Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар Покистон


Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, як ҳавопаймои марбути ширкати PIA баъд аз зӯҳри имрӯз дар роҳ аз минтақаи Читрол ба сӯи Исломобод дар минтақаи Абботобод суқут кардааст. Бар пояи маълумоти ибтидоӣ, дар матни ин ҳавопаймо 47 нафар мусофирон ва ҳайати парвоз ҳузур доштаанд. Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷои суқути ҳавопаймо расидаанд. То ба ҳол маълум нест, ки оё ҳеҷ яке аз сарнишинони ин ҳавопаймои мусофирбар ҷони солим ба дар бурдаанд ё на. Гуфта мешавад, ки дар миёни қурбониёни ин ҳодиса Ҷунайд Ҷамшед -- овозхони маъруфи покистонӣ, низ мебошад.

XS
SM
MD
LG