибон бо нашри як эъломия иддао карда буданд, ки дохили шаҳри Тринкут шудаанд ва ҳафт постгоҳи нерӯҳои амниятиро тасарруф кардаанд.

Толибон ҳамчунин гуфта буданд, ки мақомҳои вилояти Урузгон ба фурудгоҳ гурехтаанд ва шуморе аз зиндониёнро бо худ бурдаанд. Аммо генерал Муҳаммадвайс Самим. фармондеҳи амнияти вилояти Урузгон ин изҳороти Толибонро бепоя хонд ва гуфт, ки дирӯз бо раиси шӯрои вилояти Урузгон дар хатти пеши ҷабҳаи Таринкут ҳузур дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG