Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон раҳбари нав таъйин карданд


Раҳбари Толибон Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин амрикоӣ дар Покистон кушта шудааст.
Раҳбари Толибон Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин амрикоӣ дар Покистон кушта шудааст.

Гурӯҳи Толибон кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари худро таъийд намуд ва хабар дод, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода раҳбари нави ин гурӯҳ таъйин шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон дар як иттилоия, ки рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми май ба расонаҳо фиристодааст, кушта шудани раҳбари ин гурӯҳ Мулло Ахтармуҳаммади Мансурро таъйид намуда ва хабар додааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода аз тарафи Шӯрои ин гурӯҳ, раҳбари нави Толибон баргузида шудааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон меномад, гуфтааст, ки Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб -- писари раҳбари пешини Толибон Мулло Муҳаммад Умар, мувинони раҳбари гурӯҳи Толибон таъйин шудаанд.

Ин гурӯҳ дар иттилоияи худ гуфтааст, ки Мулло Ахтармуҳаммад Мансур рӯзи 21-уми май дар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин амрикоӣ дар минтақаии марзии байни Қандаҳори Афғонистон ва Балуҷистони Покистон бо номи Нушкӣ, кушта шудааст. Ин минтақа дар дохили хоки Покистон ҷойгир мебошад.

Аз ин қабл Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хабари кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибони Афғонистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳҳои бидуни сарниши амрикоиро тасдиқ карда буд. Барак Обама рӯзи 23-юми май гуфт, ки "мо раҳбари як гурӯҳро, ки ба тарҳрезии ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва эътилоф идома додааст, ҷангро дар баробари мардуми Афғонистон ба роҳ андохтааст ва дар сафи гурӯҳҳои тундрав, монанди Ал-Қоида қарор гирифтааст, аз байн бурдем."

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Мулло Ахтармуҳаммад Мансур бо дастури Барак Обама ва тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишини Нерӯҳои махуси амалиётии Амрико дар ҷануб-ғарби шаҳри Аҳмад Вал анҷом шудааст.

Рӯзи 22-юми май раёсати амнияти миллии Афғонистон хабари кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибонро таъйид карда буд. Ин ниҳод гуфт, Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибон рӯзи 21-уми май дар ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон кушта шудааст. Ин идора бо нашри як эъломия гуфт, ки раҳбари Толибон соатҳои 4:45-и баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ дар яке роҳҳо дар минтақаи Даҳл Бандини вилояти Балуҷистони Покистон кушта шудааст.

Интихоби Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба унвони раҳбари Толибон дар ҳолест, ки қаблан хабаргузории "Ройтерз" аз қавли манобеи худ дар Афғонистон навишта буд, ки эҳтимол меравад, ки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари ин гурӯҳ таъйин шавад. Сироҷиддин Ҳаққонӣ раҳбари яке аз шохаҳои гурӯҳи Толибон мебошад ва ҳоло муовини раҳбари нави ин гурӯҳ таъйин шудааст.

Мақомоти афғонро ӯро дар таркиши мудҳиш як меҳмонхона дар Кобул дар соли 2008 ва ҳамин тавр дар чандин амалиётҳои хунин алайҳи нерӯҳои афғон ва эътилоф, гунаҳкор медонанд. Мақомоти амрикоӣ барои пайдо кардани ӯ 5 миллион доллар подош ваъда кардаанд.

Мулло Ахтар Мансур дар моҳи июли соли гузашта, билофосила пас аз эълони марги Мулло Умар, раҳбари пешини Толибон раҳбари ин гурӯҳ интихоб шуд. Мулло Умар дар соли 2013 дар шаҳри Карочии Покистон фавт кардааст. Аммо бархе аз чеҳраҳои саршиноси гурӯҳи Толибон аз эътирофи Мулло Мансур ба унвони раҳбари Толибон сарпечӣ карда буданд.

Толибон як ҳаракати шӯришист, ки дар Афғонистон зидди нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам нирӯҳои байналмилалӣ меҷангад. Толибон солҳои 1996 то 2001 дар Афғонистон ҳукумат карданд ва баъдан сарнагун шуданд.

XS
SM
MD
LG