Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба дафтари Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон


Гурӯҳи Толибон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе дафтари Комиссияи мустақили интихоботи ин кишвар дар шаҳри Кобулро мавриди ҳамла қарор доданд.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз қавли фармондеҳи пулиси Кобул мегӯяд, ки чаҳор ҳамлакунандаи интиҳорӣ вориди як бинои наздик ба дафтари Комиссияи мустақили интихобот шуда ва тарафи ин бино ва нигаҳбонони он тирандозӣ кардаанд.

Дафтари Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар наздикии намояндагии Созмони Милали Муттаҳид ва қароргоҳҳои дигари ниҳодҳои байналмилалӣ ҷой гирифтааст. Аммо ба назар мерасад, ки ҳадафи ҳамлакунандагон танҳо ин ниҳоди баргузоркунандаи интихоботи Афғонистон будааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Ройтерз" аз қавли Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили Афғонистон гузориш додааст, ки ҳамла то баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе мутаваққиф нашуда ва ҳанӯз идома дорад. Оқои Нур таъкид кардааст, ки ҳеҷ касе аз коркунони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон осебе аз ин ҳамла надида ва нерӯҳои амниятӣ дар саҳна ҳозир ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, коркунони ин ниҳод садои як таркишро шуниданд ва пас аз он тирандозӣ ба сӯи бино Комиссияи мустақили интихобот оғоз шудааст. Бахши радиои Озодии Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон бо ҳамлаварон даргир шудаанд.

Ин дувумин ҳамлаи мусаллаҳонаи 24 соати ахир дар Кобул ба шумор меравад, ки масъулияти ҳар дуи онҳоро низ гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифтаанд.
Толибон рӯзи ҷумъа низ як меҳмонхонаро дар Кобул мавриди ҳамла қарор доданд, ки шуморе аз кормандони як ниҳоди имдодрасонии амрикоӣ дар он иқомат доштанд. Ин ҳамлаҳо ба марги ду шаҳрванди Афғонистон анҷомида аст. Дар айни ҳол мақомоти Афғонистон низ эълом кардаанд, ки ҳамлаварон кушта шуданд.

Афғонистон рӯзи 5-уми апрел шоҳиди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур хоҳад буд, то ҷонишини Ҳомиди Карзайро интихоб намояд. Ин дар ҳолест, ки ҳамла ва хушунатҳои Толибон дар ин авохир афзоиш ёфта ва тақрибан ҳар рӯз як мавриди таркиш ва ё тирандозӣ рух додааст. Намунаи ин хушунатҳо низ ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба Ҷашни Наврӯз дар меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул аст, ки бар марги 9 нафар, аз ҷумла Сардор Аҳмад, гузоришгари хабаргузории Фаронса ва аъзои хонаводаи ӯ анҷомид.
XS
SM
MD
LG