Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 кушта дар ҷараёни ҳамла ба Арки раёсати Афғонистон


Нирӯҳои амниятии Афғонистон мегӯянд, рӯзи 25 июн ҳамла ба Арки раёсати ин ҷумҳуриро пас гардондаанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷараёни набардҳо ҳамаи 4 ҳамлагар ва 3 тан аз нирӯҳои вижаи масъули ҳимояти Арки раёсати Афғонистон кушта шудаанд. Муовини раиси пулиси Кобул Довуд Амин ба Озодӣ гуфт, даргириҳо дар назди Арки раёсатҷумҳурӣ тақрибан 90 дақиқа тӯл кашид.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00
Линки мустақим

Ин ҳамла қабл аз шурӯъи нишасти хабарии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай сурат гирифтааст. Як мақоми Арки раёсатҷумҳурӣ гуфт, Карзай замони тирпарронӣ дар дохили Арк буд, вале кадом хатаре вуҷуд надошт.

Маҳалли ҳамла наздикии вазорати дифоъи Афғонистон ва ҳам меҳмонсарои собиқи "Ориёно"-ст, ки ҳамчун қароргоҳи CIA (Созмони марказии истихборотии Амрико) дар Афғонистон ҳам маъруф аст.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз номи ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта, тасдиқ кард, ки ҳадафи онҳо Арки раёсат, вазорати дифоъ ва дафтари CIA буд. Ба гуфтаи ин сухангӯи Толибон, ҳамлаи ҷангиёни ин гурӯҳ "талафоти сангин" ба ҷо гузошт. Вале ин гурӯҳи чирикӣ дар гузашта ҳам шумори кушташудаҳо дар ҷараёни ҳамлаҳояшро бузург нишон медод, аммо баъдан маълум мешуд, ки муболиға кардааст.

Хушунатҳои рӯзи 25 июн як ҳафта баъд аз ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар, рух дод. Ҳадаф аз таъсиси ин дафтар таҳияи шароити музокироти сулҳи Афғонистон гуфта мешавад. Карзай аз ирсоли намояндааш ба Қатар даст кашид, аз ҷумла ба ин далел ки дар бинои дафтари сиёсии Толибон парчами қаблии Афғонистон афрохта ва исми ин кишвар дар аҳди Толибон, яъне Аморати исломии Афғонистон, истифода шудааст.

Таҳлилгари афғон Аҳмад Саидӣ мегӯяд, Толибон бо афзоиши ҳамлаҳои худ зоҳиран мехоҳанд, то дар пешорӯи ин музокирот нирӯи худро ба намоиш гузоранд.


Аҳмад Саидӣ дар бораи сабабҳои афзоиши ҳамалоти Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Бино ба гузоришҳо, дар соати 6:30 дақиқаи субҳи рӯзи сешанбе, ба Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла шудааст. Раиси пулиси Кобул ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамаи ҳамлаварон кушта шудаанд. Ӯ мегӯяд, ҳамлаварон пеш аз он ки мошине, ки бо худ доштандро битарконанд, аз он берун паридаанд.

Радиои Озодӣ мегӯяд, ин ҳамла аз вурудгоҳи шарқии Арк сурат гирифта ва то кунун садои беш аз даҳ таркиш дар маҳал шунида шуда ва даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳамлаварон идома дорад.

Тибқи иттилоъи хабарнигори Озодӣ, ҳамлаварон бо муҳофизони Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон ва ҳамчунин нерӯҳои амрикоии вобаста ба Созмони истихбороти Амрико (CIA), ки дар он наздикҳо ҷойгир ҳастанд, даргир шудаанд.

Хабаргузории Ройтерз низ суханони монандро ба нақл аз сухангӯи Толибон мунташир кардааст. Як мақоми давлатии Афғонистон ба ин хабаргузории гуфтааст, ки ҳамлаварон бо оташ кушодан, худашонро ба биноҳои атрофии маҳал расониданд. Ройтерз мегӯяд, гуруҳе аз кӯдакон, ки дар ҳоли рафтан ба мактаб буданд низ дар маҳали ҳамла банд монданд.

Қарор буд, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар соати нӯҳ ба вақти Кобул дар Арки раёсати ҷумҳурӣ бо хабарнигорон дидор кунад.

Ҳамлаи Толибон ба Кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00
XS
SM
MD
LG